Главная / Илм / «КИТОБ МО АЛ-ФАРҚ»

«КИТОБ МО АЛ-ФАРҚ»

fusul-fit-tib«КИТОБ МО АЛ-ФАРҚ» («Китоби фарқ чист?»), асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925 м.) дар баёни чигунагии фарқи миёни бемориҳо. Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Номи китоб дар сарчашмаҳо ба шаклҳои «Мо ал-фарқ», «Мо ал-фуруқ» ва «Калом фӣ-л-фуруқ байна-л-амроз» низ ёд мешавад. «К.» аз муқаддима, панҷ мақола, ҳар мақола аз фаслҳо ва ҳар фасле аз чанд фарқ иборат аст. Муаллиф дар муқаддимаи китоб гуфтааст, ки табибон бемориҳоро аз тариқи сабабҳо ва далелҳо мешиносанд, вале бисёре аз сабабҳову далелҳо дар миёни бемориҳо муштарак буда, аз ин рӯ аксар вақт дар шинохтани бемориҳо иштибоҳ воқеъ мешавад. Бинобар он ӯ хостааст, ки фарқияти асосии ин далелҳову сабабҳоро дар нисбати бемориҳо ба тартиб аз сар то пой баён кунад. Мақолаи якум аз панҷ фасл иборат буда, дар он 28 фарқи ҳолатҳое баён шудааст, ки дар бахшҳои сар ориз мегарданд. Мақолаи дуввум аз се фасл иборат буда, дар он фарқиятҳои миёни бемориҳо ва ҳолатҳое баён ёфтаанд, ки олатҳои нафаскаширо рӯй медиҳанд. Мақолаи севвум аз чаҳор фасл иборат буда, дар он фарқиятҳои миёни бемориҳо ва ҳолатҳое баён шудаанд, ки меъда, ҷигар, испурҷ, гурда, масона ва олатҳои таносулро рӯй медиҳанд. Мақолаи чаҳорум аз се фасл иборат буда, фарқҳои миёни бемориҳо ва ҳолатҳоеро дарбар мегирад, ки дар тамоми бадан ориз мегарданд. Мақолаи панҷум аз ду фасл таркиб ёфта, дар он фарқҳои миёни баъзе аз ақсоми набз ва пешоб нишон дода шудааст.
Китоб хусусияти таълимӣ дошта, дар он матолиб ба шакли саволу ҷавоби «Фарқ чист?» иншо шудааст. Матни интиқодии ин китобро бори аввал доктор Салмон Қатоя дар асоси се нусхаи хаттии он, ки яке дар Лондон, дуввумӣ дар Теҳрон ва сеюмӣ дар Бағдод маҳфуз будааст, бо муқаддима ва шарҳу тавзеҳоти лозима с. 1978 дар Ҳалаб ба табъ расондааст.
Ад.: Абӯбакри Розӣ, «Китоб мо ал-фарқ», Ҳалаб, 1978.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …