Главная / Илм (страница 177)

Илм

АКТИНО…

aktino

АКТИНО… (юн. actus – шуоъ), қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки мансубияти онҳоро ба шуоъ, шуоъафканӣ ва ғ. ифода мекунад, мас., актиномикоз.

Муфассал »

АКТИНОМИКОЗ

aktinomikoz

АКТИНОМИКОЗ (Actinomycosis; аз актино… ва юн. микозҳо), бемории сироятист, ки занбӯруғҳои шуоъшакл (акти- номисетҳо) ба вуҷуд меоранд. Ба А. одам кам гирифтор мешавад. Асосан касалии ҳайвонот, бештар чорвои калон аст. А. бештар дар пӯсти ҷоғу гардан, узвҳои ковокии шикам ва шуш пайдо мешавад. Ҳангоми А.-и сатҳӣ дар пӯст ё пардаҳои …

Муфассал »

АКУПРЕССУРА

akkupresura

АКУПРЕССУРА, яке аз усулҳои табобати чинӣ. Аз чумлаи усулҳои қадимтарини муолича буда, ҳанӯз аз а. 3 то м. маъмул буд. Дар мамлакатҳои шарқӣ аввал дар Чин пайдо шуда, минбаъд тарзҳои гуногуни он дар кишварҳои дигар низ густариш ёфтанд. Чиниёни қадим муқаррар карданд, ки фишор додани нуқтаҳои муайяни бадан дардро сабук …

Муфассал »

АКУШЕРИ

akusheri

АКУШЕРИ (Obstetricia), момоӣ, қобилагӣ, як соҳаи тибби клиникӣ. Равандҳои муқаррарӣ ва носомониҳои мухталифи организми занро, ки ба обистанӣ, ҳомилагӣ, зоиш ва вазъи пас аз таваллуд вобастаанд, меомӯзад. Дарёфти усулҳои кумаки момоӣ, пешгирӣ ва муоличаи аворизи ҳомилагӣ ва зоиш, инчунин бемориҳои ҳамил ва навзод вазифаҳои А. мебошад. А. яке аз соҳаҳои …

Муфассал »

АҚОҚИЁ

akokiyo

АҚОҚИЁ (Robinia pseudoacacia), як навъ дарахти ороишист. Қариб дар ҳама ноҳияҳои Точикистон мерӯяд. To 16 м қад мекашад. Решааш устувор; қутри шоху навдааш 9,5 м; пӯстлохи шоху навдаҳояш дорчинии тира, навдаҳои яксолааш аз сабз то дорчинии сурхча. Баргаш паршакл, да роз (12 – 24 см), думчааш кӯтоҳ (1,5 – 3,5 …

Муфассал »

АЛ-АБНИЯ АН ҲАҚОИҚИ-Л-АД- ВИЯ

asar

«АЛ-АБНИЯ АН ҲАҚОИҚИ-Л-АД- ВИЯ» («Асоси ҳақиқати доруҳо»), асари табиби форс-тоҷик Абӯмансури Муваффац. «А.» бо номҳои «Равзату-л-унс ва манфи- ату-н-нафс», «Адвияи Абӯмансур», «Ҳа- қоиқу-л-адвия» низ маълум аст. «А.» шомили ду бахш: муқаддимаи мухтасар ва шарҳи дорувориҳост. Дар муқаддима ба таври иҷмолӣ қазияҳои мубрами ба доруву дармонҳо иртиботдоштаи тибби асримиёнагӣ, маъхази мавриди …

Муфассал »

АЛ-АДВИЯТУ-Л-МУФРАДА

asar

«АЛ-АДВИЯТУ-Л-МУФРАДА», асари табиб ва гиёҳшиноси маъруфи Андалус Абӯчаъфар Аҳмад ибни Муҳаммади Ғофиқии Мағрибӣ (ваф. 1165). Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Китоб дар боби худ беназир буда, боиси шӯҳрати муаллифаш дар Шарқу Ғарб гаштааст. Ғофиқӣ дар ин китоб ҳамаи он чиро, ки Дисқуридусу Ҷолинус пеш аз ӯ баён кардаанд, бо ибороти …

Муфассал »

АЛАЛИЯ

alaliya

АЛАЛИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва lalia – нутқ), вучуд надоштан ё суст инкишоф ёфтани нутқ дар кӯдакон, ки зимни он қобилияти шунавоии онҳо маҳфуз ме- монад. Ниг. Гунгӣ.

Муфассал »

АЛ-АСБОБ ВА-Л-АЛОМОТ

asar

«АЛ-АСБОБ ВА-Л-АЛОМОТ», асари Абулҳасан Саъид ибни Ҳибатуллоҳи Бағдодӣ (1044 – 1101) дар боби тиб. Китоб дар баёни сабабҳову нишонаҳои та- моми бемориҳову иллатҳои инсон буда, муаллиф онро дар Бағдод барои халифаи аббосӣ ал-Муқтадӣ биамриллоҳ таълиф кардааст. Асар аз 83 боб иборат мебошад. «АЛ-АСБОБ ВА-Л-АЛОМОТ», асари Наҷибуддин Абӯҳомид Муҳаммад ибни Алӣ …

Муфассал »

АЛАФИ ГУНҶИШК

herniaria_glabra

АЛАФИ ГУНҶИШК (Herniaria glabra), д а б б а г и ё ҳ, гиёҳест бисёрсолаи худрӯй. Пояи аз бех шохаронда (то 25 см), барги дарозрӯяи байзашакл ё мудаввар, гули майдаи зард дорад. Баҳорон гул карда, тирамоҳ тухм мебандад. Дар Тоҷикистон дар кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз ва ноҳияҳои ҷануби …

Муфассал »