Главная / Илм / ГИПЕРКИНЕЗҲО

ГИПЕРКИНЕЗҲО

giperkinezГИПЕРКИНЕЗҲО (аз гипер… ва юн. kinesis – ҳаракат), ҳаракатҳои маҷбурии аз ҷиҳати физиологӣ бемаъно ва берабт. Пайдоишу инкишоф ва аломатҳои Г. гуногун мебошанд, бинобар ин ба як гурӯҳи ихтилоли ҳаракат муттаҳид сохтани онҳо шартӣ аст.
Г. дар аснои бемориҳои илтиҳобии мағзи сар (мас., лейкоэнсефалит, энсефалит) ва рагҳои он (мас., сактаи майна), паркинсонизм, осеби ҷумҷумаю майна, фалаҷи кӯдакон, омоси мағзи сар, заҳролудӣ, бемориҳои ирсии асаб ва ғ. инкишоф меёбанд. Г. бисёр вақт бо тағйироти тонуси мушакҳо ҳамроҳ ба вуҷуд омада, аз асабонӣ шудани одам пурқувват мегарданд; дар ҳолати оромӣ ва хоб нишонаҳои Г. рафъ мешаванд. Г.-ро бо неруи ирода фурӯ нишондан мумкин нест.
Зуҳуроти клиникии Г. гуногун мебошад. Шакли нисбатан содаи Г. ташаннуҷ (судорога) аст. Ҳангоми он баъзе мушакҳои ҷудогона ё гурӯҳи мушакҳо кашиш хӯрда, боиси сар задани ҳаракатҳои ғайриихтиёрӣ мешаванд. Г.-и миоклониявӣ бо аломатҳои ногаҳон паридани мушакҳо падид меоянд. Яке аз шаклҳои он паридани мушаки коми нарм аст. Кашиши мушакҳои босира бошад, боиси маҷбуран боло рафтани чашм мешавад. Бинобар ихтилоҷи мушакҳои диафрагма ҳикак ба вуҷуд меояд.
Шакли мураккаби Г. атетоз аст. Ҳангоми он дар дастҳо ҳаракатҳои «кирммонанд» ба мушоҳида мерасанд. Дар мавриди Г.-и хореявӣ бошад, баръакс, қисмҳои гуногуни бадан тез ва бетартиб мепаранд (баъзе ҳаракатҳо имову ишораро мемонанд). Яке аз шаклҳои Г. ихтилоҷи тобдиҳанда аст, ки дар мушакҳои дасту по ва бадан ба вуҷуд меояд. Ҳаракатҳои иҷборӣ дар вақти дароз кашидани мариз нест шуда, ҳангоми нишастан ва рост истодан, пайдо мешаванд. Ҳангоми роҳ рафтан, бемор ҳаракатҳои «тобхӯранда» мекунад. Ба Г. ларзидани узвҳоро низ мансуб медонанд.
Муолиҷаи Г. душвор ва дуру дароз аст. Дар сурати нафъ наовардани дорушифоӣ ба ҷарроҳии асаб рӯ меоранд.

Р.А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …