Главная / Илм (страница 178)

Илм

АЛАФИ САФРО

gratiola-officinalis

АЛАФИ САФРО (Gratiola officinalis), думчагул, мӯрчагул, сафрогиёҳ, симун, гиёҳест бисёрсола. Аз 10 то 60 см қад мекашад. Решааш сершоха, бо пулакчаҳо пӯшида шудааст. Пояаш рост, сершоху барг. Баргаш нештаршакли бутун ё дандонадор. Гулаш то- қаи сафед, дар гулпояи дароз (8 – 20 мм), ки аз бағали баргҳо мебарояд, ҷойгир аст. …

Муфассал »

АЛ-АШАР МАҚОЛОТ ФИ-Л-АЙН

chashm

«АЛ-АШАР МАҚОЛОТ ФИ-Л-АЙН» (Даҳ мақола дар бораи чашм), асари Абӯзайд Ҳунайн ибни Исҳоқи Ибодӣ (808 – 873). Ба забони арабӣ таълиф шудааст. «А.» қадимтарин китоб дар бораи бемориҳои чашм ва роҳҳои муоличаи онҳо дар олами исломӣ мебошад. Дар Бағдод арзи ҳастӣ кардааст ва минбаъд табибони Шарқу Ғарб ба таври васеъ …

Муфассал »

АЛБИНИЗМ

albinizm

АЛБИНИЗМ (лот. albus – сафед), вучуд надоштани пигментатсияи муқаррарӣ дар одам (ранги муқаррарии мӯй, пӯст, пардаи чашм ва ғ.). А. аломати ирсӣ буда, аз мавчудияти гени ретсессивӣ, ки дар ҳолати гомозиготӣ синтези пигментҳо (меланин) – ро бозмедорад, вобастагӣ дорад. Дар одам коэффисиенти зуҳуроти А., яъне мавчуд будани гени А. дар …

Муфассал »

АЛБУМИНҲО

albuminho

АЛБУМИНҲО (аз лот. albumen – сафедии тухм), сафедаҳои табиӣ, ки дар бофтаҳои наботот ва ҳайвонот мавҷуданд. Дар об ва сулфити аммонийи 50-фоиза ҳал мешаванд; дар мавриди ҷӯшондани маҳлули обӣ сохтори А. тағйир меёбад. А. аз аминокислотаҳо иборатанд; онҳо мета- вонанд бо карбогидратҳо, липидҳо ва диг. сафедаҳо пайваст гарданд. Миқдори А. …

Муфассал »

АЛВЕОКОККОЗ

alveokkoz

АЛВЕОКОККОЗ (лот. Alveococcosis), эхинококкози алвеолавӣ, бемории гелминтиест аз гурӯҳи тениидозҳо. Ангезандаи беморӣ алвеококк (Echi- nococcus multilocularis) буда, дар рӯдаи борики ҳайвонот (сагу гурбаҳо, рӯбоҳ, гург ва ғ.) маскун аст. Дар организми одам кирминаҳои он чой мегиранд. Да- розии алвеококки болиғ 1,3 – 2,2 мм аст. Кирминаи он мисли ғудда (гиреҳ)-ест, …

Муфассал »

АЛВЕОЛА

alveola

АЛВЕОЛА (аз лот. alveolus – чашмак, чуқурча, ҳубобча), 1) қисми интиҳои ғадуд, ки чашмакмонанд аст; онро атсинус низ меноманд; 2) қисми аъзои дастгоҳи нафас. Ҳубобчаи бо бофтаҳои пайвандӣ фароги- рифтаест, ки ба чавфи бронхиолаҳо кушо- да мешавад. Аз берун ба он капиллярҳои эндотелий, ки мубодилаи газро байни А. ва хун …

Муфассал »

АЛВЕОЛИТ

alveolit

АЛВЕОЛИТ (Alveolitis), илтиҳоби дандонхона (алвеола), ки бинобар ҳангоми кандани дандон сироят ёфтани он сар мезанад. Нигоҳубини нодурусти алвеола баъди кандани дандон низ метавонад мучиби А. гардад. Сахт дард кардани чойи дандон (баъди 2 – 3 рӯзи кандани дандон пайдо мешавад), бо пардаи хокистарранг ё лах- таи хуни сиёҳ фаро гирифта …

Муфассал »

АЛГОМЕНОРЕЯ

algomenoreia

АЛГОМЕНОРЕЯ (Algomenorrhoea; аз algos – дард, men – моҳ, rhoia – чараён), бо дард ҷараён гирифтани ҳайз. А. яку- мин ва дуюмин мешавад. А.-и якумин дар вақти инфантилизм (пурра сабзиш наёфтани бачадон), бемориҳои системаи асаб, нуқсонҳои инкишофи узвҳои тано- сул (ҷинсӣ) ба назар мерасад. А.-и дуюмин хоси бемориҳои илтиҳобии узвҳои …

Муфассал »

АЛДЕГИДҲО

aldegidi

АЛДЕГИДҲО, пайвастҳои органикӣ. Дар таркиби худ гурӯҳи карбонили бо радикали органикӣ ва атоми гидроген пайваст доранд. А. дар спирт ва эфир хуб ҳал мешаванд. А. аз ҷиҳати химиявӣ хеле фаъоланд. А. зуд оксид шуда, ба кислотаҳо табдил меёбанд. Дар натиҷаи ба А. пайваст шудани гидроген, об, спирт, кислотаи сианид, бисулфати …

Муфассал »

АЛДОЛАЗА

aldolaza

АЛДОЛАЗА, як навъ фермент. Дар организм дар раванди гликолиз ширкат меварзад. Фаъолии А. дар хун дар мавриди ташхиси баъзе бемориҳо аҳамияти калон дорад. А. дар ҳама бофтаҳои организм мавҷуд аст. Он дар бофтаҳои омоси саратонӣ нисбат ба бофтаҳои солим фаъолияти бештар зоҳир мекунад. Ҳангоми баъзе бемориҳо (дистрофияи мушакҳо, иллати паренхимии …

Муфассал »