Главная / Илм / АЛИ ИБНИ АББОСИ АҲВОЗИ

АЛИ ИБНИ АББОСИ АҲВОЗИ

imagesАЛИ ИБНИ АББОСИ АҲВОЗИ (с. тав. номаълум – с. ваф. 994), табиб, дар аҳди Сомониён ба сар бурдааст. Бино ба баъзе маълумот корро аз дасти Абӯбакри Розӣ қабул карда, ба Абӯалӣ ибни Сино супоридааст. А. табиби дарбори ҳокимони сомонӣ буд. Дар робита ба тиб чандин таълифот дорад: «Дастури тиб», «Ал-Маликӣ», «Пандномаи пизишкӣ» ва ғ. «Дастури тиб»-и А. то интишор ёфтани «Ал-Қонун»-и Ибни Сино китоби рӯимизии табибони замон маҳсуб мешуд. А. ба масъалаи бо роҳи тачриба санчидани самараи табобат эътибори чиддӣ медод; талаб менамуд, ки раванди муоличаю шифои маризон дар бемористон дақиқ санчида ва дуруст қайд карда шавад. Рисолаи «Ал-Маликӣ» аз чумлаи асарҳои калонҳачми А. буда, бар радифи қомус таълиф шудааст. Он ҳамаи комёбиҳои тибби давронро тачассум ме- намуд. Дар асар масъалаҳои беҳдошт ва парҳез мавриди баррасӣ қарор ёфтаанд. «Пандномаи пизишкӣ»- и А. дастуре барои табибон буд. Он масъалаҳои одобу ахлоқ ва деонтологияро низ дарбар мегирифт.
Бо ақидаи А. «Фақат пизишки ахлоқу одобаш воло ба дили маризон роҳ ёфта метавонад ба онҳо шифо бахшад; мариз ба чунин табиб эътимоду эътиқод баста, ба ӯ саривақт муроҷиат хоҳад кард. Фақат чунин табиб сазовори ҳурмату эҳтироми кулли мардум хоҳад шуд…»
Ад.: Исҳоқӣ Ю., Тоҷиев Я., Таърихи мух- тасари тибби тоҷик, Д., 1993.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …