Главная / Илм / КИСТАИ ТУХМДОН

КИСТАИ ТУХМДОН

kistai-tuhvdonКИСТАИ ТУХМДОН, ташкилаест, ки дар тухмдони занҳо падид меояд. Шаклҳои гуногун дорад, мас., фолликулавӣ, кистаи ҷисми зард, кистаи зоидҳои тухмдон ва ғ. Кистаи фолликулавӣ бештар дар занҳои гирифтори хунравии бачадон, миома, аднексит ба мушоҳида мерасад. Қутри К. т., одатан, аз 8 см калон намешавад. Кистаҳои қутрашон то 4 см бидуни аломати хос ҷараён меёбанд (баъзан зери шикам дард мекунад). Кистаи қутраш калон мумкин аст ба ҳаракати хун таъсир карда, боиси мавт (некроз)-и бофтаҳо шавад. Гоҳо худи киста низ мекафад. Дар ин гуна ҳолатҳо дар шикам дарди шадид пайдо мешавад. Кистаҳои фолликулавии андозаашон 4 см табобат карда намешаванд (онҳоро фақат назорат мекунанд). Чунин кистаҳои хурд, одатан, баъди 1 – 1,5 моҳ худ аз худ шифо меёбанд. Кистаҳои диаметрашон 6 – 8 см ҷарроҳӣ карда мешаванд. Қутри кистаҳои ҷисми зард, одатан, аз 6 см зиёд нест. Он ягон аломати махсус надорад. Баъзан кистаи ҷисми зард кафида, боиси пайдоиши дарди шадид мешавад; бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мекунанд.
Ниг. низ Тухмдон.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …