Главная / Илм / КИСТА

КИСТА

kistaКИСТА (Cysta; юн. kystis – ҳубоб), иллатест дар бофта ё узв, ки сатҳи дохили онро эпителия ё эндотелия пӯшидааст. К. ҳақиқӣ ва дурӯғин мешавад. Сатҳи дохилии К.-и дурӯғин пӯшиши эпителӣ ё эндотелӣ надорад.
К.-ҳо вобаста ба пайдоиш гуногун мешаванд, мас., бандомада, модарзодӣ, омосӣ, осебӣ, иллатӣ, ангалӣ (паразитӣ). К.-и бандомада дар натиҷаи ёзидани ғадуд ё маҷрои он бинобар ихтилоли ихроҷи тарашшӯҳ ташаккул меёбад (бинобар маҷрои тарашшӯҳро бастани санг, карахш, омос ва ғ.). К.-и модарзодӣ (мас., кистаҳои бранхиогенӣ, дермоидӣ, кистаи фолликулавии дандон) дар натиҷаи нуқсҳои гуногуни инкишоф ба вуҷуд меояд. К.-ҳои омосӣ дар омосҳое, ки ҷавф доранд, ба мушоҳида мерасанд (мас., дар систаденомаи тухмдон). К.-ҳои осебӣ ҳангоми осеб ёфтани эпителий, мас., пӯст ё инобия рух менамоянд. К.-ҳои иллатӣ ва ангалӣ К.-ҳои дурӯғин мебошанд. К.-ҳои иллатӣ дар ҷои манбаи некроз, мас., сактаи мағзи сар, ба вуҷуд меоянд. К.-ҳои ангалӣ, мас., эхинококкӣ ва систисеркӣ, давраи кирминагии тасмакирмҳо – эхинококк ё систисерк мебошанд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …