Главная / Илм / ВАРАҶАИ ТРОПИКӣ

ВАРАҶАИ ТРОПИКӣ

varachai-tropikiВАРАҶАИ ТРОПИКӣ, як навъи вараҷа. В. т. бемории ниҳоят вазнин буда, ох. с-ҳои 90-уми а. 20 дар Тоҷикистон ба эпидемия табдил ёфта буд. С. 1997 дар ҷумҳурӣ 29794 наф. маризони В. т. ба қайд гирифта шуданд. Бино ба ақидаи мутахассисони Созмони байналмилалии тандурустӣ (СБТ) дар сурати дуруст ба роҳ монда шудани корҳои оморӣ адади маризон на камтар аз 200000 нафарро ташкил медод. Сабаби дар Тоҷикистон хуруҷ ёфтани В. т. аз қаламрави Афғонистон ба ватан баргаштани фирориёни ҷанги шаҳрвандӣ буд. Дар робита ба хуруҷи В. т. дар ҷумҳурӣ с. 1997 «Барномаи миллии мубориза бо бемориҳои тропикӣ (вараҷа) барои солҳои 1997 – 2005» қабул карда шуд. Барнома баҳри рафъи беморӣ аҳамияти калон дошт. Дар кори барҳам додани эпидемияи вараҷа дар Тоҷикистон хусусан созмонҳои хориҷӣ – СБТ, ЮНИСЕФ, АСТЕД, МЕРЛИН, ЕКО ва ғ. кумаки калон расонданд.
Ангезандаи В. т. Plasmodium falciparum мебошад. Тақр. 98 фисади ҳолатҳои фавт аз бемории вараҷа маҳз ба ҳамин ангезанда вобаста аст. В. т. дар кишварҳои гармсер боиси марги кӯдакони бисёр мешавад.
Давраи ниҳонии беморӣ 8 – 30 рӯз аст. Хуруҷи маризӣ бо давраҳои табларза, таб ва арақ кардан падид меояд. Шиддати табларза гуногун аст. Он метавонад сабук бошад ё тезутунд рух намуда, боиси ҳазён, галлютсинатсия, сардард, дилбеҳузурӣ, қай, ҳикак, дарди дасту пойҳо ва ғ. гардад. Табларза, одатан, аз 10 – 15 дақ то 1 – 1,5 соат давом мекунад. Баъд давраи дуюми маризӣ фаро мерасад. Таб баланд (39 – 41°С) шуда, чашм сӯзиш мекунад, ҳалқ мехушкад; дилбеҳузурӣ, қай, дарди мушакҳо, исҳол, ҳазён, галлютсинатсия давом мекунанд, кӯдак аз ҳуш меравад. Таб то 2 – 3, баъзан 12 – 24 соат идома меёбад. Сипас давраи сеюми беморӣ фаро мерасад. Мариз арақи бисёр карда, ҳарорат паст (ҳатто аз меъёр пасттар) мешавад; ӯ сусту беҳолат, хастаҳол аст. Ин давраи В. т. аз 1,5 то 24 соат тӯл мекашад. Бино ба баъзе маълумот давомоти ҷараёни В. т. аз 6 моҳ то 1 сол аст.
В. т. хусусан дар занҳои ҳомила вазнин ҷараён мегирад. Дар натиҷа зан кӯдак вайрон мекунад, тифли мурда ба дунё меорад, хунрав мешавад.
Барои гирифтани маълумоти пурратар ниг. Вараҷа.
Ад.: Камардинов Х.К., Алиев С.П., Тропическая малярия в Таджикистане, Д., 2006.

Х. Қ. Қамардинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …