Главная / Илм / «КИТОБУ-Л-АДВИЙАТИ-Л-ҚАЛБИЙА»

«КИТОБУ-Л-АДВИЙАТИ-Л-ҚАЛБИЙА»

kitobul-hidoyat«КИТОБУ-Л-АДВИЙАТИ-Л-ҚАЛБИЙА» («Китоб дар бораи доруҳои дил»), асари Абӯалӣ ибни Сино дар боби тиб, ки с-ҳои 1019 – 21 дар Ҳамадон бахшида ба Аш-Шариф Саид Абулҳусайн Алӣ ибни Абулҳусайн ал-Ҳасанӣ ба забони арабӣ таълиф шудааст. «К.» масъалаҳои амрози дил ва муолиҷаи онро бо далелҳо шарҳ медиҳад. «К.» аз муқаддима, 19 фасл ва хулоса иборат аст. Фаслҳои 1-ум ва 2-юм ба ҳолатҳои ҳаёт ва рӯҳ, фасли 3-юм ба таъсири махсуси рӯҳӣ ба дил ва ба вуҷуд омадани хурсандӣ, ғам, хавф ва ғазаб, фасли 4-ум ба мизоҷ, фаслҳои 5-ум ва 6-ум оид ба сабабҳои шодӣ ва ғам, фасли 7-ум ба ҳолатҳои рӯҳӣ (заифӣ, хафагӣ, хурсандӣ, пурқувватӣ) ва фарқияту сабабҳои онҳо, фасли 8-ум ба сифати хуни одам нигоҳ карда ҳолатҳои руҳии инсонро муайян намудан, фасли 9-ум ба кек (такрори воситаҳои азиятдиҳанда дар фикр ва нисбат ба он ба вуҷуд омадани ҳисси ниқоргирӣ) ва хелҳои он, фасли 10-ум ба хусусиятҳои доруҳои соддае, ки табиати касро шод мегардонанд, фасли 11-ум ба афзалияти доруҳои ширину хушбӯй ва аҳамияти онҳо дар муолиҷаи бемориҳои дил, фасли 12-ум ба ягонагии муҳит ва хусусияти шахсии бемор, фасли 13-ум ба хосияти доруҳо (яъне, гарм, хунук, тар, хушк, латиф, часпак, шоранда, бӯйнок, бебӯй ва ғ.) ва эзоҳи онҳо, фаслҳои 14-ум ва 15-ум ба сифати доруҳои дил ва фоидаю зарари онҳо, фасли 16-ум ба 65 доруи наботӣ, ҳайвонӣ ва маъданӣ, фасли 17-ум ба доруҳои мураккаби қадима (яъне, доруҳои то давраи Ибни Сино маълум буда), фасли 18-ум ба доруҳои мураккаби худи муаллиф тартибдода ва истифодаи онҳо ва фасли 19-ум ба бемориҳои дил, ки аз ихтилоли хилтҳо ба вуҷуд меоянд ва аз хилтҳои зарарнок тоза кардани организм бахшида шудаанд.
«К.» аввалин асарест, ки ба доруҳои дил бахшида шудааст. Дар «К.» Ибни Сино дар бораи аз хилтҳои латиф пайдо шудани рӯҳ ва хосиятҳои ба он вобаста (ғам, ғазаб ва ғ.) ба тафсил маълумот медиҳад. Ибни Ҷазла, Ибни Усайбиъа, Ибни Байтор, Ибни Ҳусайни Ансорӣ, Ҳакимӣ, Муламӣ ва диг. дар асоси таъсир ва истифодаи бевоситаи «К.» асарҳо эҷод карданд. Як нусхаи «К.» дар фонди дастхатҳои Ин-ти Халқҳои Осиёи АИ ФР ш. Санкт-Петербург (№ 1045) ва як нусхаи диг. он дар фонди дастхатҳои Ин-ти шарқшиносии АИ ҶТ маҳфуз аст. «К.» ба забони лотинӣ (бо номи «De viribus cordis») ҳанӯз дар а. 16 ва ба забони туркӣ с. 1937 (бо тарҷимаи Рифат Билги) нашр шудааст.
Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …