Главная / Илм (страница 179)

Илм

АЛДОСТЕРОМА

aldosteroma

АЛДОСТЕРОН (Aldosterone), электрокортин, алдокортин, гормони қишри ғадуди болои гурда; мансуби кортикостероидҳост. А. дар организм мубодилаи минералҳоро танзим карда, минералокортикоиди асосӣ маҳсуб мешавад. А. соли 1952 дар шакли кристаллӣ ҷудо карда шудааст. Онро с. 1959 В. Ветштетер синтез намуд. А. барои дар организм боздошта шудани ионҳои натрий (Na+) ва тавассути пешоб, …

Муфассал »

АЛИ ИБНИ АББОСИ АҲВОЗИ

images

АЛИ ИБНИ АББОСИ АҲВОЗИ (с. тав. номаълум – с. ваф. 994), табиб, дар аҳди Сомониён ба сар бурдааст. Бино ба баъзе маълумот корро аз дасти Абӯбакри Розӣ қабул карда, ба Абӯалӣ ибни Сино супоридааст. А. табиби дарбори ҳокимони сомонӣ буд. Дар робита ба тиб чандин таълифот дорад: «Дастури тиб», «Ал-Маликӣ», …

Муфассал »

АЛКАЛОЗ

alkaloz

АЛКАЛОЗ (аз лот. alcali – ишқор), ихтилоли мувозанати кислотаю ишқорҳо дар организм, ки ҳангоми он миқдори асосҳо меафзояд. А. ҷубронӣ ва ғайриҷубронӣ мешавад. Ҳангоми А.-и ҷубронӣ pH-и хун мӯътадил (7,35 – 7,45) аст; дар аснои А.-и ғайриҷубронӣ pH аз 7,45 зиёд аст, ки сабаби ин бартарӣ ҳосил кардани асосҳо ва …

Муфассал »

АЛКАЛОИДҲО

alkoloidho

АЛКАЛОИДҲО (аз лот. alkali – ишқор ва юн. oidos – монанд), навъе аз пайвастҳои органикии нитрогендори наботӣ, ки хосияти асосҳоро дошта, таъсири физиологӣ мерасонанд. Дар растанӣ кашф шудани А. аҳамияти калон дошт, зеро то авв. а. 19 гумон мерафт, ки моддаҳои наботӣ нитроген надоранд. Соли 1803 А.-и афюн дар на- …

Муфассал »

АЛ-КОФИ ФИ СИНОАТИ-Т- ТИБ

asar

«АЛ-КОФИ ФИ СИНОАТИ-Т- ТИБ», асари табиб ва муначчими дарбори фотимиҳо Муваффақуддин Абӯнаср Аднон ибни Наср ибни Мансур ибни ал- Айнузарбӣ (ваф. 1153). Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Муаллиф с. 1117 дар Миср ба навиштани он шурӯъ карда, онро с. 1153 ба анчом расондааст. Китоб аз муқаддима ва се мақола иборат …

Муфассал »

АЛ-ҚОНУН

al-konun

«АЛ-ҚОНУН», «Ал-Қонун фи-т-тибб», «Қонуни тиб», шоҳасари тиббии Абуалӣ ибни Сино. Ба забони арабӣ таълиф шу- дааст. «А.-Қ.» кулли масъалаҳои тибро бо асосу далелҳо ҳарчониба инъикос ме- намояд. Низомии Арӯзии Самарқандӣ (а. 12) гуфтааст: «Ҳар касе ки чилди аввали «Ал-Қонун»-ро аз бар кардааст, барои ӯ аз қавоиди умумию асосии тиб чизе …

Муфассал »

АЛЛЕРГЕН

allergen

АЛЛЕРГЕН (Allergen), антигенҳое, ки дар ашхоси нисбати онҳо ҳассос аксу- ламали аллергиро ба вуҷуд меоваранд. Аксуламали аллергӣ тадриҷан баъди ба организм ворид шудани А. (пас аз 24 – 72 соат) оғоз мегардад, вале агар дар хуни бемор оид ба ҳамин А. подтан (ҷисми бе- гона) мавҷуд бошад, он тезтар, яъне …

Муфассал »

АЛЛЕРГИЯ

allergiya

АЛЛЕРГИЯ (Allergia; аз юн. allos – ди- гар, бегона ва ergon – таъсир), ҳассосияти баланди организм, ки дар натичаи таъсири баъзе омилҳои муҳит, мас., моддаҳои химиявӣ, микробҳо ва маҳсули фаъолияти ҳаёти онҳо, хӯрокворӣ, дору ва ғ., ки онҳоро аллерген меноманд, ба вучуд меояд. Истилоҳи «аллергия»-ро ба илм с. 1906 духтури …

Муфассал »

АЛЛЕРГОЛОГИЯ

allergologiya

АЛЛЕРГОЛОГИЯ (аз аллергия ва …ло- гия), як фасли илми тиб, ки сабаб, тарзи инкишоф, зуҳуроти клиникии бемориҳои аллергӣ ва усулҳои пешгирию муоличаи онҳоро дарбар мегирад. А. бо иммуно- логия зич алоқаманд аст, зеро омилҳои иммунологӣ асоси инкишофи аллергия маҳсуб мешаванд. А. нимаи якуми а. 20 дар натичаи дар тамоми чаҳон …

Муфассал »

АЛМАГЕЛ

almagel

АЛМАГЕЛ, як навъ доруи омехта. Аз гидроксиди алюминий ва гидроксиди магний иборат аст. Пардаи луобии меъдаро аз таъсири кислотаи хлорид муҳофизат мекунад. А. таъсири бедардгардонӣ низ дошта маҳсули турши меъдаро нест, зардачӯш ва дардро ҳангоми решмараз, метеоризм (дамиши шикам), ихтилоли функсияи рӯдаҳо кам месозад. А. қабати муҳофизиро ба вучуд оварда, …

Муфассал »