Главная / Илм (страница 200)

Илм

АСПИРАТСИЯ

servo_nava

АСПИРАТСИЯ (аз лот. aspiratio – нафаскашӣ), 1) ба воситаи асбобу ускунаҳо берун кашидани моеъ ё ҳавое, ки дар натиҷаи бемориҳои гуногун дар ҷавфи бадан, банду буғум, римхона ғун шудааст. 2) Ҳангоми нафасгирӣ ба роҳи нафас афтодани ҷисмҳои бегона, зарраҳои ғизо, хун, дандонҳои сунъӣ ва ғ.; дар мавриди беҳуш будани бемор …

Муфассал »

АССЕНИЗАТСИЯ

assenizacia

АССЕНИЗАТСИЯ (Assanatio; аз франсавии assainissement – тоза кардан), ғун овардану безарар гардондани наҷосат дар маҳалҳое, ки қубури гандоб (канализатсия) надоранд. А. таҳти назорати идораҳои хоҷагии коммуналӣ мебошад. Барои ҷамъоварии наҷосат аз чоҳи халоҷо ва барои гандобҳо аз чоҳе, ки дар рӯи ҳавлӣ канда шудааст, истифода мебаранд (онҳоро моҳе ду бор …

Муфассал »

АС-СУВАЙДӣ

20759637_522043711472572_5484714872404967424_n

АС-СУВАЙДӣ, Иззуддин Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Тархони Сувайдӣ (1203 – 1291), табиб; аз пизишкони маъруфи Димишқ буда, тамоми рӯзгораш дар он ҷо гузаштааст. Ҳамчун раиси табибон дар бемористонҳои Бобулбарид ва Нурӣ хизмат кардааст. Китобҳои зерин аз таълифоти ӯ дар тиб мебошанд: «Ал-Боҳир фӣ хавоси-л-ҷавоҳир»; «Ат-Тазкирату-л-ҳодия ва-з-захирату-л-кофия»; «Шарҳу «Мӯҷази-л-Қонун»-и Ибни …

Муфассал »

АСТЕНИЯ

zdzd

АСТЕНИЯ (юн. asthenia – сустӣ, беҳолӣ, нотавонӣ), ҳолати сустии ҷисмонӣ ва рӯҳии организм. А.-и кӯтоҳмуддат дар давраи сиҳатёбӣ аз бемориҳои сироятии шадид (тиф, грипп, вараҷа ва ғ.), А.-и дарозмуддат дар вақти бемориҳои музмин (сил, сифилис) ва лоғарӣ аз гуруснагии бардавом мушоҳида мешавад. Заъфи асабу рӯҳиро, ки аз сабабҳои гуногун (бемориҳо, …

Муфассал »

ГАСТРОСКОПИЯ

gastroskopiya

Ҳангоми шунидани ин калима шояд меҳроби дилатон ях мекунад ва рефлексии қайкунӣ пайдо мешавад. Пас маълум мешавад, ки шумо дар асри гузашта зиндагӣ мекунед, он вақтҳое ки рӯдарезини хеле дарози ғафси сиёҳеро ба гулӯи шумо тела мекарданд. Имрӯзҳо ин гуна таҳқиқро бе ҳеҷ гуна дард ва амалан бе ҳеҷ ноқулайӣ …

Муфассал »

Велоэргометрия

velo-ergometriya

Велосипед чӣ гуна монандиҳоро ба ёди шумо меорад? Тобистон дар дача буданро – гуфта, ҷавоб медиҳад шаҳрванди миёнаҳол (миёнастатистикӣ). Тур де Франс – гуфта, лабханд мезанад ҳавасманди варзиш, велоэргометрия гуфта, оҳи сарде мекашанд, ҷуфти кардиолог ва шахси дилкасал. Агар духтур шуморо барои тоб додани педалҳо равона карда бошад – ба …

Муфассал »

Бронхоскопия чист

bronhoskopiya

«Барои чӣ як одами хуберо ба бронхоскопия равон меунед? – гуфта аксар вақт аз пульмонолог  ё аз ҷарроҳи торакалӣ (торакального хирурга) мепурсанд. Биёед мутахассисони соҳаҳои ҷудогонаро (махсусро) пуштибонӣ мекунем: ин таҳқиқи инвазивӣ аст (яъне бронхоскоп ба даруни организми одам ворид мешавад), меҳнати бронхоскопист бошад арзон намеистад, барои ҳамин ҳам агар …

Муфассал »

АСТЕНОПИЯ

astenopiya1

АСТЕНОПИЯ (Asthenopia; аз юн. asthenes – заиф, суст ва opos – чашм), ҳангоми кори марбут ба босира зуд хаста шудани чашм, хусусан дар вақти ба чашм наздик будани объект. А. татобуқӣ (аккомодатсиявӣ) ва мушакӣ мешавад. А.-и татобуқӣ бинобар сахт таранҷиш ёфтани мушакҳои мижгон ҳангоми татобуқ, дурбинӣ, астигматизм ба вуҷуд меояд. …

Муфассал »

АСТИГМАТИЗМ

astigm01

АСТИГМАТИЗМ (Astigmatismus; а – ҳиссачаи инкорӣ ва stigma – нуқта), нуқси биниши чашмро гӯянд, ки дар мавриди он дурбинӣ, наздикбинӣ ва диг. иллатҳои чашм дар як вақт зуҳур меёбад. Мас., дар биниши амудӣ чашм дурбин, дар биниши уфуқӣ бошад, мӯътадил ва ғ. мешавад. Ин, одатан, ба хамидагии ҳархелаи қарния, инчунин …

Муфассал »

АСТМА

74cf2eb8-8890-4a6c-9fbb-a6acda3beb99

АСТМА (аз юн. asthma – буғӣ шудан), хуруҷи нафастангӣ. Бинобар танг шудани равзани бронхҳо (ниг. Зиқи нафас) ё чун зуҳуроти иллати дил (ниг. Хафакон), баъзан аз чанд сабаб ба вуҷуд меояд. А. ҳолатест, ки ба он ёрии ниҳоят таъҷилии тиббӣ зарур аст. Ҳангоми хурӯҷи ҳама хелҳои А. пойҳои беморро овезон …

Муфассал »