Главная / Илм / КИСТАИ ДАНДОН

КИСТАИ ДАНДОН

kistai-dandonКИСТАИ ДАНДОН, ташкилаи омосмонанде, ки дар бофтаи устухони ҷоғ бинобар беморӣ ё нуқси инкишофи дандонҳо ба вуҷуд меояд. Аз ҷилди сахти фиброзӣ иборат буда, аз дарун бо эпителия фаро гирифта шудааст; фазои К. д. бо моеъи зардобӣ (холестерини бисёр дорад) пур мебошад.
К. д. ду навъ – наздрешаӣ ва наздғилофакӣ мешавад. К. д.-и наздрешаӣ бинобар илтиҳоби музмин аз гранулёмаи дандон ташаккул меёбад. К. д.-и наздғилофакӣ аз бофтаҳои ҷанини дандон ба вуҷуд омада, асосан дар мавзеи ғилофаки дандони ҳанӯз набаромада пайдо мешавад.
Аломатҳои болинии К. д., одатан, муддати зиёд аз худ дарак намедиҳанд. Дар мавриди калон шудани киста (қутраш 3 – 4 см) ҷоғ варам карда, рӯй андаке каҷ мешавад. Девораи устухонии киста тунук шуда, ҳангоми ламс кардан садои «пергаментӣ» мебарорад. Бисёр вақт К. д. фасод пайдо карда, ба носур табдил меёбад (аз он фасод хориҷ мешавад). Яке аз аломатҳои кистаи наздғилофакӣ дар қатори дандонҳо набудани дандон аст. Дар ҷоғи боло ё ҷавфи бинӣ инкишоф ёфтани К. д. бисёр вақт ноаён сурат мегирад.
К. д.-ро дар асоси маълумоти рентгенологӣ ташхис мекунанд. Муолиҷаи он бо роҳи ҷарроҳӣ амалӣ мегардад. Кистаҳои хурд (қутрашон то 8 мм)-ро бо дору табобат кардан мумкин аст. Дар сурати дуруст муолиҷа намудан, беморӣ нек анҷом мепазирад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …