ЛЕЙКОЗ (Lucosis; аз юн. leukos – сафед), лейкемия, сафедхунӣ, омоси узвҳои хунофар. Оид ба Л. аввалин маротиба олими немис Р. Вирхов (1845) маълумот додааст. Л. шадид ва музмин мешавад. Л-ҳои шадид ва музмин вобаста ба он ки омос аз кадом ҳуҷайраҳо иборат аст, намудҳои гуногун доранд. Дар мавриди Л.-и шадид …
Муфассал »ЛЕЙКОНИХИЯ
ЛЕЙКОНИХИЯ (Leuconychia), як навъ иллати нохун. Дар мавриди Л. дар рӯи нохун доғ ё рахҳои сафед пайдо шуда, зери онҳо (байни қабатҳои нохун)-ро ҳубобчаҳои ниҳоят хурди ҳаво фаро мегиранд. Л. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Сабаби пайдоиши Л. аниқ маълум нест. Он метавонад дар натиҷаи осеби андаки нохун низ ба вуҷуд …
Муфассал »ЛЕЙКОПЕНИЯ
ЛЕЙКОПЕНИЯ (Leucopenia; аз лейко… ва penia – камӣ), дар таркиби хун кам шудани лейкоситҳо (камтар аз 4000 дар 1 мкл, ё 4,0 х 109/л). Л. ҳангоми бемории домана, брутселлёз, грипп, полиомиелит, гепатити вирусӣ, сиррози ҷигар, вараҷа, лейшманиоз, камхунӣ, инчунин ҳангоми таъсири афканишоти ионнок ба мушоҳида мерасад. Л. дар натиҷаи истеъмоли …
Муфассал »ЛЕЙКОПЛАКИЯ
ЛЕЙКОПЛАКИЯ (Leucoplakia; аз лейко… ва plakion – лавҳа), як навъ осеби луобпардаҳо, ки ҳангоми он эпителия шах мешавад. Л. бештар дар луобпардаи ҷавфи даҳон, маҳбал, пешобдон, гарданаи бачадон ва аъзои таносул ба вуҷуд меояд. Дар мавриди Л. дар луобпарда доғҳои суфтаи паҳн, ки ранги сафеди хокистарӣ доранд, ба вуҷуд меоянд; …
Муфассал »ЛЕЙКОСИТОЗ
ЛЕЙКОСИТОЗ (Leucocytosis), дар таркиби хун афзудани миқдори лейокситҳо (зиёда аз 10000 дар 1 мкл, ё 10,0 х 109/л). Дар натиҷаи тақвият ёфтани лейокситопоэз ё бозтақсими лейкоситҳо дар организм ба вуҷуд меояд. Л. физиологӣ ва патологӣ мешавад. Ба Л.-и физиологӣ лейкоситозҳои ғизоӣ (баъди истеъмоли ғизо), миогенӣ (баъди кори ҷисмонӣ), лейкоситози ҳомилагон …
Муфассал »ЛЕЙКОСИТҲО
ЛЕЙКОСИТҲО, ҷисмчаҳои сафеди хун; ҳуҷайраҳои беранг буда, ядро ва ситоплазма доранд.Дар таркиби 1 мм3 хуни одами солим 5000 – 8000 (яъне нисбат ба эритроситҳо 600 – 800 маротиба камтар) Л. мавҷуд аст. Л. дар мағзи устухон, гиреҳи лимфа ва сипурз ҳосил мешаванд. Онҳо донадор (гранулоситҳо) ва бедона (агранулоситҳо) мебошанд. Эозинофилҳо …
Муфассал »ЛЕЙКОЭНСЕФАЛИТ
ЛЕЙКОЭНСЕФАЛИТ (Leucoencephalitis; аз лейко… ва enkephalos – мағзи сар), энсефалити пайдоишаш вирусӣ, ки дар мавриди он моддаи сафеди майна зарар меёбад. Бештар дар кӯдакони аз 4 то 16-сола дучор меояд. Нишонаи нисбатан бармаҳали Л. ихтилоли рӯҳӣ аст. Минбаъд тадриҷан камақлӣ (деменсия), гиперкинезҳо (ҳаракатҳои ғайриихтиёрӣ) ва ноҷуриҳои вегетативӣ ба вуқӯъ мепайванданд. …
Муфассал »ЛЕЙШМАНИОЗ
ЛЕЙШМАНИОЗ (Leishmaniosis), номи умумии амрози протозойии хун. Ангезаи Л. паразитҳои дохилиҳуҷайравӣ мебошанд. Онҳоро кӯрпашшаҳо мегузаронанд. Бештар узвҳои дарунӣ (лейшманиози дохилӣ), пӯст ва луобпардаҳо (лейшманиози пӯст) осеб меёбанд. Ангезандаҳои Л. ба ҷинси Leishmania, оилаи Trypanosomatidae, синфи Zoomastigophorea, типи Protozoa мансубанд. Ҳаёти лейшманияҳо аз ду давра иборат аст: амастигота ё беқамчинакӣ – …
Муфассал »ЛЕЙШМАНИЯ
ЛЕЙШМАНИЯ (Leishmania), як навъ мавҷудоти бемориовар. Дар одам ва баъзе ҷонварон (мас., саг) се намуди Л. паразитӣ мекунад (L. donovani, L. tropica, L. brasiliensis). Интиқолдиҳандаи он ҳашароти хунмак, мас., хомӯшаку кӯрпашшаҳо мебошанд. L. donovani ангезандаи бемории вазнин – лейшманиоз буда, дар Ҳиндустон, Хитой, Суматра паҳн гаштааст. Л.-ҳо нокшакл буда, андозаашон …
Муфассал »ЛЕПТОСПИРОЗ
ЛЕПТОСПИРОЗ (Leptospirosis), таби обӣ, як навъ бемории шадиди сироятӣ. Ангезандааш лептоспираҳо мебошанд. Лептоспираҳо тақрибан 169 навъу хел доранд. L. icterohaemorrhaqiae, L. canicola, L. tarassovi, L. pomona ва ғ. Дарозиашон 7 – 14 мкм, диаметрашон 0,07 – 0,15 мкм. Бо усули тақсимшавӣ меафзоянд. Лептоспираҳо дар об то 26 ва дар хӯрокворӣ …
Муфассал »