Главная / Илм / КИСЛОТАҲОИ РИБОНУКЛЕАТ (КРН)

КИСЛОТАҲОИ РИБОНУКЛЕАТ (КРН)

kislotai-rybonukleatКИСЛОТАҲОИ РИБОНУКЛЕАТ (КРН), навъи кислотаҳои нуклеат, ки дар табиати зинда васеъ паҳн шудаанд. Аз асосҳои пуринӣ (аденин, гуанин) ва пирамидинӣ (урасил, ситозин), қанди рибоза ва боқимондаи кислотаи фосфат таркиб ёфтаанд. Бештар дар ситоплазмаи ҳуҷайра мавҷуданд. К. р. дар организм асосан дар намуди рибонуклеопротеидҳо (РНП) вомехӯранд. Роҳи биологии КРН аз интиқоли ахбори генетикӣ аз генҳо ва иштирок намудан дар биосинтези сафедаҳо иборат аст. Дар бисёр вирусҳое, ки кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН) надоранд, КРН ноқили моддии ахбори генетикӣ мебошанд. КРН полинуклеотиди хаттии аз даҳҳо ва ҳазорҳо мономерҳо – рибонуклеотидҳо таркибёфта буда, молекулаи онҳо спирали дуқабата ҳосил намекунанд. Биосинтези КРН дар ядрои ҳуҷайра, дар матритсаи КДН бо иштироки полимеразаҳо ба амал меояд.
Дар ҳуҷайраи зиндаи ҳар як организм се намуди КРН мавҷуд аст: 1) КРН-и рибосомӣ (КРН-р), ки қариб 80%-и ҳамаи КРН-и ҳуҷайраҳоро ташкил медиҳанд (онҳо ба таркиби ҳиссачаҳои ситоплазмавӣ – рибосомҳо, ки дар онҳо биосинтези сафедаҳо ба вуқӯъ меоянд, дохил мешаванд); 2) КРН-и нақлиётӣ (КРН-н) 15% ҳамаи КРН-и ҳуҷайраро ташкил намуда нисбатан бисёр асосҳои ғайримуқаррариро дарбар мегиранд; 3) КРН-и ахборӣ (КРН-а) камтар аз 5%-и ҳамаи КРН-и ҳуҷайраро ташкил медиҳанд; КРН-а дар шакли нусхаи қисмҳои муайяни КДН (генҳо) синтез мешаванд ва ахбороти аз КРН нусхабардоштаро ба рибосомаҳо мебаранд.
Дар кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино вазифаи КРН дар механизми ҷудокунии оби меъда ва баъзе бемориҳои ҷигари одам муқаррар карда шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …