Главная / Илм / АЛ-ҚОНУН

АЛ-ҚОНУН

al-konun«АЛ-ҚОНУН», «Ал-Қонун фи-т-тибб», «Қонуни тиб», шоҳасари тиббии Абуалӣ ибни Сино. Ба забони арабӣ таълиф шу- дааст. «А.-Қ.» кулли масъалаҳои тибро бо асосу далелҳо ҳарчониба инъикос ме- намояд. Низомии Арӯзии Самарқандӣ (а. 12) гуфтааст: «Ҳар касе ки чилди аввали «Ал-Қонун»-ро аз бар кардааст, барои ӯ аз қавоиди умумию асосии тиб чизе пинҳон нахоҳад монд. Баъди омӯхтани «Ал-Қонун» мутолиаи асарҳои дигари тиббӣ зиёдатист». Ибни Сино ҳангоми дар Гургон буданаш (с. 1012) ба хоҳиши яке аз дӯстони бисёр наздики худ ба таълифи «А.-Қ.» мепардозад ва дар он чо китоби авв. онро ба анчом мерасонад. Сипас ин корро дар Рай ва Ҳамадон давом дода, тақр. с. 1024 аз таълифи пурраи он фориғ мешавад. «А.-Қ.» аз панч китоб иборат буда, ҳар китоб ба фан, фан ба чумла, чумла ба мақола ва мақола ба фаслҳо тақсим мешаванд.
Китоби якум андар умури куллии пи- зишкист, ки он бахши назариявии тиб, таърифи илми тиб, мавзӯъҳои он, ташреҳи умумии тан, таърифу таснифи бемориҳо ва сабабҳои онҳо, қонуну дастурҳои умумии нигаҳдории тандурустӣ, аз қабили усулҳои момоиву парвариши кӯдак, варзиши тан ва тадбирҳои умумии муолича (қай, исҳол, раг задан ва ғ.)-ро дар бар мегирад. Абӯалии Сино дар оғози китоби якум дар баёни илми тиб навиштааст: «Ман тасдиқ мекунам: тиб илмест оид ба донистани тани инсон дар вазъи саломатӣ ё беморӣ ва ба инсон баргардондани саломатӣ, ки рӯ ба заъф овардааст. Вақто ки мегӯянд тиб иборат аст аз назария ва амалия, гу- мон набояд кард, ки бахше аз тиб дироят асту бахше амал (ки баъзе муҳаққиқони ин масъала чунин мепиндоранд). Баръакс, бидон, ки маънои ин дигар аст, яъне ҳар ду бахши тиб илм аст, яке илми асосҳои тиб, дигаре илми тарзи табобат». Бо ин суханон Ибни Сино ҳамбастагии назария ва амалияи тибро таъкид кардааст.
Китоби дуввум ба маводи доруӣ бахши- да шуда, бо номи доруҳои сода пешкаши хонанда мешавад. Он ду бахшро дар бар мегирад. Дар бахши якум назарияи умумии дорушиносӣ, қоидаву дастурҳои инихоби маводи доруӣ, чӣ гуна ҷамъоварӣ ва захира кардани онҳо оварда шудааст. Дар бахши дуввум беш аз 800 намуди маводи доруии наботӣ, ҳайвонӣ ва маъданӣ ба тартиби абҷад (на алифбоӣ) зикр ёфтааст. Ба тартиби абҷад овардани маводи доруӣ эҳтимол дар он замон хеле маъмул ва ҳатто муносиб ҳам будааст, зеро ин маводи доруӣ дар сарчашмаҳои юнонӣ низ ба ҳамин тартиб омадаанд ва тарти- би абҷад аз ин ҷиҳат то андозае мутобиқи алифбои юнонист.
Китоби севвум андар баёни бемориҳои ҷузъиест, ки дар ҳар як андому системаи идоракунанда ё физиологии инсон рӯй медиҳанд. Ин китоб аз бузургтарин бахши «А.-Қ.» буда, тақрибан ними ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад ва тамоми бемориҳои ҷузъии инсон ва роҳи муолиҷаи онҳоро дар бар мегирад. Дар он нахуст таҳлили муфас- сали фаъолияту моҳият ва сохти ҳар як андом, сипас анвои гуногуни бемориҳои он ва баъд аз он роҳҳои муолиҷа, парҳез, дармон ва доруҳои хоси он, инчунин тарзи истифодаи онҳо оварда мешавад.
Китоби чаҳорум андар баёни табҳо, бемориҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ, омосҳо, заҳролудӣ, бемориҳое, ки агар рӯй диҳанд, хоси ягон андом нестанд ва низ андар баёни оростагӣ мебошад. Дар ин китоб тамоми бемориҳо, иллатҳо ва осебҳое, ки ба тамоми тан дахл доранд ва роҳҳои муолиҷаи онҳо баён ёфтааст, аз қабили табҳо, омосҳову табишҳо (ҷӯшишҳо), осебҳои тасодуфие, ки муҷиби баромада- ни андомҳо, шикастани устухонҳо ва рӯй додани ҷароҳатҳо мегарданд, заҳролуд шудани ҷисм аз заҳрҳои ҳайвонӣ, наботӣ ва маъданӣ. Дар охир дар бахши ороиш (косметика) бемориҳову осебҳои ҷисмие баён ёфтаанд, ки агарчи чандон пурзаҳмат нестанд, вале ҳусни зоҳирии танро халалдор менамоянд. Дар ин бахш ҳамчунин роҳи муолиҷа ва чӣ гуна бартараф кардани онҳо нишон дода шудааст.
Китоби панҷум андар баёни доруҳои мураккаб аст. Одатан, ин бахши тибро «Қарободин» меноманд ва бинобар он ин китоб бо номи «Қарободини Ал-Қонун» низ маъруф аст. Китоби панҷум асосан аз се қисм иборат мебошад. Дар қисми якум назарияи умумии доруҳои мураккаб, дар қисми дуввум доруҳои мураккаб аз рӯи тақсимоти навъӣ ва дар қисми севвум доруҳои мураккаби санчидашуда аз рӯи тақсимоти хосияти хоси шифоӣ ва фармакологии онҳо, яъне ба ҳасби ҳар як андоми тан ва бемориҳои онҳо оварда шудаанд.
Дар ҳама фаслу бобҳои «А.-Қ.» фикру мулоҳиза, коркарду ихтироот, тадбиру тавсияҳои тоза чой доранд, ки бисёре аз онҳо эчоди худи муаллиф буда, имрӯз моҳияти амалиашонро гум накардаанд. Ибни Сино як фасли бузурги «А.-Қ.»-ро ба илми амрози ботин (терапия) бахшидааст. Ӯ фароянди бемориҳоро ба чор марҳала – оғоз, афзоиш, ба ғоят расидан ва пастравӣ чудо карда, доир ба ҳар яки онҳо маълумоти мӯчаз медиҳад: «Оғоз замонест, ки андар он беморӣ зоҳир гар- дад ва ҳолатҳояш яксон буда, афзудани вай ошкор набувад. Афзоиш он замонест, ки андар он ҳангом шиддатёбии беморӣ дида шавад. Марҳилаи ба ғоят расидан за- монест, ки андар он беморӣ андар ҳамаи бахшҳои худ ба ҳолати ягона бошад. Пастравӣ замонест, ки андар он ҳангом камшавӣ падид ояд ва рӯз ба рӯз ин камшавӣ зоҳиртар бигардад». Дар бобати муоличаи бемориҳо давоҳои гуногуни содаю мураккаб, доруҳои наботӣ, ҳайвонӣ ва маъданӣ тавсия шудаанд.
Дар «А.-Қ.» бори аввал дар бораи си- роят кардани баъзе бемориҳо ишора раф- тааст. Осебшиносӣ дар «А.-Қ.» нисбатан муфассал шарҳ ёфтаанд. Абуалии Сино зери мафҳуми «баромадагӣ» пурра аз чойгоҳи хеш берун шудани устухонро дар назар дорад. Ба ақидаи ӯ устухони пурра набаромадаро «лағжидани пайвандгоҳ» мегӯянд, ки онро аз тариқи дастмол метавон ташхис кард. Шикастагии устухон ва тарзи ташхиси онро Ибни Сино чунин шарҳ медиҳад: «Агар андоми шикаста ба сӯи берун майл кунад, ба гуфтаи Буқрот беҳ аз он аст, ки ба сӯи андарун майл карда бошад… Маҳали шикастаро андар касони калонсол бо ёрии дард… ва бо даст-даст кардан муайян кунанд, вале андар кӯдакони хурдсол аз тариқи дард, омос ва сурхие бинамоянд, ки аксар вақт андар эшон ориз бигардад». Дар тибби муосир исбот шудааст, ки сабаби бисёр оризаҳои латхӯрӣ, шикастан ё баромадагии узв нодуруст гузоштани бандина аст. Дар «А.-Қ.» дар бораи ин мавзӯъ фикрҳое чой доранд, ки имрӯз аз нигоҳи мутахассисон билкул дурустанд: «Бисёр бошад, ки аз сахт бастан, дер кушодан ва ба он кам нигоҳубин кардан андом бимирад, ган- дида гардад ва ба буридан эҳтиёч пайдо кунад…» Дар «А.-Қ.» шаш тарзи чо ба чо кардани баромадагии устухони бозу ва се усули баромадагии сутунмӯҳра ва думғоза қайд шудааст. Чунончи, дар баёни шикастагии бозу Абӯалии Сино мегӯяд: «Агар барои хуб чойгир кардан (устухони шикаста) ба кашидани сахт эҳтиёч бошад… беморро ба курсии баланде бинишон, ки аз нишаста дида ба рост истодан наздик бошад, бояд зери бағалашро бар паллаи нардбон ва ягон чизи бад-ин монанд. чойгир кунанд ва бояд ин маҳалро пешакӣ ҳамвор сохта, бароҳату нарм гардонда бо- шанд. Сипас, бояд ягон чизи гаронеро бар оринчи ӯ биовезанд… Ҳар гоҳ (устухон) ба андозаи дилхоҳ кашида шавад, он гоҳ вайро рост кунанд».

.
Ибни Сино хусусан ба қоидаҳои безараргардонӣ (асептика ва антисептика) эътибори ҷиддӣ додааст: «Бояд пораи бандина покиза бошад, зеро пораи чиркин сахт буда, дард биангезад, бояд тунук бо- шад, то агар чизе бар вай тилоъ кунанд, аз он бигузарад ва бояд сабук бошад, то бар андоми дардманд гаронӣ наоварад».
Дар «А.-Қ.» ба масъалаҳои пирӣ ва бемориҳои пирсолӣ, ки акнун мавзӯи илми геронтология мебошанд, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шудааст. Аз нигоҳи Абуалии Сино пирсолон ба муносибат, тағзия ва табобати махсус эҳтиёҷ доранд: «Ғизои пирро бояд ба бахшҳои кам-кам ҷудо намуд ва онро ба ҳасби қувваи гувориш ва нотавонии он ду ё се бор дод… Пиронро бо равған, хусусан бо равғани зайтуни хуш ҳуқнарезӣ кардан судманд аст». Имрӯз дар дунё садҳо муассисаҳои илмӣ вуҷуд доранд, ки мавзӯи тадқиқоти онҳоро маҳз геронтология ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз «А.-Қ.»- ро метавон аввалин сарчашмаи маълумот оид ба геронтология ҳисобид.
Дар «А.-Қ.» масоили равонпизишкӣ (психиатрия) ва бемориҳои рӯҳӣ ба фаъо- лият ва ноҷӯриҳои мағзи сар вобаста кар- да шудаанд. Ибни Сино ба ин мавзӯъ дахл намуда, байни ихтилоли идрок ва ихтило- ли тафаккур тафовут мегузорад. Ба ақидаи ӯ агар дар баъзе ҳолатҳо дар сар пайдо шудани садоҳои гуногун (мас., садои об, нақора, вазиши шамол ва ғ.) аломати ноҷӯрии рӯҳӣ бошад, пас дар мавридҳои дигар нишонаҳои он эҳсоси бӯйҳои нохуш ва шарораҳои пеши чашм маҳсуб мешаванд, ки онҳо дар асл вуҷуд надоранд. Ашхоси гирифтори бемориҳои рӯҳӣ дар қайди дунёи дигар мебошанд, онҳо чизи набударо вуҷуддошта ва вуҷуддоштаро вуҷуд надошта мепиндоранд.
Бо чунин мушоҳидаҳои хеш Ибни Сино дар «А.-Қ.» ба тараққии таълимот оид ба таваҳуммот ва ҳазён заминаи илмӣ гузоштааст. Тафовути парешонии зеҳн ва гӯлию ҳамоқатро Абуалии Сино дар нуқси мағзи сар мебинад: «Фарқ миёни парешонии зеҳн ва гӯлию ҳамоқат андар он аст, ки ҳарчанд ин ҳар ду осеби ақлӣ буда, сабаби ҳар дуро баамаловаранда мумкин аст ан- дар шиками миёнгини мағз ҷой дошта бо- шад, вале парешонии зеҳн ба ҳасби тағйир осеби феълҳои фикрист ва гӯлию ҳамоқат осебҳое ба ҳасби коҳиш ва ё бекоршавӣ буда, ҳолатест, ки шабеҳ ба ҳолати пирию кӯдакӣ бувад».
Доир ба бемориҳои рӯҳӣ маълумот дода, Ибни Сино дар «А.-Қ.» роҷеъ ба молиху- лиё (меланхолия) низ таваққуф кардааст. У нишонаҳои ҳолати рӯҳии мазкурро дар тарси бесабаб, тундмизоҷӣ, гӯшанишинӣ, гирёнзадагӣ, паридани андомҳо, бонг за- дани гӯш, ғамгинию бадгумонӣ, ваҳшат, ҳарфҳои беҳуда ва ғ. мебинад: «Агар савдои баамаловардаи молихулиё хунӣ бошад, (беморӣ) бо шодию ханда зоҳир гардад ва андӯҳи сахт ӯро ҳамроҳ набошад, агар (савдо) бо балғам падид омада бошад, (беморӣ) бо беҳавсалагӣ, камҳаракатӣ ва оромӣ зоҳир шавад, агар (савдо) аз сафро падид омада бошад, (беморӣ) бо изтироб ва андаке ҷунун ба амал ояд ва мисли мониё бошад, агар савдо савдои холис бошад, ҳангоми ин (беморӣ) андеша бештару душманӣ камтар бувад, вале агар (беморро) биҷунбонанд, ба шӯр омада, чунон кина гирад, ки дигар фаромӯш накунад…»
Абӯалии Сино табиати сироятӣ доштани бисёр бемориҳоро фарқ мекард. Чунон чи, нахустин бор дар таърихи илми тиб дар «А.-Қ.» ишорате ба _ангезаи бемориҳо (микробҳо) рафтааст. Ӯ мегӯяд, ки дар муҳити берунӣ чонварони бемориовар мавчуданд, ки ба чашм наменамоянд. Дар «А.-Қ.» ба василаи об, ҳаво ва ғизо паҳн гаштани бемориҳои сироятӣ (тоун, вабо, сӯхтанӣ, ҳорӣ, нағзак, сурхакон, ханозир, сарсом, варача, киччасорӣ ва ғ.) сухан рафта, зарурати чӯшонидан ё соф кардани оби нӯшокӣ таъкид шудааст. Вақте ки сухан аз бобати шинохтани чунин бемориҳо равад, нишонаҳои асосии онҳо як ба як зикр меёбанд. Чунончӣ, дар мавриди бемории ҳорӣ омадааст: «Агар ягон касро саги девона бигазад, нахуст ба чуз чароҳате чун дигар чароҳатҳои дарднок мушоҳида нашавад, вале сипас баъд аз якчанд рӯз ӯро бархе аз андешаҳои табаҳ ва хобҳои фосид ва ҳолате мисли хашм, васваса, ошуфтаҳолӣ ва чавоб гуфтан_на ба чизи пурсидашуда ба амал ояд. Ӯро бибинӣ, ки ангуштонаш ба ташаннуч ги- рифтор шуда бошанд. аз рӯшноӣ бигуре- зад… ҳукак, ташнагӣ ва хушкидани даҳон ориз бигарданд, аз мардум гурехта танҳоӣ гузинад. Гоҳе аз рӯшноӣ ба хашм ояд… Баъд, андар марҳалаи охир аз об ва аз тариҳо метарсидагӣ шавад… Ин беморӣ гоҳе андар миёни як ҳафта то шаш моҳ бикушад ва миёнаи ин мӯҳлат чиҳил рӯз
аст». Аз нигоҳи мутахассисони вогирши нос имрӯз дар ташхиси бемории ҳорӣ, ки дар «А.-Қ.» омадааст, тағйироти назаррас вучуд надорад.
Ҷарроҳияи Ибни Сино ҳарчониба дақиқ ва хеле чолиби диққат аст. Ӯ чандин хел олат ва усулҳо, мас., усули гирифтани санги масонаро ихтироъ намуда, бо ин кор илму санъати чарроҳиро такмил ва тараққӣ додааст. Баъзе мавзӯъҳои «А.-Қ.»- ро табобати захмҳо, захмбандӣ, нигоҳ доштани хунравӣ, чарроҳии решҳои фасоддор, носурҳо, чурраи шикам ва ғ. дар бар гирифтаанд. Дар «А.-Қ.» тақр. 12 навъи чароҳат ва чораҳои табобати онҳо ёдрас шудаанд, мас., дӯхтани чароҳати шикам ба чунин тарз шарҳ ёфтааст: «Ман бароят беҳтарин тариқаи дӯхтани шикамро тавсиф намуда мегӯям: Азбаски чизи мавриди эҳтиёч ин аст, ки бояд миёни сифоқ ва мароқ пайваста шавад, бинобар ин туро лозим аст, ки андар оғози дӯхтан сӯзанро аз беруни пӯст ба сӯи дарун бизанӣ. Ҳар гоҳ сӯзанро андар пӯст ва андар муша- ке даровардӣ, ки ба дарозои шикам рост фуруд омадааст, гӯшаи сифоқи андар ин сӯй бударо ба ҳоли хеш гузошта, андар он сӯзанро надарор ва сӯзанро андар гӯшаи дигаре дароварда, аз дарун ба сӯи берун бигузарон. Чун сӯзанро гузарондӣ, бори дуввум низ аз худи ҳамин гӯшаи мароқ аз берун ба сӯи дарун гузаронида, гӯшаи сифоқи андар ин чониб бударо ба ҳоли худ бигузор ва сӯзанро андар гӯшаи дигар зада, аз дарун ба берун бигузарон. Баробари гузаронидани сӯзан аз сифоқ онро аз гӯшаи мароқи андар ин ноҳия буда низ бигузарон ва ҳамин тариқ то аз ҳамаи он гузарон- дани сӯзан (корро бояд давом дод). Сипас, низ аз ҳамин бар сар карда, онро ба гӯшае бидӯз, ки аз сифоқи андар бари берунбуда аст. Сӯзанро аз пӯсте берун ор, ки ба наздики он чой до-
рад. Сипас сӯзанро дубора андар он пӯст дароварда гӯшаи сифоқи андар ҷониби дигар бударо бо ин гӯша аз мароқ бидӯз ва (сӯзанро) аз пӯсте берун ор, ки андар ноҳияи он ҷой дорад. Ин корро ба ҳамин тартиб пай дар пай то пурра дӯхта шуда- ни ҷароҳат давом деҳ». Маълум мегардад, ки Ибни Сино дар мавриди дӯхтани захми шикам мисли Ҷолинус ба пайвастани сифоқ (шикампарда) бо девораҳои нарми шикам эътибори хос додааст.
Ҳангоми табобати бавосир (геморрой) Абӯалии Сино қабл аз ҳама ба тағзияи бемор ва рафъи қабзият диққат медод. Си- пас аз пайи муолиҷа бо дору мешуд, агар ин кор натиҷа надиҳад, пас ӯ ғуддаҳои бавосирро бо ришта сахт мебаст ё онҳоро бурида дур мекард. Чунин тарзи муолиҷаи бавосир, ки дар «А.-Қ.» тавсиф ёфтааст, аз усулҳои ҷарроҳии ҳозира кам фарқ дорад.
Дар замоне, ки Ибни Сино ба сар бур- дааст, қонунҳои шариат роҳ намедоданд, ки табиби мард ба зани ҳомила кумак ра- сонад ё дар вақти таваллуд иштирок дошта бошад. Бо вуҷуди ин саҳми Абӯалии Сино дар инкишофи илми момоӣ назаррас аст. Бисёр тарзу усулҳои аз раҳм берун овардани тифл, ки ӯ пешниҳод намудааст, дар амал фаровон истифода мешуданд. Абуалии Сино дар «А.-Қ.» роҷеъ ба сабабҳои бенаслии зану мард ва исқот, нишонаҳои ҳамл, ихтилоли ҳайз, парҳези зани ҳомила, синамаконӣ, дуруст буридани ноф ва ғ. маълумоти муфассалу ҷолиб додааст. «Сабаби нозоӣ ё андар мании мард, ё андар мании зан, ё андар андомҳои заҳдон ва ё андар андомҳои нара ва афзорҳои манӣ ҷой дорад. Ё мумкин аст он ба сабабе вобаста бошад, ки андар андомҳои мабдаӣ вуҷуд дошта, аз қабили андӯҳ, тарс, дардҳои гуногуни сар, заъфи гувориш ва хоммонии ғизо бувад. Ё мумкин аст ба ягон хатоии ногаҳон рӯйдодае вобаста бошад» – омадааст дар «А.-Қ.». Чунин шарҳи безурётӣ аз нигоҳи илмӣ билкул дуруст мебошад.
Бархе аз мавзӯъҳои «А.-Қ.»-ро оризаю душвориҳои таваллуд дар бар гирифтаанд. Чунончи, дар мавриди тадбири зане, ки бача ниҳоданаш ба сабаби бузургии кӯдак душвор аст, Абӯалии Сино мегӯяд: «Бояд доя агар битавонад, ин гуна ҷанинро хуб даст гирифта, андак-андак ба нармӣ би- кашад ва агар натавонад, ӯро бо домони ягон ҷома бибандад ва оҳистаю баҳра- баҳра берун кашад. Агар ин ҳам суд набах- шад, анбурҳои гуногунро ба кор барад ва бо ёрии онҳо ҷанинро берун орад. Агар аз ин роҳ ҳам нашавад, аз ҳама осонаш пора- пора карда, берун овардан буда, тадбири ҷанини мурдаро ба кор баранд». Ин гуна усули ҷарроҳӣ (эмбриотомия), ки Ибни Сино пешниҳод кардааст, то ох. а. 19 дар амалияи тиб фаровон истифода мешуд.
Педиатрия ҳамчун илм нимаи дуюми а. 19 ба вуҷуд омадааст, вале бисёр масъалаҳои он (мас., ба кӯдак додани шири сина, табобати бемориҳои кӯдакон, нигоҳубини тифл ва ғ.) дар «А.-Қ.» ҳаллу фасл ёфтаанд. Абуалии Сино мегӯяд: «Чигунагии шир ва ғизо додани он (кӯдак) чунин аст, ки бояд ҳар қадар ки мумкин аст, бо шири модараш шир дода шавад, зеро
аз ҳамаи ғизоҳо ин ба гавҳари он ғизое, ки пеш ҳангоми андар раҳм будан гириф- та буд, … бештар монанд аст. Бинобар ин (кӯдак) онро бипазирад ва бештар ба он улфат дорад». Кулли духтурони атфол бар он ақидаанд, ки шири модар беҳтарин ғизо барои тифл мебошад. Дар бораи тар- зи маконидани кӯдак, ки омили асосии пешгирии бисёр бемориҳост, Ибни Сино гуфтааст: «Аввали пагоҳӣ бояд аз шире, ки ба бача бидиҳанд, ду – се бор дӯшид, хусусан агар андар шир нуқсоне бошад ва сипас пистонро ба даҳони ӯ бояд гузошт. Агар шир бад ва тундмаза шуда бошад, беҳтар он аст, ки ширдиҳанда пагоҳӣ но- шито шир надиҳад… Муддати табиии ширдиҳӣ ду сол аст. Агар кӯдак ғайри шир чизе бихоҳад, бояд ба тадрич дода шавад ва бар вай сахт набояд гирифт».
Ибни Сино дар таҳқиқи масъалаҳои офталмология ва оториноларингология низ комёб будааст. Ӯ доир ба ташреҳи чашм маълумот дода, онро аз се қисм (чалидия, зучочия, байзия) иборат медонад. Қатъи назар аз он ки Шайхурраис шабакаи чашмро алоҳида ном набурдааст, ӯ бо асаби босира пайвастагӣ дошта- ни онро дуруст тавсиф мекунад. Сипас ӯ мегӯяд: «Аз тарафи (пешини) он бофтаи анкабутие растааст, ки аз он пардаи латифе падид ояд… Ин парда ҳамчун девор миёни рутубати чалидӣ ва рутубати сафедимонанд афтидааст, то андар миёни чизи латиф ва чизи касиф деворе бошад». Акнун ба мо маълум аст, ки ҳангоми ихтилоли ғилофа (парда) моеи хонаи пеш ба булӯрак гузашта, онро тира месозад. Абӯалӣ Сино дуруст қайд кардааст: «Ин (парда) аз баҳри он чун ошёни анкабут тунук аст, ки агар ба таври ситабр андар пеши рутубати чалидӣ меистод, бешубҳа, чунин муҳолот ба миён меомад, ки нури аз тариқи (рутубати) сафедимонанд расидаро аз рутубати чалидӣ мепӯшад». Ибни Сино пардаи авв. чашмро рагпарда меномад, ки «. вай гузаргоҳи ғизост ва эҳтиёч ба он нест, ки ҳамаи бахшҳои ӯ аз барои манфиати ғизогирӣ сохта шуда бошанд, балки бахши пасини вай, ки машимаӣ ном дорад, кифоят аст». Чунин хулосагирӣ қобили таваччӯҳ мебошад, зеро имрӯз муқаррар шудааст, ки маҳз рагпарда дар амали биноӣ ширкати фаъол меварзад.
Абӯалии Сино рочеъ ба мақоми мағзи сар дар биноӣ навиштааст: «Нотавонии биниш ва офати он мумкин аст… вобаста ба ягон сабабе бошад, ки андар худи мағз чой дорад». Имрӯз ин гуфтаҳо тасдиқ гаш- та, асоси бахши нави офталмология – ней- роофталмологияро ташкил доданд. Дар «А.-Қ.» оид ба бемориҳои чашм ва табобати онҳо низ маълумоти муфид оварда шудааст. Дар робита ба хуншории бинӣ Ибни Сино менависад: «Рафтани хуни бинӣ яке аз ҳолатҳоест, ки ҳам суд дорад ва ҳам зиён…». Суд овардани хуни биниро, бешубҳа, дар мавриди бемории гипертония метавон мушоҳида кард. «Ҳар кӣ баъди он сарашро аз пурӣ сабукшуда… дарёбад, пас вайро аз хуни бинӣ суд ҳосил шуда бошад».
Тавсияҳои Ибни Сино дар бобати бо садоҳои баланд барқарор кардани гаронии гӯш чолиби таваччӯҳ мебошанд: «Варзиш кардан, инчунин андар гӯш сахт садо додан ва буқ ва монанди инҳоро навохтан аз барои ин гуна (гаронӣ) сахт судманд аст…» Дар мавриди баъзе бемориҳо ба фаъолияти гӯш таъсири мусоид расонда- ни садои баланд, ки Абӯалии Сино тасвир кардааст, баъди садсолаҳо аз чониби мутахассисон мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло кӯдакони гирифтори иллати гӯшро дар мактабҳои махсус, ки бо асбобҳои баландкунандаи садо тачҳизонида шудаанд, таълим медиҳанд.
Бисёр тавсияҳое, ки дар «А.-Қ.» чой доранд, барои ташаккули соҳаҳои нави илми тиб заминаи мусоид фароҳам оварданд.
«А.-Қ.» дар Шарқ зуд мавриди писанди алоқамандон қарор гирифта, тадричан тамоми китобҳои пеш аз худ дар ин риш- та таълифшуда, хусусан «Ал -Ҳовӣ»-и Закариёи Розӣ (865 – 925) ва «Комил- ус-синоат»-и Абулҳасани Мачусӣ (ваф. 1010)-ро таҳти шуоъ қарор дод. Нахустин омӯзгори «А.-Қ.» худи муаллиф буда, ба ривояти Абӯубайди Ҷузҷонӣ ӯ ҳангоми дар Исфаҳон будан, ҳар бегоҳӣ, баъд аз фароғат аз корҳои маъмурӣ ва вочиботи
рӯзона, дар ҳалқаи шогирдону мухлисон аз «А.-Қ.» дарс мегуфтааст. Сипас, нусхаҳои бисёри «А.-Қ.» дар атрофу акнофи олами ислом паҳн шуда, дар ҳамаи марказҳои илмию фарҳангии он ҳамчун китоби дарсии тиб мавриди омӯзиш ва истифодаи пизишкон қарор гирифт. Дар ҳар асре мувофиқи талаботи замон ба ин китоб донишмандон шарҳу таълиқот навиштаанд, барои хубтар аз бар кардани умдатарин матолиби тиббӣ вариантҳои мухтасари онро ба вуҷуд овардаанд ва ҳатто ба гуфтаи муаллифи «Кашф-аз-зунун» Ҳоҷӣ Халифа Довуди Антокӣ (ваф. 1599) «А.- Қ.»-ро ба назм даровардааст.
«А.-Қ.»-ро дар а. 12 Жерари Кремонӣ ва Алпагус ба лотинӣ, с. 1279 Натантом Меатӣ (Ҳамматӣ) ба забони ибрӣ тарҷума карданд. Баъди ихтирои санъати чоп «А.-Қ.» дар қатори китобҳои мӯътабари замон ба забони лотинӣ нашр гардид (1473). Аз а. 15 то а. 17 аз ҷиҳати адади нашр қариб ҳеҷ китоб ба он баробар шуда наметавонист. «А.-Қ.» ба шакли мукаммал қариб 40 маротиба ва ҷузъҳое аз он садҳо бор ба забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон интишор ёфтааст. Аз сабаби бузургии ҳаҷм бисёр нусхаҳои мухтасари он мурат- таб ва нашр гардиданд, ки машҳуртарини онҳо таснифи Ибни Нафисӣ «Ал-Мӯҷиз» буда, с. 1828 дар Калкутта ба табъ расидааст. Солҳои 1954 – 60 олимони шӯравӣ онро ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума карда, дар Тошканд интишор намуданд.
«А.-Қ.» ба забони тоҷикӣ низ тарҷ. ва нашр шудааст. Тарҷумаи тоҷикии он, ки мутобиқ ба тақсимбандии худи Абуалӣ Синост, инчунин тавзеҳот ва чанд намуди луғот аз ҷониби корманди Ин-ти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ Саиднуриддин Шаҳобуддинов пур- ра анҷом ёфта, дар идораи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ба табъ расидааст.
«А.-Қ.» аз назарияҳои ғайриилмӣ ва суннатҳои схоластикии хоси асрҳои миёна фориғ аст. Муаллиф «А.-Қ.»-ро ба номи соҳибдавлате набахшидааст, вазъи бемор ва муолиҷаи онро бо нуҷум (ҳолати кавокиб ва сайёрагон ва таъсири онҳо) вобаста наменамояд. Ибни Сино «А.-Қ.»-ро дар асоси тасаввуроти дурусти илмии таъсири муҳит ба инсон таълиф кардааст: ӯ мегӯяд: «Табиати халқе, масалан, ҳиндуҳо ё исавиҳо, ба шароити иқлими онон мусоид аст. Ҳамаи ҳиндуҳоро як ниҳод хос аст, ки боиси саломатии онҳост, аммо исави- ён табиати дигари ба худ хос доранд, ки саломатии ононро нигоҳ медорад. Агар ҳиндуро табиат бо табиати исавӣ иваз гардад, бемор ё ҳалок мешавад ва баръакс… Ҳар одам мизоҷи муайян ва ниҳоди ҷисми ӯ хислати хос дорад. Аз ин ҷост зарурати таъйин намудани дору мувофиқи табъи ҳар як одам; доруе, ки ба Аҳмад гармӣ мекунад, ба Зоҳид чунон таъсир надорад». «А.-Қ.» аввалин маротиба аз тарафи Нуралиев Ю. дар чорчӯбаи тибби исботӣ ва дастовардҳои тибби муосир ҳамчун системаи мустақили тиббӣ таҳлил шудааст. «А.-Қ.» беш аз 500 сол дар донишкада ва муассисаҳои тиббии ҷаҳон чун китоби дарсии асосӣ ва дастурамал хизмат кард. Асарҳое, ки ҳакимони минбаъда дар илми тиб ба забонҳои арабӣ ва форсӣ тасниф кардаанд, ба «А.-Қ.» асос ёфта ва аксар тақлиде ба онанд. Бисёр қоидаҳои назофат ва нигоҳдории тандурустӣ, усулҳои пешгирӣ ва дармони дардҳо, ки дар «А.-Қ.» зикр ёфтаанд, асоси тибби халқии Шарқ гардида, дар байни мардум маъмул шудаанд.
Ад.: Абӯалӣ ибни Сино, Қонуни тиб, ҷ. 1 – 5, Д., 1991 – 2005; Канон врачебной науки, кн. 1 – 5, Ташкент, 1954 – 60; Терновский В. Н., Ибн Сина, М., 1969; Петров Б. Д., Ибн Сина (980 – 1037), М., 1980; «Канон» Ибн-Сино и современная медицин- ская наука, Д., 1980; Нуралиев Ю., Медицинская система Авиценны, Д., 2005.
М. Диноршоев, Ю. Нуралиев,
С. Шаҳобуддинов, А. Тошев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …