Главная / Илм (страница 190)

Илм

АНЕВРИЗМА

anevrizma

АНЕВРИЗМА (Aneurysma; ба маънои васеъ шудан), васеъ гаштани рагҳои хун ё ҷавфи дил, ки дар натиҷаи ёзидан ва дамидани девораҳои он ба вуҷуд меояд. А.-ро чун боди сактаи дил, атеросклероз, сифилис ва диг. бемориҳо, ҳамчунин натиҷаи захм (А.-и захмӣ) медонанд. Маълум аст, ки нуқси модарзоди девораи раг метавонад боиси пайдоиши …

Муфассал »

АНЕСТЕЗИОЛОГИЯ

anasteziologiya

АНЕСТЕЗИОЛОГИЯ (Anaesthesiologia; аз юн. anaisthesia – беҳиссӣ, карахтӣ ва …логия), як фасли тибби амалист, ки масъалаҳои рафъи дард ва идораи фаъолияти ҳаётан муҳими организм (нафаскашӣ, гардиши хун, мубодилаи моддаҳо ва ғ.)-ро таҳия месозад. Баъзе усулҳои А. ба табибони қадим маълум буд. Мас., онҳо бо мақсади карахт кардан аз маводи мухаддир, …

Муфассал »

АНЗОБ

anzob

АНЗОБ, чашмаи хунуки минералӣ, 95 км шимолтари Душанбе (8 км шимолтари ағбаи Анзоб), дар сари роҳи Душанбе – Хуҷанд, дар баландии 3179 м аз с. б. воқеъ аст. Дебиташ 0,5 л/сон., минералнокиаш 1,3 г/л. Оби А. дар таркиби худ гидрокарбонати калсий, магнию натрий дорад. Ад.: Чуршина Н.М., Минеральные воды Таджикистана, …

Муфассал »

АНИС

anis

АНИС [Pimpinella anisum (≈ Anisum vulgare)], анисун, бодиёни румӣ, бодиёни мисрӣ, бодиёни форсӣ, гиёҳест яксола; ба кашниз ва ҷаъфарӣ монандӣ дорад. Бехаш дукмонанд (дарозиаш 50 – 90 см), пояаш рост (20 – 70 см қад мекашад), пашмакдор. Баргаш дар поя пайдарҳам ҷойгир шудааст. Барги бехи пояаш паррадор ё яклухт, думчадароз; …

Муфассал »

АНКАБУТИЯ

OLYMPUS DIGITAL CAMERA

АНКАБУТИЯ, тӯрпарда, яке аз пардаҳои девораи ғӯзаи чашм. А. ғӯзаи чашмро аз дарун фаро гирифтааст. Пардаи хеле нафис буда, сохтори мураккаб дорад. Қабати берунии А. аз ҳуҷайраҳое ташаккул ёфтааст, ки вобаста ба шакл онҳро ҷомчаҳо ва қаламчаҳо меноманд. Ҷомчаҳо барои эҳсоси ранг, қаламчаҳо бошанд, барои дарки рӯшноӣ хизмат мекунанд. Қабати …

Муфассал »

АНКИЛОЗ

ankiloz

АНКИЛОЗ (аз юн. ankylos – каҷ), беҳаракатии банду буғумҳо дар натиҷаи ба ҳамдигар васл шудани онҳо. Ду намуди А. мавҷуд аст: фиброзӣ (банду буғумҳо дар натиҷаи дар байни онҳо сабзидани бофтаи фиброзӣ ноҷунбон мешаванд) ва устухонӣ (тағояки буғумҳо қисман ё пурра вайрон шудаанд ва дар сатҳи урёншудаи онҳо бофтаи устухонӣ …

Муфассал »

АНКИЛОСТОМИДОЗҲО

ankilostomidozi

АНКИЛОСТОМИДОЗҲО (Ankylostomidoses), як гурӯҳи бемориҳо, ки кирмҳои лӯнда (анкилостомидаҳо) ба вуҷуд меоранд. Дар рӯдаи одам 2 намуди анкилостомидаҳо – анкилостома ва некатор сукунат дорад. А. дар мамлакатҳои иқлимашон торпикӣ ва субтропикӣ паҳн шудаанд. Дар мамлакатҳои иқлимашон мӯътадил ба А. шахсоне гирифтор мешаванд, ки дар зери замин, дар шароити рутубаташ зиёду …

Муфассал »

АНОМАЛИЯ

anomaliya

АНОМАЛИЯ (Abnormitas), инҳирофи ташаккул. Дар мавриди А узв сохти ғайримуқаррарӣ мегирад ё берун аз ҷои худ ҷойгир мешавад. Мавҷуд будани узвҳои зиёдатӣ низ А. маҳсуб меёбад (мас., ангушти барака).

Муфассал »

АНОНИХИЯ

anonihija

АНОНИХИЯ (Anonychosis), анонихоз, дар ангуштон набудани нохун. А. яке аз шаклҳои дистрофияи нохунҳост. Ба дистрофияи нохунҳо мансубанд: атрофияи нохунҳо – ниҳоят тунук шудани нохунҳо; гипертрофияи нохунҳо – ғафс шудани лавҳачаи нохунҳо; макродактилия – калон шудани андозаи ангуштогн ва нохунҳо; микродактилия – хурд шудани андозаи ангуштон ва нохунҳо; зиштии ангуштон ва …

Муфассал »

АНОР

granat

АНОР (Punica granatum), нор, руммон, бутта ё дарахтест начандон калони сертана. То 2 – 5 м қад мекашад. Навдаҳояш хокистарранги сабзтоб, пӯстлохи шохҳояш хокистарранги хира, баргаш байзашакли нӯгтез, гулаш сурхи кӯзачамонанд, зангӯлашакл. Мевааш калон, пӯсташ чармгуни сурх ё зардтоб. Апр. – май гул карда, мевааш сент. – окт. мепазад. Анорзорҳои …

Муфассал »