Главная / Илм / ВАРИКОСЕЛЕ

ВАРИКОСЕЛЕ

varikoceleВАРИКОСЕЛЕ (Varicocele; аз лот. varix, varicis – дамиши вена ва юн. kele – омос), васеъ шудани танобакҳои манидон. В. бинобар баланд гаштани фишори венаи гурдаҳо (мас., ҳангоми танг шудани онҳо) ба вуҷуд меояд. В. дар 95 фоизи ҳолатҳо дар ҷониби чап мушоҳида мешавад, зеро шароити ҳаракати хун дар ин қисми хоя нисбатан бад аст. В. бештар дар синни балоғати ҷинсӣ, ки хун ба аъзои таносул нисбатан бештар ҳаракат мекунад, ба назар мерасад. Ба пайдоиши беморӣ ҳаяҷони ҷинсии бардавом, бардоштани бори вазнин ва диг. омилҳо мусоидат менамоянд.
Эҳсоси вазнинӣ ва дарди кунди хоя, ки ҳангоми кори ҷисмонӣ ё ангезиши шаҳвонӣ ба вуҷуд меояд, аломати болинии В. мебошад. Тезу тунд гаштани ҷараёни беморӣ боиси атрофияи хоя ва бенаслӣ хоҳад шуд. В.-ро дар мавриди рост истодани бемор ташхис мекунанд.
Ҳангоми В. аз иҷрои кори вазнини ҷисмонӣ худдорӣ кардан лозим аст. Алоқаи ҷинсӣ низ бояд ба тартиб дароварда шавад. Истифодаи байзабанд нафъ дорад. В.-ро духтури уролог ё андролог муолиҷа мекунад. Масъалаи зарурат доштан ё надоштани ҷарроҳиро мутахассис ҳал менамояд. Дар мавриди саривақт ҷарроҳӣ кардан, фаъолияти хоя барқарор мешавад.

Х.У. Ёров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …