Главная / Илм (страница 70)

Илм

КИСЛОТАҲОИ РИБОНУКЛЕАТ (КРН)

kislotai-rybonukleat

КИСЛОТАҲОИ РИБОНУКЛЕАТ (КРН), навъи кислотаҳои нуклеат, ки дар табиати зинда васеъ паҳн шудаанд. Аз асосҳои пуринӣ (аденин, гуанин) ва пирамидинӣ (урасил, ситозин), қанди рибоза ва боқимондаи кислотаи фосфат таркиб ёфтаанд. Бештар дар ситоплазмаи ҳуҷайра мавҷуданд. К. р. дар организм асосан дар намуди рибонуклеопротеидҳо (РНП) вомехӯранд. Роҳи биологии КРН аз интиқоли …

Муфассал »

КИСТА

kista

КИСТА (Cysta; юн. kystis – ҳубоб), иллатест дар бофта ё узв, ки сатҳи дохили онро эпителия ё эндотелия пӯшидааст. К. ҳақиқӣ ва дурӯғин мешавад. Сатҳи дохилии К.-и дурӯғин пӯшиши эпителӣ ё эндотелӣ надорад. К.-ҳо вобаста ба пайдоиш гуногун мешаванд, мас., бандомада, модарзодӣ, омосӣ, осебӣ, иллатӣ, ангалӣ (паразитӣ). К.-и бандомада дар …

Муфассал »

КИСТАИ ДАНДОН

kistai-dandon

КИСТАИ ДАНДОН, ташкилаи омосмонанде, ки дар бофтаи устухони ҷоғ бинобар беморӣ ё нуқси инкишофи дандонҳо ба вуҷуд меояд. Аз ҷилди сахти фиброзӣ иборат буда, аз дарун бо эпителия фаро гирифта шудааст; фазои К. д. бо моеъи зардобӣ (холестерини бисёр дорад) пур мебошад. К. д. ду навъ – наздрешаӣ ва наздғилофакӣ …

Муфассал »

КИСТАИ ТУХМДОН

kistai-tuhvdon

КИСТАИ ТУХМДОН, ташкилаест, ки дар тухмдони занҳо падид меояд. Шаклҳои гуногун дорад, мас., фолликулавӣ, кистаи ҷисми зард, кистаи зоидҳои тухмдон ва ғ. Кистаи фолликулавӣ бештар дар занҳои гирифтори хунравии бачадон, миома, аднексит ба мушоҳида мерасад. Қутри К. т., одатан, аз 8 см калон намешавад. Кистаҳои қутрашон то 4 см бидуни …

Муфассал »

«КИТОБ МО АЛ-ФАРҚ»

fusul-fit-tib

«КИТОБ МО АЛ-ФАРҚ» («Китоби фарқ чист?»), асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925 м.) дар баёни чигунагии фарқи миёни бемориҳо. Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Номи китоб дар сарчашмаҳо ба шаклҳои «Мо ал-фарқ», «Мо ал-фуруқ» ва «Калом фӣ-л-фуруқ байна-л-амроз» низ ёд мешавад. «К.» аз муқаддима, панҷ мақола, ҳар …

Муфассал »

«КИТОБ ФИ-Н-НАБОТ»

drevnyaya-kniga

«КИТОБ ФИ-Н-НАБОТ» («Китоб дар бораи растаниҳо»), асари Абуҳанифаи Диноварӣ дар боби наботшиносӣ (ботаника), ки с-ҳои 850 – 855 ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст. «К.» нахустин асарест оид ба дарёфту парвариши 482 навъи растаниҳои доруӣ. Муаллиф барои шарҳу эзоҳи ҳар як растании доруӣ ва ба кадом дард даво будани он аз …

Муфассал »

«КИТОБУ ҒИНО ВА МУНО»

kitob-2

«КИТОБУ ҒИНО ВА МУНО» («Китоби баёни мақсадҳо»), асари Абӯмансури Ҳасан ибни Нӯҳ ал-Қамарӣ ал-Бухороӣ дар боби тиб. А. 10 ба забони арабӣ таълиф ёфтааст. Асари мазкур ба номбар кардану шинохтани бемориҳои гуногун, муолиҷаи онҳо ва доруҳои барои муолиҷаи онҳо лозим бахшида шудааст. «К.» аз сарсухан ва се мақолаи алоҳида иборат …

Муфассал »

«КИТОБУ-Л-АДВИЙАТИ-Л-ҚАЛБИЙА»

kitobul-hidoyat

«КИТОБУ-Л-АДВИЙАТИ-Л-ҚАЛБИЙА» («Китоб дар бораи доруҳои дил»), асари Абӯалӣ ибни Сино дар боби тиб, ки с-ҳои 1019 – 21 дар Ҳамадон бахшида ба Аш-Шариф Саид Абулҳусайн Алӣ ибни Абулҳусайн ал-Ҳасанӣ ба забони арабӣ таълиф шудааст. «К.» масъалаҳои амрози дил ва муолиҷаи онро бо далелҳо шарҳ медиҳад. «К.» аз муқаддима, 19 фасл …

Муфассал »

«КИТОБУ-Л-ҚУЛАНҶ»

fusul-fit-tib

«КИТОБУ-Л-ҚУЛАНҶ», асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 –925). Китоб аз 18 боб иборат буда, дар он дар бораи чигунагии дард, нишонаҳо, ташхис ва анвоъи қуланҷ, роҳҳои табобат, ғизоҳои муносиби ин беморӣ ва дар охир дар бораи нишонаҳои аз қуланҷ огоҳидиҳанда сухан меравад. Матни интиқодии ин китобро доктор Субҳӣ Маҳмуди …

Муфассал »

«КИТОБУ-Л-ФУСУЛ Фӣ-Т-ТИБ»

fusul-fit-tib

«КИТОБУ-Л-ФУСУЛ Фӣ-Т-ТИБ», асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925), дар боби тиб. Номи дигари он «Китобу-л-муршид» буда, нахуст ба забони ибронӣ бо номи «Perapim» ва сипас ба забони лотинӣ тарҷума шудааст. Аз ин китоб фақат ҳамин тарҷимаҳои ибронию лотинии он маълуманд. Ад.: Абӯбакри Розӣ, «Манофеъу-л-ағзия ва дафъу мазорриҳо», …

Муфассал »