Главная / Илм / АЛ-КОФИ ФИ СИНОАТИ-Т- ТИБ

АЛ-КОФИ ФИ СИНОАТИ-Т- ТИБ

asar«АЛ-КОФИ ФИ СИНОАТИ-Т- ТИБ», асари табиб ва муначчими дарбори фотимиҳо Муваффақуддин Абӯнаср Аднон ибни Наср ибни Мансур ибни ал- Айнузарбӣ (ваф. 1153). Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Муаллиф с. 1117 дар Миср ба навиштани он шурӯъ карда, онро с. 1153 ба анчом расондааст. Китоб аз муқаддима ва се мақола иборат аст. Мақолаи якум дар баёни куллиёти тиб ва нигоҳдории тандурустӣ ба эътибори фаслҳои сол, таъому шароб, маскану малбас, хобу бедорӣ, варзиш, муҳити зист ва обу ҳаво мебошад. Мақолаи дуввум дар баёни шинохтани бемориҳои хоси ҳар як андом аз сар то қадам, инчунин бемориҳои умуми тан, аз қабили табҳо ва сабабҳову нишонаҳо ва роҳҳои муоличаи онҳо баҳс мекунад. Ин мақола бахши бузургу муҳими китоб буда, қариб беш аз 190 фасл дорад. Мақолаи севвум дар баёни матолибе аз илми нучум аст, ки табиб дар пешаи худ ба онҳо эҳтиёч до- рад. Нусхаҳои хаттии зиёде аз китоб дар китобхонаҳои Ҳалаб, Димишқ, Қоҳира, Мавсил, Ҳайдаробод, Оксфорд, Лондон, Париж, Мюнхен, Вашингтон, Гренада ва Берлин маҳфуз мебошанд.
Ад.: «Абҳосу-н-надвати-л-оламияти-л-уло ли
таърихи-л-улум инда-л-араб», ч. 1, Ҳалаб, 1977.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …