Главная / Илм / ГИПЕРЕМИЯ

ГИПЕРЕМИЯ

giperemiya-kozhiГИПЕРЕМИЯ (Hyperaemia; аз гипер… ва юн. haima – хун), афзоиши бо хун таъмин шудани ягон қисми рагҳои канорӣ. Г.-и артериявӣ ба таври рефлексӣ зери таъсири омилҳои физикӣ (гармӣ, молиш додан), биологӣ (маҳсули мубодила) ва химиявӣ (скипидар, равғани хардал) ба вуҷуд меояд; он ҳамчунин яке аз аломатҳои илтиҳоб мебошад. Дар шароити физиологӣ Г. ҳангоми фаъолияти пурзӯри узв ба вуҷуд меояд (Г.-и корӣ). Дар аснои маризӣ Г. метавонад баъди ишемияи бофтаҳо, ҳангоми варами Квинке ва ғ. падид ояд.
Г.-и венавӣ бинобар ба варид (вена) фишор овардани омос, ҳангоми нуқси дил ва бемориҳои дигар мушоҳида мешавад. Дар мавриди нуқси дил Г.-и венавӣ бештар дар қитъаҳои аз дил дуртар ба вуҷуд меояд (ниг. Сианоз).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …