АЛЛЕРГОЛОГИЯ (аз аллергия ва …ло- гия), як фасли илми тиб, ки сабаб, тарзи инкишоф, зуҳуроти клиникии бемориҳои аллергӣ ва усулҳои пешгирию муоличаи онҳоро дарбар мегирад. А. бо иммуно- логия зич алоқаманд аст, зеро омилҳои иммунологӣ асоси инкишофи аллергия маҳсуб мешаванд. А. нимаи якуми а. 20 дар натичаи дар тамоми чаҳон рӯ ба афзоиш овардани бемориҳои аллергӣ ҳамчун фасли мустақили илм ба миён омад. А. аз усулҳои тачриба дар ҳайвонот, тадқиқи иммунологӣ, патофизиологӣ ва патохимиявӣ, роҳҳои мухталифи пажӯҳишҳои клиникоиммунологӣ (тестҳои дерматологӣ ва серологӣ), патофизиологӣ ва патохимиявии ашхоси гирифтори бемориҳои аллергӣ (намуна барои омӯзиши фаъолияти шуш, муқаррар кардани миқдори гистамин ва диг. моддаҳои фаъо ли биологӣ дар хун) истифода мекунад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …