Главная / Илм (страница 60)

Илм

ҚУРБОНОВА Муборак Ҳасановна

kurbonova-muborak

ҚУРБОНОВА Муборак Ҳасановна (тав. 12. 04. 1957), акушер-гинеколог, доктори илми тиб (1996), проф. (2003). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1980). Ординатори клиникии кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1981 – 83), аспиранти Маркази умумииттифоқии тадқиқоти илмии ҳифзи модар ва кӯдак (ш. Москва, 1983 – 85), мудири шӯъба …

Муфассал »

ҚУТБУДДИНИ МИСРӣ

nophoto-man

ҚУТБУДДИНИ МИСРӣ (с. тав. номаълум – с. ваф. 1221), Абӯисҳоқ Қутбиддин Иброҳим ибни Алӣ ибни Муҳаммади Мисрӣ. Аз донишмандони тибу ҳикмат буда, ҳангоми мусофират ба Нишопур ба ҳуҷуми муғулҳо дучор шуда дар он ҷо ба қатл мерасад. ӯ муаллифи китобҳои зиёде дар тиб ва ҳикмат мебошад. «Шарҳи куллиёти «Ал-Қонун»-и Ибни …

Муфассал »

ҚУТБУДДИНИ ШЕРОЗӣ

nophoto-man

ҚУТБУДДИНИ ШЕРОЗӣ (1236. Шероз – 1311, Ҷаранбоди Табрез), Абуссано Қутбиддин Маҳмуд ибни Масъуд ибни Муслиҳи Форсии Козарунии Шерозӣ. Аз донишмандони маъруф ва ба қавле хоҳарзодаи Саъдии Шерозӣ буда, ба Бағдод, Димишқ ва Миср сафарҳо кардааст. Қ. Ш. улуми аввалия, махсусан тибро дар назди падараш Зиёуддин Масъуди Козирунӣ (ваф. 1250) омӯхт. …

Муфассал »

КАБИНЕТИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӣ

siroyati

КАБИНЕТИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӣ, як бахши дармонгоҳҳои шаҳрӣ ва марказии беморхонаҳои ноҳиявӣ, ки кори ташкилию методӣ, машваратию ташхисотӣ ва табобатӣ бурда, ашхоси гирифтори бемориҳои сироятӣ ва ҳомили бактерияро зери назорати диспансерӣ мегирад. К. даромадгоҳи алоҳида, хонаи қабули беморон, муолиҷахона (бо ҳоҷатхонаи муҷаҳҳаз) дорад. Духтур-инфексионист беморонро қабул карда, ба онҳо маслиҳат медиҳад, …

Муфассал »

КАБУДДОҒӣ

kabuddogi

КАБУДДОҒӣ, хунмурдагӣ, иллатест, ки дар натиҷаи лат хӯрдан ба вуқуъ меояд (дар натиҷа хун ба бофтаҳои сатҳии бадан мешорад). Дар аввал ранги ҷои латхӯрдаи пӯст қирмизии баланд буда, ба андозаи таҷзияи гемоглобини хуни шорида тадриҷан аз сурх то кабуд тағйир меёбад, сипас сабзтоб ва ниҳоят зард гашта, пас аз он …

Муфассал »

КАБУДӣ

kabudi

КАБУДӣ, баргу пояи баъзе гиёҳҳои боғӣ ва худрӯй, ки чун хӯроки одам истеъмол мешавад. К. иштиҳоро зиёд ва таомро хуштамъу сервитамин мекунад. Вобаста ба тарзи истифода се гурӯҳи К.-ҳо мавҷуданд: К.- е, ки ба таом меандозанд (шилха, испанох, ҷағҷағ ва ғ.); К. – е, ки аз он салат тайёр мекунанд …

Муфассал »

КАВАР

kavar

КАВАР (Capparis spinosa), кабар, қамар, бодиринги ҷайра, гиёҳест бисёрсола. Решааш ғафси дароз (10 – 12 м), пояаш хазанда; барги гирд, гули калони сафед (баъзан зардтоб ё гулобӣ), меваи байзашакл ё лӯнда дорад (ҳангоми пухтан чоркафон мешавад ва дарунаш мисли тарбуз аст). Май – июн гул карда, сент. – окт. мева …

Муфассал »

КАДМИЙ

kadmiy

КАДМИЙ (лот. Cadmium, аз юн. kadmeia – маъдани руҳ), элементи химиявии гурӯҳи II ҷадвали элементҳои Менделеев; рақами ат. 48, массаи ат. 112,40; металли сафеди нуқратоб. С. 1817 Ф. Штромейер кашф кардааст. К. 8 изотопи собити адади массаашон 106, 108, 110 – 114, 116 дорад. К металли вазнин, нарм ва ёзанда, …

Муфассал »

КАДУ

kadu

КАДУ (Cucurbita maxima; C. moschata), растаниест яксола; зироати маъмул. Палакаш дароз, баргаш содаи яклухт ё панҷашакл, гулаш калон, зард, норанҷӣ, самараш калон ва шаклан гуногун. Аз К. таомҳои лазиз мепазанд. Дар таркиби он қанд, оҳар, моддаҳои пектинӣ, сафеда, намакҳои минералӣ (бахусус фосфор, оҳан), витаминҳои С, В1, В2, РР мавҷуданд. Донаи …

Муфассал »

КАДУДОНА

kadudona

КАДУДОНА, мӯяккиҷа, остритса, навъе аз киҷҷа. Дар рӯдаи одам зиндагӣ мекунад. Дарозиаш 3 – 12 мм. Одам ҳангоми бо гарду чанг ба роҳи нафас афтодани тухми онҳо сироят меёбад. К. дар назди мақъад тухм гузошта, боиси хоришу сӯзиши он мешавад. Тавассути дасти ифлос ва хӯрокворӣ низ сироят ёфтан мумкин аст. …

Муфассал »