Главная / Илм / АЛДОСТЕРОМА

АЛДОСТЕРОМА

aldosteromaАЛДОСТЕРОН (Aldosterone), электрокортин, алдокортин, гормони қишри ғадуди болои гурда; мансуби кортикостероидҳост. А. дар организм мубодилаи минералҳоро танзим карда, минералокортикоиди асосӣ маҳсуб мешавад. А. соли 1952 дар шакли кристаллӣ ҷудо карда шудааст. Онро с. 1959 В. Ветштетер синтез намуд. А. барои дар организм боздошта шудани ионҳои натрий (Na+) ва тавассути пешоб, оби даҳон, арақ хориҷ гаштани ионҳои калий (К+) мусоидат мекунад. Норасоии Na+ ва барзиёдии К+ дар ғизо боиси барзиёд ҳосил шудани А. мегардад. Норасоии А. (мас., ҳангоми бури- да партофтани ғадудҳои болои гурда, бемории аддисонӣ), ки дар натиҷаи он натрий якбора талаф меёбад, муҷиби фавти организм хоҳад шуд. Ҳангоми барзиёд тавлид ёфтани А. (мас., дар мавриди омоси ғадудҳои болои гурда, баъзе бемориҳои дил, гурдаҳо) об дар организм ғун (варам) ва фишори хун баланд мешавад.
А. М. Сабурова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …