Главная / Илм (страница 53)

Илм

ЛИПОМА

lipoma

ЛИПОМА (Lipoma; юн. lipos – чарбу ва oma – омос), омоси ғайрисаратониест, ки аз бофтаҳои чарбу инкишоф меёбад. Бештар дар занҳо дар синни 30 – 50-солагӣ ба вуҷуд меояд. Л.-ҳо бисёр вақт саршумор буда, ба таври симметрӣ ҷой мегиранд. Диаметри Л. 5 – 10 см (баъзан бештар) мешавад. Л.-и сатҳӣ …

Муфассал »

ЛИСТЕРИОЗ

listerioz

ЛИСТЕРИОЗ (Listeriosis), листереллёз, як навъ бемории сироятӣ, ки асосан бо осеби силсилаи асаби марказӣ, ғуддаҳои лимфавӣ ва тағйироти хун падид меояд. Ангезандаи Л. Listeria monocytogenes аст; он қаламчамикроб буда, спора ҳосил намекунад. Дар хок, об, ҷасади ҳайвонот афзоиш меёбад. Дар натиҷаи ҷӯшондан баъди 3 дақ., ҳамчунин зери таъсири моддаҳои гандзудо …

Муфассал »

ЛИТИЙ

litiy

ЛИТИЙ (лот. Lithium), Li, элементи химиявии гурӯҳи I ҷадвали элементҳои Менделеев; рақами ат. 3, массаи ат. 6,941; металли ишқорӣ. С. 1817 химики швед А. Арфведсон кашф кардааст. Л. металли сабук, нарм, ёзанда буда, ранги сафеди нуқрагун дорад; t гуд. 180,5°С, t ҷӯш. 1317°С, зичиаш 534 кг/м3 (20°С). Л. дар пайвастҳояш …

Муфассал »

ЛИХТСИЕР Изроил Борисович

nophoto-man

ЛИХТСИЕР Изроил Борисович (16. 07. 1905, ш. Москва – 1990, ш. Рязан), терапевт, доктори илми тиб (1947), проф. (1950), Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон (1955). С. 1929 факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии Москваро хатм намуда, ба сифати ординатор ва ходими илмии Донишкадаи биологии Москва кор кардааст. С-ҳои 1934 – 41 ассистент ва …

Муфассал »

ЛОГОПЕДИЯ

logopediya

ЛОГОПЕДИЯ (аз юн. logos – калима ва paideia – тарбия намудан), соҳаи педагогика, ки шаклҳои гуногуни нуқсони нутқро омӯхта, усулҳои пешгирӣ ва ислоҳи онро дарёфт мекунад. Л. қисми таркибии дефектология аст. Нуқсони нутқ, мас., лакнати забон, хирригӣ, манқагӣ дар натиҷаи тарбияи нодурусти маданияти нутқ ё иллати модарзоди узвҳои нутқ ба …

Муфассал »

ЛОЙҚА

loika

ЛОЙҚА, таҳнишасти мулоим, ки дар қаъри ҳавзаҳои об ҷамъ мешавад. Л. дар шароити табиӣ мулоим буда, баъди хушкидан ба ҷисми сахт табдил меёбад. Дар баъзе Л.-ҳо моддаҳои органикӣ фаровонанд. Бинобар пӯсиши моддаҳои органикӣ Л. гидрогенсулфид ҷудо мекунад. Л.-и баъзе кӯлҳо ва мурдобаҳо дар тиб барои муолиҷаи бемориҳо истифода мешавад, мас., …

Муфассал »

ЛОЙҚАШИФОӣ

loikashifoi

ЛОЙҚАШИФОӣ, пелоидотерапия, бо мақсади табобат истифода бурдани лой (пелоид)-ҳои манбаашон гуногун – торфӣ, сулфидӣ, сапропелӣ ва ғ. Лойҳои торфӣ асосан аз моддаҳои вайроншудаи органикӣ ва боқимондаи пӯсидаи растанӣ иборатанд. Таҳшинҳои лойқагие, ки асосан аз моддаҳои органикӣ таркиб ёфта, каме моддаҳои маъданӣ ҳам доранд, таҳшинҳои сапропелӣ номида мешаванд. Лойҳои сулфидӣ таҳшинҳои …

Муфассал »

ЛОК

lok

ЛОК (аз нем. lack – нахустманбаъ), маҳлули моддаҳое, ки плёнка ҳосил мекунанд. Л. барои рӯйпӯши тунук ва шаффоф, инчунин тайёр намудани рангҳои эмалӣ кор фармуда мешавад. Л. таърихи қадима дорад. Мас., дар ҳазораи дуюми то милод дар Хитой аз шираи дарахти Rhus verniciflua ва чанд аср муқаддам то милод дар …

Муфассал »

ЛОКШИНА Елена Гавриловна

lokshina

ЛОКШИНА Елена Гавриловна (тав. 11. 11. 1918, ш. Ростов), травматолог (осебшинос), доктори илми тиб (1963), проф. (1964), Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон (1967). Хатмкардаи Донишкадаи тиббии ш. Ростов (1939). Муддате дар ҳамин ҷо чун ассистент фаъолият доштааст. Иштирокчии ҶВБ. С.-ҳои 1941 – 47 духтури госпитали ҳарбӣ буд. С. 1948 ба Тоҷикистон …

Муфассал »

ЛОЛАИ МАҲМЕЗ

lolai-mahmez

ЛОЛАИ МАҲМЕЗ, растаниест бисёрсола, баъзан ду ё яксола. Барги бонавбати ду-се карат сепарра, гули сафед, зард, бунафш ё қирмизӣ ва ғӯзамеваи дарозрӯяи дуқабата дорад. Қариб 280 намуди Л. м. дар Евросиё ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудааст. Дар қаламрави ИДМ тақр. 70 намудаш вомехӯрад. Дар Тоҷикистон 14 намуди Л. м. мавҷуд …

Муфассал »