Главная / Илм (страница 68)

Илм

КЕРАТОАКАНТОМА

keratoakantoma

КЕРАТОАКАНТОМА (Keratoacanthoma; юн. keras, keratos – шох, akantha – хор ва …ома), омоси ғайрисаратонии пӯст, ки худ аз худ нест мешавад. Ягон-ягон дар рӯй, гӯш ё пушти панҷаи одамони калонсол пайдо мешавад. Дар ҷавонон мумкин аст ба миқдори зиёд (дар пӯсти андомҳои боло ва поён) инкишоф ёбад. К. ба гиреҳи …

Муфассал »

КЕРАТОЗҲО

keratozho

КЕРАТОЗҲО (Keratosis; юн. keras, keratos – шох), як гурӯҳи бемориҳо, ки дар мавриди он пӯст аз ҳад зиёд шуға мебандад. К. бемориҳои маъмул мебошанд. К. ғайримодарзодӣ ва модарзодӣ мешаванд. К.-и ғайримодарзодӣ дар мавриди баъзе бемориҳои сироятӣ (махав, сифилис, сӯзок), ихтилоли фаъолияти асаб ва ғадудҳои усораи дохилӣ (мас., кератодермияи климактерии кафи …

Муфассал »

КЕРАТОМАИ ПИРСОЛӣ

keratomai-pironsoli

КЕРАТОМАИ ПИРСОЛӣ (Keratoma senile), кератопапиллома, озахи пирсолӣ, озахҳое, ки дар давраи солхӯрдагӣ дар пӯст пайдо мешаванд. Андозаи онҳо 1 – 2 см буда, боляшон бо қабати шохини дорчинӣ ё зардчатоб фаро гирифта шудааст. Сабаби пайдоиши К. п. ихтилоли шуға бастани пӯст мебошад. К. п.-ро ба бемориҳои қаблиомосӣ мансуб медонанд. Озахҳо …

Муфассал »

КЕРАТОМИКОЗҲО

keratomokoz

КЕРАТОМИКОЗҲО (Keratomycosis), шукуфаи сабӯсакмонанд (гуногунранг). Ангезандаи К. занбӯруғи хамирмояшакл буда, дар қабати шохини эпидермис зиндагӣ мекунад. Ба пайдоиши К. серарақӣ ва диатези себореявӣ мусоидат менамоянд. Дар мавриди К. дар пӯсти сарсина, тахтапушт, гардан, китф ва қисми мӯйдори сар доғҳои хурд (қутрашон 3 – 5 мм)-и ҷигарии зардтоб пайдо мешаванд (ҳангоми …

Муфассал »

КЕРАТОПЛАСТИКА

keratoplastika

КЕРАТОПЛАСТИКА (аз юн. keras – шох ва plastice – ташаккул), пайванди қарния, амалиёти ҷарроҳии ивази қарния (шохпардаи чашм). Дар таҳияи ин усули ҷарроҳӣ офталмологи намоёни шӯравӣ В. П. Филатов саҳми арзанда гузоштааст. Дар мавриди тамоман хира шудани қарния (пайдоиши тухмак), ки сабаби якбора заиф шудани қувваи босира мегардад. К.-ро ба …

Муфассал »

КЕФИР

kefir

КЕФИР, як навъ ғизои турши парҳезист, ки аз шири пастеризонидаи гов бо роҳи туршонидан ҳосил мекунанд. Барои туршонидан ба шир сафеда ё мояи махсус меандозанд. Вобаста ба мӯҳлати тайёр шудан К. ширин (якрӯза), нимтурш (дурӯза) ва турш (серӯза) мешавад. Мӯҳлати туршонидани К. ҳар қадар зиёд бошад, миқдори спирти он (аз …

Муфассал »

КИБЕРНЕТИКАИ ТИББӣ

kibernetikai-tibbi

КИБЕРНЕТИКАИ ТИББӣ, як фасли кибернетика, ки раванди идора ва дарёфти ахборро дар организми зинда ва гурӯҳи алоҳидаи одамон (барои ҳаллаи масъалаи табобат ва пешгирии бемориҳо) меомӯзад. К. т. масъалаҳои муолиҷа ва пешгирии бемориҳоро муҳокима мекунад, фаъолияти организми одамро дар асоси қонунҳои идора, ки одатан ба ҳамаи объектҳои табиӣ ва сунъӣ …

Муфассал »

КИВИ

kivi

КИВИ (Actinidia deliclosa), актинидия, як навъ растании мевадор. Пояаш печандаи борик (қутраш 20 – 30 см); решааш ба замин чуқур намеравад. Шоху навдааш зудсабз буда, дар тӯли 3 – 4 моҳ ба 5 – 6 м мерасад. Баргаш дилшакл, гулаш сафеди хушбӯй. Ранги мевааш сабзи баланд, баъди пурра пухта расидан, …

Муфассал »

КИМ Алексей Иванович

kim-aleksey

КИМ Алексей Иванович (тав. 03. 02. 1960, ш. Кӯлоб), ҷарроҳи дил, доктори илми тиб (2001), проф. (2003). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1983). Ординатори клиникии кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби №1 ДДТТ дар назди Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 (1983 – 85), духтури ҳамин беморхона (1985 – 87). Аспирант …

Муфассал »

КИНДӣ

nophoto

КИНДӣ, Абӯюсуф Яъқуб ибни Исҳоқ (тақр. 800, Басра – тақр. 870, Бағдод), табиб ва файласуфи араб. Аз хонадони шоҳзодаҳост. Дар Бағдод кору фаъолият намуда, дар робита ба тиб, риёзиёт, мантиқ ва диг. илмҳои замонааш асарҳо эҷод кардааст. Донистани забонҳои суриёнӣ ва юнонӣ ба К. имкон дод, ки ба осори илмии …

Муфассал »