Главная / Илм / АЛМАГЕЛ

АЛМАГЕЛ

almagelАЛМАГЕЛ, як навъ доруи омехта. Аз гидроксиди алюминий ва гидроксиди магний иборат аст. Пардаи луобии меъдаро аз таъсири кислотаи хлорид муҳофизат мекунад. А. таъсири бедардгардонӣ низ дошта маҳсули турши меъдаро нест, зардачӯш ва дардро ҳангоми решмараз, метеоризм (дамиши шикам), ихтилоли функсияи рӯдаҳо кам месозад. А. қабати муҳофизиро ба вучуд оварда, ҳамзамон барои дар луобпардаи меъда баробар паҳн шудани моддаҳои фаъол мусоидат мекунад, таъсири тӯлонии мавзеӣ боқӣ мегузорад.
А.-ро ҳангоми решмарази меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, гастрити шадид ва музмин, эзофагит, чурраи диафрагма ва токсикози ҳомилагӣ истифода мебаранд. Рӯзе 3 – 4 қошуқча (30 дақиқа пеш аз хоб) истеъмол кардан лозим. Дар мавриди решмарази рӯдаи дувоздаҳангушта ва баъзе шаклҳои решмарази меъда А.- ро дар байни ғизои асосӣ тавсия кардан мумкин аст. Ҳангоми бемориҳое, ки дард, қай ва дилбеҳузурӣ доранд, «Алмагели А.» нафъ мерасонад. Вояи дору барои кӯдакон ба таври инфиродӣ (бо маслиҳати духтур) муайян карда мешавад. Пеш аз истифодаи А. онро такон додан лозим аст. А. бинобар алюминийи зиёд доштанаш баъзан боиси қабзият хоҳад шуд. Якчоя истеъмол намудани А.-е, ки анестезин дорад («Алмагели А») ва доруҳои сулфаниламидӣ мумкин нест. Агар шахс гирифтори бемории гурда, дил ё гипертония бошад, пас пеш аз истеъмоли А. бояд бо духтур машварат бикунад. Б. О. Ишонқулова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …