Главная / Илм (страница 69)

Илм

КИРМИ ҶИГАРМАК

kirmi-chigarmak

КИРМИ ҶИГАРМАК (Fasciola hepatica), фастсиолаи муқаррарӣ, кирми паразит аз синфи трематодаҳо. Танаш баргмонанд, дарозиаш 2 – 5 см, дар интиҳои қисми пеш узвҳои маккандаи даҳонӣ ва шикамӣ дорад. Дар ҷигар, роҳҳои дромади заҳра ва заҳрадони ҳайвонҳои ширмаки алафхӯр ва одам сокин мешавад. Тухмҳои К. ҷ. дар об инкишоф меёбанд ва …

Муфассал »

КИСЛОТАИ АСКОРБИНАТ

kislotai-askorbinat

КИСЛОТАИ АСКОРБИНАТ (Acidum ascorbinicum), витамини С, як навъ доруи витаминӣ. Дар шакли ҳаб (0,025 ва 0,050 г), қурс (0,05 ва 0,10 г) ва маҳлул (5% ва 10%) истеҳсол карда мешавад. К. а. барои фаъолияти организм аҳамияти калон дорад. Дар танзими амалиёти оксиду барқароршавӣ, мубодилаи ангиштобҳо, лахтабандии хун, нуфузпазирии капиллярҳо, ҳосил …

Муфассал »

КИСЛОТАИ АТСЕТИЛСАЛИТСИЛАТ

atcetil

КИСЛОТАИ АТСЕТИЛСАЛИТСИЛАТ (Acetylsalicylic), як навъ дору. Дар шакли қурсҳои гуногун (мас., қурс барои кӯдакон, қурси пардадор, ки дар рӯда ҳал мешавад, қурси ҷилддор, қурси дар об ҳалшаванда ва ғ.) истеҳсол карда мешавад. К. а. таъсири зидди илтиҳоб, рафъи дард ва табфарор дорад. Барои муолиҷаи тарбод, артрити тарбодмонанд, миокардити сироятию аллергӣ, …

Муфассал »

КИСЛОТАИ БОРАТ

kislotai-borat

КИСЛОТАИ БОРАТ, кислотаи ортоборат, H5BO3, кислотаи сусти сеасосаи ноорганикӣ, кристаллҳояш беранги пулакчашакл, зичиаш 1480 кг/м3, t гуд. 169°С (бо таҷзия). Дар об, спирт ва диг. ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешавад. Ҳангоми гарм кардан оби таркибашро хориҷ карда, аввал ба кислотаи метаборат HBO2, баъд ба ангидриди борат B2O3 табдил меёбад. Намакҳои К. …

Муфассал »

КИСЛОТАИ ГЛУТАМИНАТ

kislotai-glutaminat

КИСЛОТАИ ГЛУТАМИНАТ (Glutamic acid), як навъ дору. Дар шакли ғуруша ва қурс (таблетка) истеҳсол мешавад. Барои табобати саръ, шизофрения, психозҳо, афсурдарӯҳӣ, заъфи рӯҳӣ, бехобӣ, рафъи оқибатҳои сарсом ва энсефалит, миопатия, таъхири инкишофи рӯҳӣ, фалаҷи майнаи кӯдакон, рафъи оқибатҳои осеби ҷумҷума, полиомиелит, бемории Даун ва ғ. кор мефармоянд. Дар давраи табобат …

Муфассал »

КИСЛОТАИ ДЕЗОКСИРИБОНУКЛЕАТ (КДН)

kislota-dezoksir

КИСЛОТАИ ДЕЗОКСИРИБОНУКЛЕАТ (КДН), навъи кислотаҳои нуклеат, ки дар табиати зинда паҳн шудааст. КДН аз асосҳои пуринӣ (аденин, гуанин) ва пирамидинӣ (тимин, ситозин, 5-метилситозин), қанди дезоксирибоза ва боқимондаи кислотаи фосфат таркиб ёфтааст. Асосан дар ядрои ҳуҷайра дар шакли дезоксирибонуклеопротеидҳо (ДНП) мавҷуд аст. КДН вазифаи нигаҳдорӣ ва гузаронидани ахбори генетикии доир ба …

Муфассал »

КИСЛОТАИ НИТРАТ

kislotai-nitrat

КИСЛОТАИ НИТРАТ, HNO3, кислотаи якасосаи қавӣ, яке аз маҳсулоти муҳими саноати химия. Дар ҳолати озод К. н. моеи беранг буда, зичиаш 1522 кг/м3, t гуд. – 41,15°С, t ҷӯш. 84°С аст; бо об дар нисбатҳои гуногун омехта мешавад. К. н. оксидкунандаи қавист; бо аксари металлҳо (ғайр аз тилло, тантал ва …

Муфассал »

КИСЛОТАИ СИАНИД

kislotai-sianit

КИСЛОТАИ СИАНИД, сианиди гидроген, формонитрил, NCH, кислотаи якасосаи суст, моеъи беранг, бӯи бодоми талхро дорад. Зичиаш 688 кг/м2 (20°С), t гуд. –13,1°С, t ҷӯш. 25,7°С. Дар об ва ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳал мешавад. К. с.-ро с. 1782 К. В. Шееле кашф кард ва с. 1811 Ж. Гей-Люссак аввалин бор ҳосил …

Муфассал »

КИСЛОТАИ ХЛОРИД

kislotai-hlorid

КИСЛОТАИ ХЛОРИД, кислотаи гидрогенхлорид, HCl, кислотаи қавии якасоса; маҳлули обии хлориди гидроген HCl. К. х. моеъи беранг, бӯи тез дорад. Консентратсияи аз ҳама баланди он 36% аст, зичиаш 1180 кг/м3. К. х. охирҳои а. 16 ба алхимикҳо маълум буд. Онҳо К. х.-ро ҳангоми гарм кардани намаки ош бо гил ё …

Муфассал »

КИСЛОТАҲОИ АДЕНОЗИНФОСФАТ

adenozinfosfat

КИСЛОТАҲОИ АДЕНОЗИНФОСФАТ, нуклеотидҳо, эфирҳои моно-, ди- ва трифосфати аденозин, ки аденин, карбогидрати рибоза ва як (АМФ), ду (АДФ) ё се (АТФ) боқимондаи кислотаи фосфат доранд. К. а. дар ҳамаи организмҳо (аз микроб ва растанӣ то одам) мавҷуд буда, дар мубодилаи моддаҳо ва энергия роли муҳим мебозанд. Дар ҳуҷайра доимо табаддулоти …

Муфассал »