Главная / Илм / ГИПЕРГИДРОЗ

ГИПЕРГИДРОЗ

gipergidrozГИПЕРГИДРОЗ (Hyperhidrosis; аз гипер… ва юн. hydro – об), серарақӣ, яке аз тарзҳои ихтилоли ихроҷи арақ. Дар мавриди Г. арақ бисёр ва бенизом ихроҷ мегардад. Сабабҳои Г. ниҳоят гуногун мебошанд, мас., стресс, калон будани ҷусса, парҳез, ихтилоли фаъолияти гормонҳо, осеби ҷумҷума, бемории ғадудҳои усораи дохилӣ, асабҳо ва ғ.; Г. ирсӣ низ мешавад. Бисёр арақ кардан ҳамеша аломати Г. нест (мас., ҳангоми кори ҷисмонӣ, гармӣ, пӯшидани либоси ғафс ва ғ.).
Г. боиси ноҷуриҳо дар ҳаёти шахс мегардад, либос тар ва бадбӯй мешавад. Барои раҳоӣ ёфтан аз Г. сабабҳои онро табобат кардан лозим аст. Истифодаи дезодорант Г.-ро бартараф насозад ҳам, бӯи нохуши арақро нест мекунад. Антиперспирантҳо сӯрохи ғадудҳои арақро танг ва ихроҷи онро кам менамоянд. Қабл аз муолиҷаи Г. сабаби онро муқаррар кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …