Главная / Илм / АЛЛЕРГЕН

АЛЛЕРГЕН

allergenАЛЛЕРГЕН (Allergen), антигенҳое, ки дар ашхоси нисбати онҳо ҳассос аксу- ламали аллергиро ба вуҷуд меоваранд. Аксуламали аллергӣ тадриҷан баъди ба организм ворид шудани А. (пас аз 24 – 72 соат) оғоз мегардад, вале агар дар хуни бемор оид ба ҳамин А. подтан (ҷисми бе- гона) мавҷуд бошад, он тезтар, яъне баъди 15 – 20 дақиқа ба вуқӯъ меояд. Вобаста ба пайдоиш А.-ҳо маишӣ, пӯстӣ, инсектисидӣ ва ғ. мешаванд. Мучиби аллергия метаво- над гарди растанӣ, чанги хона, матоъҳои синтезӣ, баъзе хӯроквориҳо, дорувориҳо ва диг. А.-ҳо бошад. А. ба организм ворид шуда, дар бофтаҳои лимфоидӣ подтан ҳосил мекунад. Дар натича моддаҳои ба- рои организм заҳрнок (гистамин, атсетил- холин, гепарин, брадикинин) ҳосил меша- ванд. Ниг. низ Аллергия.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …