Главная / Илм (страница 71)

Илм

«КИТОБУ-Л-ҲИДОЯТИ-Л-МУТААЛЛИМИН Фӣ-Т-ТИБ»

kitobul-hidoyat

«КИТОБУ-Л-ҲИДОЯТИ-Л-МУТААЛЛИМИН Фӣ-Т-ТИБ» («Дастур барои омӯзандагони тиб»), асари Абӯбакр Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнии Бухорӣ. Куҳантарин китоби пизишкӣ ба забони тоҷикӣ буда, дар а. 10 таълиф шудааст. «К.» бо номҳои «Ҳидояти-л-мутааллимин фи-т-тиб» ва «Куннош» низ маълум аст. «К.»-ро Ахавайнӣ барои фарзанди худ таълиф намудааст. Дар ин хусус худи муаллиф мегӯяд: «Ту, ки …

Муфассал »

«КИТОБУ-Л-ҶАДАРӣ В-АЛ-ҲАСБА»

nagzak

«КИТОБУ-Л-ҶАДАРӣ В-АЛ-ҲАСБА» («Китоб дар боби нағзак ва сурхча»), асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар боби тиб. Ибтидои а. 10 ба забони арабӣ навишта шудааст. «К.» асарест, ки дар асоси мушоҳидаҳои шахсии муаллиф навишта шуда, сар то по мукаммал ва баландмазмун мебошад. Нағзак ва сурхча ба инсоният аз қадимулайём маълум …

Муфассал »

«КИТОБУ-С-САЙДАНА ФИ-Т-ТИБ»

drevnyaya-kniga

«КИТОБУ-С-САЙДАНА ФИ-Т-ТИБ» («Дастури дорусозӣ»), асари тиббиест, ки ба доруҳои муфрада (сода) ва баъзе доруҳои мураккаб бахшида шудааст. «К.»-ро Берунӣ дар солҳои охири зиндагиаш ба забони арабӣ таълиф намудааст. «К.» аз 3 қисм (муқаддима ва маълумот доир ба доруҳо) иборат аст. Дар асар доруҳо мувофиқи гурӯҳ, шакл, инчунин усули тайёр намудани …

Муфассал »

«КИТОБУ-С-СИНОАТ»

kitob

«КИТОБУ-С-СИНОАТ» («Китоб оид ба санъати пизишкӣ»), асари Султон Ғиёсуддин дар боби тиб, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ дар Шодиободи Ҳиндустон навишта шудааст. Соли таълифаш маълум нест. «К.» аз сарсухан ва чанд боб иборат аст, ки ба тартиби тасвири бемориҳо (аз боло ба поён) бахшида шудаанд. Сарсухани «К.» дар бораи аз куҷо …

Муфассал »

«КИТОБУ-С-СУМУМ»

kitobu-s-sum

«КИТОБУ-С-СУМУМ» (Китоби заҳрҳо), асари табиби ҳиндӣ Шоноқ. Асли ин китоб ба забони санскритӣ буда, онро нахуст Манкаи Ҳиндӣ барои вазири маъруфи аббосиён – Яҳё ибни Холиди Бармакӣ (ваф. 805) ба форсӣ (паҳлавӣ) тарҷима мекунад. Дар кори навиштану таҳрири матни форсии он Абӯҳотами Балхӣ ном шахс ёрӣ расондааст. Дар замони халифа …

Муфассал »

«КИТОБУ-Т-ТАЙСИР Фӣ-Л-МУДОВОТ ВА-Т-ТАДБИР»

kitob-2

«КИТОБУ-Т-ТАЙСИР Фӣ-Л-МУДОВОТ ВА-Т-ТАДБИР» (Китоби осониовар дар дармон ва тадбир), асари Абумарвон Абдулмалик ибни Зуҳр (ваф. 1162). Беҳтарин китобест, ки Ибни Зуҳри Андалусӣ дар тиб таълиф кардааст, зеро ӯ баъд аз пухтагии касбӣ ҳосил кардану таҷрибаҳои зиёд андӯхтан дар тиббу табобат ва ба қавле бо маслиҳати дӯсту рафиқи наздики худ Ибни …

Муфассал »

«КИТОБУ-Т-ТИБИ-Л-МАНСУРӣ»

kitob-2

«КИТОБУ-Т-ТИБИ-Л-МАНСУРӣ» («Китоби тиббии бахшида ба Мансур»), асари энсиклопедии Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар боби тиб. Дар ибтидои а. 10 ба забони арабӣ навишта, ба ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқи Сомонӣ бахшида шудааст. «К.» самараи риёзат ва таҷрибаҳои фаровони илмию амалии аллома ва ҳакими бузург буда, тамоми дурдонаҳои асари …

Муфассал »

«КИТОБУ-Ш-ШОМИЛ»

kitob

«КИТОБУ-Ш-ШОМИЛ», асари Абӯсаъид ибни Абимуслим ибни Абилхайр, мулаққаб ба Ғиёсуттабиб (авв. а. 14). Китоб с. 1336 дар ду қисм таълиф шудааст. Қисми якум дар баёни ҳифзи тандурустӣ ва қисми дуввум дар баёни куллиёт ва ҷузъиёти тиб сухан меронад. Он аз муқаддима ва шаш мақола иборат аст. Нусхаи «К.» ба шакли …

Муфассал »

КИТФ

kitf

КИТФ (Brachium), бозу,банди проксимали (ба тана наздик)-и андомҳои болоӣ. Асоси К. аз устухони бозу ибрат буда, ба он мушакҳо пайваст шудаанд. Гурӯҳи мушакҳои пеши К.-ро мушакҳои қаткунанда ташкил медиҳанд (мушаки дусараи китф, мушакҳои бозу, нӯлшаклу бозу); ба гурӯҳи мушакҳои қафо мушаки сесараи бозу, ки соидро хам мекунад, мансуб мебошад. Артерияи …

Муфассал »

КИФОЗ

kifoz

КИФОЗ (Kyphosis; юн. kyphos – хамхӯрда, қатшуда), ба ҷониби берун каҷ шудани сутунмӯҳра. К. камоншакл (сутунмӯҳра мисли нимдоира каҷ аст) ва теғадор (сутунмӯҳра дар мавзеи чанд мӯҳра якбора, мисли теға каҷ мегардад) мешавад. Ниг. низ Каҷшавии сутунмӯҳра.

Муфассал »