Главная / Илм / «КИТОБ ФИ-Н-НАБОТ»

«КИТОБ ФИ-Н-НАБОТ»

drevnyaya-kniga«КИТОБ ФИ-Н-НАБОТ» («Китоб дар бораи растаниҳо»), асари Абуҳанифаи Диноварӣ дар боби наботшиносӣ (ботаника), ки с-ҳои 850 – 855 ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст. «К.» нахустин асарест оид ба дарёфту парвариши 482 навъи растаниҳои доруӣ. Муаллиф барои шарҳу эзоҳи ҳар як растании доруӣ ва ба кадом дард даво будани он аз осори шоирону олимони давраи худ ва гузашта иқтибос меорад. Дар китоб дар бораи бештар аз 50 намуди растаниҳои ба набототшиносон ва табибони Юнони Қадим номаълум (мас., тамри ҳиндӣ, чӯби танбул, банан, барги дарахти дафна ва ғ.) маълумот дода шудааст. Асари мазкур барои дар Шарқ ривоҷу равнақ ёфтани ботаника ва фармакопея роли муҳим бозидааст. Аз китоб қисмҳои алоҳида маълум буда, онҳо дар Истамбул маҳфузанд. Қисме аз он с. 1953 аз тарафи олими англис Л. Берхард ба забони англисӣ тарҷума шуда, ба табъ расидааст.
Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …