Главная / Илм / АЛЛЕРГИЯ

АЛЛЕРГИЯ

allergiyaАЛЛЕРГИЯ (Allergia; аз юн. allos – ди- гар, бегона ва ergon – таъсир), ҳассосияти баланди организм, ки дар натичаи таъсири баъзе омилҳои муҳит, мас., моддаҳои химиявӣ, микробҳо ва маҳсули фаъолияти ҳаёти онҳо, хӯрокворӣ, дору ва ғ., ки онҳоро аллерген меноманд, ба вучуд меояд.
Истилоҳи «аллергия»-ро ба илм с. 1906 духтури австриягӣ К. Пирке барои ифодаи аксуламали ғайримуқаррарии баъзе кӯдакон, ки баъди тазриқи зардоби зидди гулӯзиндонак пайдо мешуд, чорӣ кардааст. А. боиси инкишофи бемориҳои аллергӣ мегардад.
Бемориҳои аллергӣ (зиқи нафас, полли- ноз, саглес, зукоми аллергӣ, дерматитҳо, А.-и хӯрок ва дору) аз давраҳои қадим маълуманд. Ҳанӯз ҳаким Буқрот таъкид карда буд, ки баъзе хӯроквориҳо ба ор- ганизми одам намефоранд ва боиси пайдоиши саглес ва ихтилоли кори меъда ме- гарданд. Ба гуфтаи табиб Ҷолинус баъзан аз бӯи гул зуком ба вучуд меояд. Дар а. 19 исбот шуд, ки сабаби табларзаи хасбедагӣ тавассути нафаскашӣ фурӯ бурдани гарди растаниҳост (ниг. Поллиноз); ҳамчунин фарзияе пайдо шуда буд, ки ба роҳи нафас афтодани гарду чанг боиси пайдоиши бемории зиқи нафас мегардад.
Бемориҳои аллергӣ дар тамоми чаҳон паҳн шудаанд. Дар баъзе мамлакатҳо то 10%-и аҳолӣ гирифтори бемориҳои гуногуни аллергӣ аст. Бештар зиқи нафас, поллиноз ва саглес густариш ёфтаанд, ки натичаи фаровон истифода бурдани антибиотикҳо барин доруҳост. Тараққиёти пуравчи саноати химия ва истеҳсоли миқдори зиёди моддаҳои гуногуни синтезӣ, рангҳо, хокаҳои чомашӯӣ ва ғ. низ яке аз омилҳои густариш ёфтани бемориҳои аллергӣ мебошанд.
1) Пайвастҳои гуногун – аз моддаҳои со- даи химиявӣ (бром, йод) то моддаҳои му- раккаб (сафедаҳо, полисахаридҳо) – метавонанд чун аллерген таъсир расонанд. Баъ- зеи аллергенҳо ба организм аз берун ворид шуда (аллергенҳои экзогенӣ), баъзеи дигар дар худи организм ташаккул меёбанд (аллергенҳои эндогенӣ ё аутоаллергенҳо). Аллергенҳои экзогенӣ ду хел мешаванд: ғайрисироятӣ (гарду чанги хона, пашми ҳайвонот, дору, моддаҳои химиявӣ, гарди растанӣ, хӯроквориҳои гӯштиву ширӣ ва наботӣ) ва сироятӣ (бактерияҳо, вирусҳо, занбӯруғҳо ва маҳсули фаъолияти онҳо). Аллергенҳои экзогенӣ ба организм бо роҳҳои гуногун ворид шуда, боиси осеби узвҳо мегарданд. Онҳо ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешаванд. Аллергенҳои биологӣ – микробҳо (ниг. Бактерияҳо), вирусҳо, занбӯруғҳо (ниг. Занбӯругҳои микроскопӣ), гелминтҳо, ваксинаҳо ва зардобҳо (ниг. Вакси- на, Зардоб). А. боиси пайдоиши брутселлёз, махав, сил, домана ва ғ. барин бемориҳо мегардад. Ин намуди А.-ро А.-и сироятӣ ва гурӯҳи бемориҳоеро, ки аз микробҳо, занбӯруғҳо ё вирусҳо ба вуҷуд меоянд (А. дар инкишофи онҳо мавқеи хос дорад), бемориҳои аллергию сироятӣ меноманд. Ҳамчунин баъзан микробу занбӯруғҳое, ки дар пӯст ё роҳҳои нафас, даҳон ва рӯда вуҷуд доранд, боиси инкишофи ин гуна бемориҳо хоҳанд шуд. Микробҳои бемо- риовари дандонҳои пӯсида, ҷавфи бинӣ, талхадон (ҳангоми газаки онҳо) низ ман- баи А. ба шумор мераванд. Тазриқи зардобу ваксинаҳо баъзан боиси анафилаксия мегардад. Ҳини гелминтозҳо бошад, дар натиҷаи ҷаббида шудани маҳсули таҷзия ва мубодилаи гелминтҳо А. ба вуҷуд меояд.
2) Аллергенҳои доруӣ. Ҳар дору метавонад реаксияи аллергиро пайдо кунад (мас., кодеин, аспирин, сулфаниламидҳо, пенитсиллин ва ғ.). Истеъмоли новока- ин, витамини В1 ва диг. доруҳо бошад, бештар боди аллергӣ меорад. Суръати реаксияи аллергӣ ба миқдори истеъмоли дору вобаста аст. Антибиотикҳо (хусусан пенитсиллин), ки солҳои охир истеъмоли онҳо беш аз пеш меафзояд, таъсири бади аллергӣ доранд. Даври муолиҷа ҳар қадар такрор шавад, оқибати нохуши А. ҳамон қадар зиёдтар аст. Пенитсиллин нисбат ба диг. доруҳо бештар муҷиби А. мегардад. Дар хотир бояд дошт, ки истеъмоли дору бидуни тавсияи духтур басо хатарнок аст.
3) Аллергенҳои рӯзгор. Чанги гилем, сарулибос, кӯрпаву болин, занбӯруғҳои девори намкашидаи хона, ҳашарот (кана, нонхӯрак, кайк ва ғ.), инчунин аллергенҳои пӯст (мӯй, пашм, сабӯсаки ҳайвонот) ба аллергенҳои рӯзгор до- хил мешаванд. Солҳои охир реаксияҳои аллергӣ аз маводи химиявии рӯзгор, ху- сусан аз васоити шустушӯ, зиёд шудаанд. Аллергенҳои рӯзгор бештар бемориҳои аллергии роҳи нафасзиқи нафас ва зуко- ми аллергиро ба вуҷуд меоранд.
4) Аллергенҳои гард. Дар натиҷаи ба организм ворид шудани гарди баъзе растаниҳо амрози аллергӣ сар мезананд. Гарди наботот бештар тавассути шамол паҳн шуда, зуком, конъюнктивит ва диг. поллинозҳоро ба вуҷуд меорад.
5) Аллергенҳои ғизоӣ. Истеъмоли шир, гӯшт, моҳӣ, помидор, меваҳои ситрусӣ, шоколад, қулфинай, шоҳтути заминӣ ва ғ. бештар сабаби А. мегарданд. Иллате, ки дар натиҷаи тавассути меъдаю рӯда ба организм ворид шудани аллерген инкишоф меёбад, А.-и ғизоӣ ном дорад. Он осебҳои аллергие, ки дар худи меъдаю рӯда бинобар ба организм бо роҳи дигар ворид гаштани аллерген пайдо шудаанд, А.-и меъдаю рӯда меноманд. Мас., аллергене, ки ба организм тавассути пардаи луобии роҳи нафас ворид мегардад, имкон дорад дар ҳар қисми меъдаю рӯда ҳолати аллер- гиро ба вуҷуд оварад. Ҳангоми А.-и ғизоӣ реаксияи аллергӣ баъди чанд дақиқаи ба меъдаю рӯда ворид шудани аллерген зоҳир мешавад. Мас, агар одам ба шир А. дошта бошад, баъд аз чанд дақиқаи истеъ- моли он ногаҳон қай ва исҳол рӯй медиҳад. Дертар аломатҳои дигари беморӣ (саглес, табларза) низ ба вуҷуд меоянд. Баъзан нишонаҳои нахустини реаксияи аллергӣ дар меъдаю рӯда баъд аз чанд соат пайдо мешаванд. Одатан, А.-и ғизоӣ дар заминаи ихтилоли кори меъдаю рӯда авҷ мегирад. Барзиёд хӯрондани кӯдакон низ ба инкишофи А. мусоидат мекунад (аксар вақт аллергенҳои хӯрок дар онҳо диатезро ба вуҷуд меоранд; ниг. Ширинча). Бояд гуфт, ки нафоридани ин ё он хӯрокворӣ ҳамеша ба А. вобаста нест. Эҳтимол, сабаби ин норасоии баъзе ферментҳои ҳозима бо- шад, ки боиси вайрон шудани ҳазми хӯрок ва исҳол мегардад (нишонаҳои он ба А.-и ғизоӣ монанд мебошанд).
6) Аллергенҳои саноатӣ. Дар натиҷаи тараққиёти пуравҷи саноати химия тамос (контакт)-и одамон бо мод- даҳои гуногун зиёд шуда, боиси пайдои- ши реаксияҳои аллергӣ (асосан дар на- муди бемориҳои пӯст) гардид. Скипидар, равғанҳои маъданӣ, никел, хром, марги- муш, зифт, моддаҳои даббоғӣ, рангуборҳои азонафтолӣ, локҳо, инсектофунгисидҳо, формалин, карбамид, қатрони эпоксидӣ, детергентҳо, аминобензолҳо, ҳосилаҳои хинолин, хлорбензол ва ғ. аллергенҳои саноатӣ маҳсуб мешаванд. Дар сартарош- хона ва чойҳои пардозгарӣ рангубор барои мӯй, абрӯ, мижгон, моддаҳои атторӣ, дар фотолабораторияҳо бошад, гидрохи- нон ва пайвастҳои бром таъсири аллергӣ мерасонанд.
7) Омилҳои физикӣ – гармӣ, хунукӣ ва ангезиши механикӣ гурӯҳи мах- суси аллергенҳо мебошанд. Чунин мешуморанд, ки бисёр вақт аз таъсири онҳо дар организм моддаҳои махсус ҳосил шуда, оқибат ба аллерген табдил меё- банд. Баъди ба организм ворид шудани аллерген, реаксияҳои аллергӣ ба вучуд меоянд. Онҳо ду хел мешаванд: махсус ва номахсус. Инкишофи реаксияи мах- сус аз давраи ниҳонӣ иборат аст. Дар ин давра ҳассосияти организм ба аллерген меафзояд (онро сенсибилизатсия меноманд). Сенсибилизатсия дар натичаи дар организм ҳосил шудани моддаҳои бегона (сафедаҳо, ки чавобан ба аллергени воридгашта ҳосил мешаванд ё лимфоситҳое, ки бо аллерген таъсири мутақобила доранд) ба вуқӯъ мепайвандад. Агар дар лаҳзаи пайдоиши онҳо аллерген аз организм дур карда шавад, он гоҳ нишонаҳои беморӣ падид намеоянд. Ҳангоми такроран ба организм таъсир намудани аллерген, организм ба он ҳассос шуда, реаксияи аллергӣ (таъсири мутақобилаи моддаҳои бегона ё лимфоситҳо бо аллер- гене, ки боиси ҳосил шудани онҳо гарди- дааст) авч мегирад. Дар натичаи чунин таъсири тарафайни аллергену организм моддаҳои химиявӣ (гистамин, серотонин ва ғ.) ҳосил шуда, ба бофта ва ҳучайраю узвҳо осеб мерасонанд (осеб баҳри ташаккули бемориҳои аллергӣ замина фароҳам меорад). Дар сурати бори аввал ба организм ворид гаштани аллерген, реаксияҳои номахсуси аллергӣ рӯй медиҳанд. Дар ин гуна мавридҳо ҳассосияти организм баланд намешавад, аммо худи аллерген моддаҳое ҳосил мекунад, ки онҳо ҳучайра, бофта ва узвҳоро иллатӣ месозанд. Идиосинкразия аз чумлаи реаксияҳои номахсус аст. Реаксияҳои аллергӣ вобаста ба замонаи падидоӣ ду хел мешаванд: бетаъхир ва суст. Баъд аз 15 – 20 дақиқаи ба бемор таъсир кардани аллерген, реаксияҳои аллергии пӯст ва узвҳо зоҳир мешаванд, ки онҳоро, одатан, реаксияҳои бетаъхир мегӯянд. Обилаи пӯст, ихтилоч (спазма)-и бронхҳо ва ихтилоли кори меъдаю рӯда аз чумлаи ин гуна реаксияҳо мебошанд. Сада- маи анафилаксӣ, поллинозҳо, саглес, зиқи нафас, бемории зардобӣ ва обварам (обварами Квинке) низ мансуби реаксияҳои аллергии бетаъхиранд. Бемории зардобӣ баъд аз тазриқи зардоб ё гамма-глобулин (пас аз 2 – 12 рӯз) сар мезанад (ҳангоми он ҳасба, хориш, варами гиреҳҳои лимфавӣ, таб ва ғ. пайдо мешавад). Варами зудгузару маҳдуди пӯст ва пардаҳои луобӣ, ки зери таъсири ин ё он аллерген ба вучуд меоянд, аломатҳои обварами Квинке мебошанд. Он бештар дар рӯй, баъзан дар луобпардаи даҳон, ҳанчара (ниг. Хурӯсак) ва меъдаю рӯда мушоҳида мегардад. Реаксияҳои сусти аллергӣ, одатан, пас аз чанд соат ё чанд шаборӯз авч мегиранд. Бемориҳои пӯст, ки дар коркунони саноати химия, дорусозӣ, кормандони тиб, инчунин ҳини ҳассосияти баланди организм нисбати бактерияҳо мушоҳида мешаванд (мас., ҳангоми сил, брутселлёз, манқагӣ, туляремия ва ғ.), аксуламалҳои сусти аллергӣ маҳсуб меёбанд.
А. метавонад дар ҳама ҳолатҳои тамоси организм бо аллерген ба вучуд наояд. Дар пайдоиши он ирсият, ҳолати силси- лаи асаб ва ғадудҳои эндокринӣ мақоми муайян доранд. Муқаррар кардаанд, ки агар волидайн гирифтори поллинозҳо, садамаи анафилаксӣ, зиқи нафас (шакли ирсии он), баъзе намудҳои зукоми аллергӣ бошанд, пас имкон дорад, ки дар бештар аз 70 фисади кӯдакони онҳо низ бемориҳои аллергӣ ба мушоҳида расанд. Дар оилаҳое, ки яке аз волидайн бемор аст, то 56 фиса- ди кӯдакон гирифтори амрози аллергӣ мешаванд. Дар кӯдакон вобаста ба намуди аллерген ва тарзи ба организм ворид гаш- тани он, бемориҳои аллергӣ шаклҳои гуногун мегиранд. Ихтилоли кори силсилаи асаб, ғадудҳои эндокринӣ, захми майна, эҳсосоти манфӣ ва заъфи кори ғадудҳои болои гурда ба инкишофи А. мусоидат менамоянд. Қобилияти ба сафедаҳою ҳуҷайраҳои худи организм мутаассир буданро аутоаллергия меноманд. Дар аснои он аллерген эндоаллерген (аз эндо – дарунӣ) ном мегирад. Таълимот оид ба ау- тоаллергия бо номи олими барҷастаи рус, микробиолог ва иммунолог И.И. Мечни- ков вобаста аст. Эндоаллергенҳо ду навъ – табиӣ (аслӣ) ва ғайритабиӣ мешаванд. Ба эндоаллергенҳои табиӣ баъзе сафедаҳои бофтаҳо хос мебошанд.
Сафедаҳои барои организм бегона (онҳо ҳангоми сӯхтагӣ, бемории шуоӣ, ин- чунин дар натиҷаи пайвастан ба токсинҳо ё доруҳое, ки ба организм ворид шуда- анд, ба вуҷуд меоянд)-ро эндоаллергенҳои иктисобӣ (дар ҷараёни ҳаёт пайдошуда) меноманд. Организм сафедаҳои худиро аз сафедаҳои бегона фарқ мекунад. Дар асл бофтаҳои хусусии организм иллат надо- ранд, зеро бар зидди онҳо аллерген (эндо- аллерген) ҳосил намешавад. Ҳангоми ау- тоаллергия таъсири омилҳои муҳофизатии организм ба муқобили бофтаҳои худи он нигаронида мешаванд (моҳияти аутоаллергия аз ҳамин иборат аст). Дар мавриди аз ҳадди муайян гузаштани осеби бофтаҳо раванди аутоаллергия ба бемории аутоаллергия табдил меёбад. Баъзе намудҳои камхунии гемолизӣ, миастения ва гломерулонефрит аз ҷумлаи чунин бемориҳо мебошанд. Олимон тахмин мекунанд, ки аутоаллергия дар инкишофи тарбод, реш- марази рӯда, зиқи нафас (шакли сироятию аллергии он) ширкат меварзад. Ҳангоми ташхиси бемориҳои аллергӣ аз мариз муфассал пурсидани таърихи касалӣ басо муҳим аст. Бо ин роҳ оид ба хусусияти беморӣ ва сабабҳои он метавон хулоса баровард (духтур тахмин мекунад, ки кадом гурӯҳи аллергенҳо боиси беморӣ гашта- анд). Аллергенҳои бемориангезро тавассути озмоиши махсус ва тадқиқи лабораторӣ ошкор месозанд. Одамони ба бемориҳои аллергӣ дучоршударо фақат духтур табобат мекунад. Қатъ намудани тамоси бемор бо аллергени ошкоргашта ва коҳиш додани ҳассосияти организм нисбати он илоҷи асосии пешгирии беморист. Паст кардани ҳассосияти организм ба аллерген гипосен- сибилизатсия ном дорад. Гипосенсибилизатсия дар натиҷаи миқдори торафт зиёди аллергенро ба организм ворид намудан ва дар бофтаҳо пайдо шудани подтанҳои махсусе, ки аллергени бегонаро пайваст мекунанд, ҳосил мегардад. Аз ҳамин сабаб тамоси аллерген бо подтанҳои ҳуҷайраю бофтаҳо қатъ шуда, реаксияи аллергӣ ба вуқӯъ намеояд. Гипосенсибилизатсияи махсус ба шарте гузаронида мешавад, ки агар дар бемор аломатҳои маризӣ ба мушоҳида нарасанд. Дар мавриди хурӯҷи беморӣ аз усулҳои муолиҷае истифода мебаранд, ки онҳо инкишофи А.-ро қатъ ва аломатҳои бемориро рафъ месозанд (мас., дар мавриди паст шудани фишори хун доруҳои тангкунандаи раг ва ҳангоми ташаннуҷи бронхҳо доруҳои васеъкунан- даи бронхҳоро медиҳанд).
Дар ҷумурӣ бисёр беморхонаҳо утоқ ва шӯъбаҳои махсуси аллергологӣ до- ранд. Дар онҳо духтурон – аллергологҳо кор мекунанд. Ташхиси бемориҳои аллергӣ, муолиҷа, бистаригардонии маризон, кумаки машваратӣ ба муассисаҳои муолиҷавии дигар, баҳисобгирӣ ва омории бемориҳои аллергӣ, тарғиби дастовардҳои аллергологӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосии утоқҳои аллергологӣ маҳсуб меёбанд.
Барои пешгирии бемориҳои аллергӣ андешидани тадбирҳои зерин ногузиранд: 1) ҷилавгирӣ аз тамоси такрорӣ бо мод- даҳое, ки ҳассосияти баланди организм- ро ба вуҷуд меоранд; 2) роҳ надодан ба халалдор шудани реаксияи муҳофизатии организм. Ба тадбирҳои якум маҳдуд на- мудани истеъмоли доруҳои гуногун (яъне дар ҳолатҳои зарурӣ ва фақат бо тавсияи духтур истифода кардани онҳо), корбасти технологияи пешқадам (тамоси коргарон- ро бо аллергенҳо пешгирӣ мекунад) ва тоза нигоҳ доштани манзили зист тааллуқ доранд. Ба тадбирҳои дуюм бартараф на- мудани манбаи сироят дар организм до-
хил мешавад (табобати дандонҳои иллатӣ, газаки чавфи бинӣ, илтиҳоби талхадон, бронхитҳо ва ғ.). Мӯътадил гардондани фаъолияти меъдаю рӯда пайдоиши А.-и ғизоиро пешгирӣ мекунад. Шири мо- дар муҳимтарин воситаи пешгирии А.-и кӯдакон аст (бисёр кӯдакон аз истеъмоли ғизоҳои сунъӣ гирифтори А. мешаванд). Баҳри дучор нагаштан ба А. риояи низоми дурусти меҳнат ва истироҳат низ аҳамияти калон дорад.
Ад.: Адо А. Д., Полнер А. А., Совре- менная практическая аллергология, М., 1993; Сит- кевич А. Е., Казеко А. Г., Профилактика и лечение аллергических заболеваний кожи, М., 1997; Общая аллергология, С – Пб., 2001; Зоиров П. Т., Частная дерматология и венерология, Д., 2007; Гаффарова М.А., Аллергические заболевания в детском возрасте, Д., 2008.
М. Н. Ҷӯраев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …