Главная / Илм / «КИТОБУ ҒИНО ВА МУНО»

«КИТОБУ ҒИНО ВА МУНО»

kitob-2«КИТОБУ ҒИНО ВА МУНО» («Китоби баёни мақсадҳо»), асари Абӯмансури Ҳасан ибни Нӯҳ ал-Қамарӣ ал-Бухороӣ дар боби тиб. А. 10 ба забони арабӣ таълиф ёфтааст. Асари мазкур ба номбар кардану шинохтани бемориҳои гуногун, муолиҷаи онҳо ва доруҳои барои муолиҷаи онҳо лозим бахшида шудааст. «К.» аз сарсухан ва се мақолаи алоҳида иборат аст. Мақолаи якум ба бемориҳои дарунӣ ва роҳҳои давои онҳо, мақолаи дуввум ба бемориҳои зоҳирии бадани инсон ва мақолаи сеюм ба бемории табларза бахшида шудаанд. Дар «К.» барои муолиҷаи бемориҳои дил бештар истифода бурдани доруҳои соддаи наботӣ (мас., ҷавҳари нозбӯ, шароби нозбӯ, нозбӯи сиёҳи кӯҳӣ, фаланҷамушк, наъно, говзабон, ҳалила, занҷабил, дорчин, мушк, найшакар, абрешими хом ва ғ.) тавсия шудааст. Аз китоб танҳо як дастнавис маълум буда, он дар фонди дастхатҳои Ин-ти шарқшиносии АФ ӯзбекистон таҳти рақами 5708 маҳфуз аст.
Ад.: Джалилов А., Из истории культурной жизни таджикского народа, Д., 1975.

Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …