Главная / Илм (страница 150)

Илм

ВИТАМИНҲО

vitaminho

ВИТАМИНҲО (Vitamin; аз лот. vita – ҳаёт ва аминҳо), моддаҳое, ки ба омилҳои бебадали ғизои ҳайвонот ва одам мансубанд. Кашфи В. бо номи олими рус Н.И. Лунин (с. 1880 бо роҳи таҷриба муқаррар намудааст, ки хӯрокворӣ омилҳои номаълуми барои ҳаёт хеле зарур дорад) алоқаманд аст. ӯ муайян намуд, ки агар …

Муфассал »

Витаминҳои дар равған ҳалшаванда

vitamini

Витаминҳои дар равған ҳалшаванда Ретинол (витамини А) дар табиат хеле паҳн гардидааст. Дар бофтаҳои наботӣ чун провитамини А (витамини нимтайёр) – пигменти каротин вуҷуд дорад. Провитамин дар организм якҷоя бо пиҳ (чарб) ба ретинол мубаддал мешавад; дар бофтаҳои зинда навъи тайёри ретинол ҳаст. Ретинол баҳри ба вуҷуд омадани пигментҳои босира, …

Муфассал »

ВОҲИДОВ Абдумаҷид

no-photo

ВОҲИДОВ Абдумаҷид (тав. 08. 08. 1942, ш. Конибодоми вил. Суғд), анестезиолог ва реаниматолог, доктори илми тиб (1990), проф. (1993). Хатмкардаи ДДТТ (1967). Ординатори клиникӣ оид ба анестезиология ва реаниматология (1967 – 69), аспирант (1969 – 72), ассистент (1972 – 91), дотсент (1991 – 92) ва проф. кафедраи ҷарроҳии умумии факултаи …

Муфассал »

ВОҲИДОВ Абдусалом

vohidov-abdusalom

ВОҲИДОВ Абдусалом (тав. 14. 04. 1954, ш. Конибодоми вил. Суғд), духтури кӯдакон, неонатолог, доктори илми тиб (1996). Хатмкардаи факултаи педиатрии ДДТТ (1977). Духтури интерн (1977 – 78) ва духтури неонатологи шӯъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳ. Конибодом (1978 – 80), ординатори клиникӣ (1980 – 82) ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи педиатрии АИТ ИҶШС …

Муфассал »

ВУЛВА

vulva

ВУЛВА (Vulva; pudendum femininum), шармгоҳ, фарҷ, узви таносули берунӣ дар занҳо. Ба В. зиҳор, лабҳои калон ва хурди фарҷ, клитор, даромадгоҳи маҳбал, ғадудҳои калони даромадгоҳи маҳбал (ғадудҳои бартолинӣ) ва пардаи бакорат мансуб мебошанд. Ниг. низ Фарҷ.

Муфассал »

ВУЛВИТ

vulvit

ВУЛВИТ (Vulvitis), газаки узвҳои таносули берунӣ (фарҷ) ва маҳбал. Бештар дар духтарбачаҳо ва занҳои солхӯрда дучор меояд (ба хусусиятҳои физиологӣ дар ин синну сол вобаста аст). Нишонаҳои В.: хориши атрофи фарҷ, ҳисси дард (ҳангоми роҳ гаштан зӯртар мешавад), сурх шудани пӯсти узвҳои таносул, пардаи бакорат, баъзан сатҳи дарунии рон ва …

Муфассал »

ВУЛВОВАГИНИТ

vulvivaginit

ВУЛВОВАГИНИТ, илтиҳоби маҳбал ва узвҳои таносули берунӣ. Ба пайдоиши В. истифодаи антибиотикҳо, гормонҳо, нарасидани ҳаво ба узвҳои ҷинсӣ, риоя накардани қоидаҳои беҳдошт, аз ҳад зиёд тоза нигоҳ доштани узвҳои таносул (дар натиҷаи бисёр шустан микрофлораи муфид нест мешавад) ва ихтилоли фаъолияти тухмдонҳо мусоидат менамоянд. Ниг. низ Колпит.

Муфассал »

ВЯЛУШКИН Борис

images

ВЯЛУШКИН Борис Яковлевич (02. 03. 1937, деҳаи Малая Карайи вил. Саратови Россия – 02. 06. 1998, ш. Душанбе), духтури кӯдакон, доктори илми тиб (1980), проф. (1983). Хатмкардаи Донишкадаи 2-юми тиббии Москва ба номи Н.И. Пирогов (1960). Ординатори клиникӣ, аспирант, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи педиатрии АИТ ИҶШС (1960 …

Муфассал »

БАВОСИР

haemorrhoid

БАВОСИР (Haemorrhoё), геморрой, ба таври уқдашакл дар қисми мақъад васеъ гаштани сиёҳраги рӯдаи рост. Б. берунӣ ва дарунӣ мешавад. Ҳангоми Б.-и берунӣ сиёҳраги берунии рӯдаи рост васеъ шуда, уқдаҳои он берун мебароянд. Дар мавриди Б.-и дарунӣ сиёҳраги дарунӣ васеъ шуда, уқдаҳои он бевосита дар даруни рӯдаи рост ҷойгир мешаванд. Шах …

Муфассал »

БАДБӯИИ ДАҲОН

badbuii-dahon

БАДБӯИИ ДАҲОН (Foetor ex ore), бӯи нофорамест, ки бештар ҳангоми бемориҳои милки дандон, дандонҳо, димоғ, сурхрӯда, меъда, шуш ва ғ. падид меояд. Дар баъзе мавридҳо Б. д. нишонаи диабети қанд, газаки гурда (нефрит) ё бемориҳои дигари узвҳои дарунӣ аст. Ҳангоми Б. д. барои муайян кардани сабаби пайдоиш ва бартараф намудани …

Муфассал »