Главная / Илм / АЛКАЛОИДҲО

АЛКАЛОИДҲО

alkoloidhoАЛКАЛОИДҲО (аз лот. alkali – ишқор ва юн. oidos – монанд), навъе аз пайвастҳои органикии нитрогендори наботӣ, ки хосияти асосҳоро дошта, таъсири физиологӣ мерасонанд. Дар растанӣ кашф шудани А. аҳамияти калон дошт, зеро то авв. а. 19 гумон мерафт, ки моддаҳои наботӣ нитроген надоранд. Соли 1803 А.-и афюн дар на- муди омехтаи моддаҳои кристаллӣ кашф шуд. Соли 1806 аз он алкалоиди морфинро ҷудо карданд. Дар а. 19 стрихнин, хинин, кофеин, атропин, эфедрин ва ғ. кашф шу- данд. Феълан тақр. 10 ҳаз. навъи А. маъ- лум аст.
А. сохти мураккаб ва аксар дар моле- кулаашон гетеросикл доранд. Вояи зиёди онҳо заҳр аст. А. дар растанӣ, одатан, дар намуди намаки кислотаҳои органикӣ, мас., кислотаҳои оксалат, себ, шароб, лиму ва ғ. мавҷуданд. Бештар растаниҳои дупаллагӣ А. доранд. Барои ҷудо кардани омехтаи А. аз усулҳои хроматография ва таҳлили химиявӣ истифода мебаранд. Бисёр А. моддаҳои кристаллии беранг ва табиатан пайвастҳои гетеросиклӣ мебошанд. А.-и сода аз 10 ва А.-и мураккаб тақр. аз 50 атоми карбон иборатанд. А. бо кислотаҳо (мас., кислотаҳои сулфат, хлорид, салитсилат, оксалат ва ғ.) намак ҳосил мекунанд. Муқаррар кардани сохти А. душвор аст. Баҳри ин табиати гурӯҳеро, ки атомҳои оксиген ва нитроген дорад, муайян месо- занд ва молекуларо то ба порчаҳои сохта- шон маълум таҷзия менамоянд. Дурустии тасаввурот оид ба сохти А. бо роҳи синтез амалӣ гардонда мешавад. Сохтори чунин моддаҳои мураккаб, мас., морфин, стрих- нин ва резерпин муайян карда шудааст.
Гуногунии сохти А. таснифи онҳоро душвор месозад. Дар ин маврид бисёр вақт қисми нитрогендори молекулаи А.-ро чун аломати асосӣ ба эътибор мегиранд (мас., ҳосилаи пирролидин, пиридин, хиномен индол ва ғ.). Дар растанӣ бештар А.-и сох- ташон бо ҳам наздик мавҷуданд, бинобар ин, моддаҳоеро, ки сохташон муқаррар нашудааст, аз рӯи гурӯҳи растанӣ тасниф мекунанд, мас., А.-и авранҷ, А.-и афюн ва ғ. Дар як растанӣ, одатан, чанд А.-и сохто- рашон монанд вомехӯранд. Бисёр А. (мас., кофеин, теобромин, эфедрин, ареколин ва ғ.)-ро бо роҳи синтез ҳосил мекунанд.
Дар баъзе мавридҳо А.-и табиии чудокардаро ба дору табдил медиҳанд. Баъзеи онҳо ба силсилаи асаб, рагҳо, му- шак ва ғ. таъсири интихобӣ мерасонанд. Мас., стрихнин ва кофеин системаи мар- казии асабро меангезад, морфин ва ско- поламин онро ором месозад; хинин анге- зандаи варачаро маҳв мекунад; апомор- фин хосияти қайоварӣ дорад; теобромин таъсири пешобронӣ зоҳир менамояд. Дар тиб асосан А.-и холис, намак ва ҳосилаҳои онҳо истифода мешаванд. Доруҳои А.-и заҳрнок (атропин, хинин, папаверин, морфин, кодеин, стрихнин, кофеин ва ғ.) бояд дар чевони алоҳида қуфл карда (рӯйхати А
– доруҳои заҳрноки растанигӣ) ё аз дигар доруҳо чудо нигоҳ дошта шаванд (рӯйхати Б – доруҳои сахттаъсир). Дар сурати бена- зорат истифода бурдани доруҳои алкало- иддор организм заҳролуд мешавад.
Ад.: Орехов А.П., Химия алкалоидов, М., 1955; Несмеянов А.Н., Несмеянов Н.А., Начало органической химии, т. 2, М., 1970; Юну- сов С.Ю., Алкалоиды, Ташкент, 1981; Соко- лов С.Я., Замотаев И.П., Справочник по лекарственным растениям. Фитотерапия, М., 1988; Машковский М.Д., Лекарственные средства, М., 2001. М. Самиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …