Главная / Илм (страница 100)

Илм

ДАВОҲОИ ТАБИӣ

davohoi-tabii

ДАВОҲОИ ТАБИӣ, доруҳои биогенӣ, васоити давоие, ки аз ашёи наботӣ, ҳайвонӣ ва маъданӣ таҳия карда мешаванд. Д. т. дорои моддаҳои фаъоли биологӣ мебошанд, ки ба раванди мубодилаи моддаҳо, илтиҳоб, аксуламалҳои иммунологӣ ва ғ. таъсири мусбат мерасонанд. Баъзе Д. т.-е, ки ба мубодилаи моддаҳо ва раванди таҷдиди бофтаҳо тақвият мебахшанд, ба …

Муфассал »

ДАВРАИ БАЪДИ ТАВАЛЛУД

davrai-badi-tavallud

ДАВРАИ БАЪДИ ТАВАЛЛУД (Puerperium), мӯҳлатест, ки аз вақти таваллуди тифл оғоз ёфта, то 6 – 8 ҳафта давом мекунад. Дар ин давра узвҳои зани навзо тадриҷан ба ҳолати аввала (то ҳомилагӣ) бармегарданд. Бачадон дар рӯзҳои аввали баъди зодан кашиш хӯрда, ҳаҷман хурд мешавад; минбаъд кашиши он суст хоҳад гашт. Рӯзҳои …

Муфассал »

ДАВРАИ ИНКУБАТСИЯ

davrai-inkubatsioni

ДАВРАИ ИНКУБАТСИЯ (Periodus incubationis), давраи ниҳонӣ, фосилаи вақтест аз лаҳзаи сироят ёфтани одам (аз бемориҳои сироятӣ) то зоҳир шудани аломатҳои аёни беморӣ. Д. и.-ро марҳалаи ниҳонии беморӣ низ меноманд, чунки одам дар ин маврид зоҳиран солим аст. Давомоти Д. и. ҳангоми бемориҳои гуногун як хел нест (аз чанд соат то …

Муфассал »

ДАВРАИ КЛИМАКС

klimaks

ДАВРАИ КЛИМАКС (Climax, climacterium), давраи гузариш аз балоғати ҷинсӣ ба пирӣ. Дар Д. к. фаъолияти узвҳои таносул тадриҷан суст мегардад. Д. к. дар занон бештар дар 45 – 50-солагӣ, дар мардон дар 50 – 55-солагӣ оғоз меёбад. Д. к.-и занон шадиду зуд (дар 3 – 5 сол), Д. к.-и мардон …

Муфассал »

ДАВРАИ ОҒОЗИ БЕМОРӣ

nachalo-bol

ДАВРАИ ОҒОЗИ БЕМОРӣ (Stadium prodromorum), давраи пешхабар, марҳалаи аввали бемории сироятӣ, ки дар аснои он аломатҳои аввалини беморӣ – беиштиҳоӣ, бесомонии хоб, дарди сар, беқувватӣ ва ғ. пайдо мешаванд. Д. ҳангоми бемориҳои сироятӣ баъди давраи инкубатсия (давраи ниҳонӣ) сар мешавад. Пас аз Д. аломатҳои хоси ин ё он маризӣ (таб, …

Муфассал »

ДАВРАИ ҲАЙЗ

hayz

ДАВРАИ ҲАЙЗ (Cyslus menstrualis), ҷараёни мураккаби биологист, ки ҳангоми он дар организми зан, хусусан тухмдону бачадон, тағйироти сиклӣ (даврӣ) рӯй дода, бо тарашшӯҳи хунолуд аз узвҳои таносул хотима меёбад. Тағйироти сиклии организми зан бо иштироки асбияи марказӣ (қишри мағзи сар, гипоталамус, гипофиз) ҷараён мегирад. Гипоталамус муҳимтарин қисми мағзи сар аст, …

Муфассал »

ДАКРИОАДЕНИТ

dakrioadenit

ДАКРИОАДЕНИТ (Dacryoadenitis; аз dakryon – ашк ва aden – ғадуд), илтиҳоби ғадуди ашк. Сабаби Д. бисёр вақт сироят кардани ангезандаи бемориҳои гуногун (ангина, грипп, махмалак, паротити вогир, сурхча, сил, сифилис ва ғ.) мебошад. Д., одатан, дар як тараф ба вуҷуд меояд. Д.-и дутарафа дар мавриди паротити вогир пайдо мешавад. Д.-и …

Муфассал »

ДАКРИОСИСТИТ

dakriosistit

ДАКРИОСИСТИТ (Dacriocystitis; аз юн. dacryon – ашк ва kystis – ҳубоб, халта), газаки ашкдон. Аз сабаби баста шудани ашкроҳаи байни бинию чашм, ки ковокии ашкдонро бо ковокии бинӣ мепайвандад, ба вуҷуд меояд; дар натиҷа фаъолияти маҷрои ашк халал ёфта, боиси васеъ шудану варам кардани ашкдон мегардад. Ашкроҳа ҳангоми бемориҳои луобпарда, …

Муфассал »

ДАКТИЛОЛОГИЯ

daktilologia

ДАКТИЛОЛОГИЯ (юн. daktilos – ангушт ва … логия), як шакли махсуси нутқ, ки ба воситаи ангуштони даст ифода карда мешавад. Ҳолатҳои гуногуни ангуштон ҳарфҳои алифборо ифода мекунанд. Дар алоқаи дактилологӣ ба орфография дуруст риоя менамоянд. Барои донистани фарқи овозҳои ҷарангдор ва беҷаранг (г-к; д-т; б-п ва ғ.), сактадор ва нарм …

Муфассал »

ДАЛТОНИЗМ

daltonizm

ДАЛТОНИЗМ, ихтилоли босираро гӯянд, ки кас дар ин муддат гуногунии рангҳоро фарқ карда наметавонад. Одами босирааш солим се ранги асосӣ – сурх, сабз ва кабудро мебинад. Ҳангоми Д. рангҳои сурху сабз хеле хира менамоянд ё умуман дида намешаванд. Одамоне, ки ранги кабудро фарқ карда наметавонанд, хеле кам мебошанд. Пурра фарқ …

Муфассал »