Главная / Илм / ГИПЕРВИТАМИНОЗ

ГИПЕРВИТАМИНОЗ

gipervitaminozГИПЕРВИТАМИНОЗ (Hypervitaminosis; аз гипер ва витаминҳо), беморие, ки дар натиҷаи бисёр истеъмол кардани витаминҳо ба вуҷуд меояд. Витаминҳо омили зарур ва беивази тағзия мебошанд. Дар сурати камвитаминӣ неруи муҳофизии организм суст гашта, мубодилаи моддаҳо вайрон мешавад, бемориҳои гуногун сар мезананд (ниг. Витаминкоҳӣ). Нарасидани витаминҳо хусусан ба сабзишу инкишофи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Истеъмоли витаминҳо бояд меъёр дошта бошад. Ақидаи «чӣ қадар зиёд бошад, ҳамон қадар хуб» барои витаминҳо норавост. Истеъмоли аз ҳад зиёди витаминҳо боиси Г. мегардад.
Г. шадид ва музмин мешавад. Г.-и шадид бинобар якбора истеъмол намудани вояи зиёди витамин, Г.-и музмин дар натиҷаи истеъмоли дуру дарози миқдори аз эҳтиёҷоти физиологии организм зиёди витамин ба вуҷуд меояд. Ба Г., одатан, кӯдакони хурдсол (агар падару модар бе тавсияи духтур ба фарзанд чӣ қадаре хоҳанд витамин диҳанд) гирифтор мешаванд. Г. дар одамони калонсол бинобар истеъмоли зиёди хӯрокҳое, ки ягон витамини бисёр доранд, ба вуҷуд меояд. Г. дар натиҷаи ҳассосияти баланди организм нисбати витаминҳо низ пайдо мешавад. Ду шакли гипервитаминоз – D ва А мавҷуд аст.
Гипервитаминози D шадид ва музмин мешавад. Ҳангоми он рафтори кӯдак якбора тағйир меёбад: дар аввал ӯ беқарор, инҷиқ аст, минбаъд камҳаракату беҳол мешавад. Бемор рангпарида ва беиштиҳо шуда, варами ҷигар қабзият ё дарунравӣ ба вуҷуд меояд. Кӯдак бисёр ташна мемонад, зуд-зуд пешоб ва қай мекунад, лоғар ва сабзишаш суст мешавад. Нафаскашӣ вазнин ва душвор, набз суст аст. Дар аснои Г.-и музмини D тағйироти ногувор баъди як моҳи истеъмоли витамин сар мезанад. Фишори хуни баъзе кӯдакон баланд мешавад.
Ҳангоми Г.-и D дар калонсолон хастаҳолӣ, беиштиҳоӣ, дилбеҳузурӣ, қай, шикамдард, қабзият, сардард, гипертензияи шараёнӣ, дарди банду мушакҳо, карахт шудану ларзидани дастон, нишонаҳои беобии организм ва ғ. рух менамоянд. Муддати мадид истеъмол кардани доруҳои витамини D боиси дар узву бофта ва девораи рагҳо ғун шудани калтсий мегардад. Хавфи ҷиддии он иллати гурда аст, ки имкон дорад ба уремия табдил ёбад.
Гипервитаминози А низ метавонад ба таври музмин ва шадид ҷараён гирад. Дар мавриди Г.-и шадид кӯдак беқарор, тундмизоҷ, беҳол, хоболуд, камҳаракат аст; ҳарор. бадан то 390С баланд мешавад. ӯ мумкин аст қай кунад, нафаскашиаш душвор гардад; дар пӯст доғҳои сурх падид оянд. Г.-и музмини А тадриҷан инкишоф ёфта, баъди 1 – 12 моҳи истеъмоли витамин зоҳир мешавад. Кӯдак асабонӣ ва камхоб шуда, иштиҳо мебандад, пӯст хушкида мерезад. Пардаи луобии милки дандон ва лаб кафида, хуншор мегардад. Одами калонсол асабонӣ, ноором, камиштиҳо мешавад; қобилияти корӣ суст, хоб вайрон мегардад, банду беғумҳо дард мекунанд, аз бинӣ хун рафта, ҳолати дубинӣ рух медиҳад. Истеъмоли аз ҳад зиёди сабзӣ, ки дар таркибаш каротин бисёр аст (аз он витамини А ҳосил мешавад), боиси Г.-и нашавад ҳам, пӯстро зард менамояд (ксантоз).
Г.-ро духтур табобат мекунад. Бо пайдоиши аломатҳои Г. истеъмоли витамини А ва ғизоҳои аз ин витамин фаровонро ҳатман қатъ кардан лозим аст.
Бо мақсади пешгирии Г. ҳангоми қабули витаминҳо бояд ҳама тавсияҳои духтурро қатъӣ риоя кард; барои истеъмоли вояи муайяни витамини моеъ фақат аз доручаконаки махсус (барои чашм) бояд истифода кард. Ҳар гуна маҳсулоти сервитаминро бе маслиҳати духтур ба кӯдак додан ҷоиз нест. Витаминҳоро дар ҷои ба кӯдакон дастнорас нигоҳ медоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …