Главная / Илм / ЛИТИЙ

ЛИТИЙ

litiyЛИТИЙ (лот. Lithium), Li, элементи химиявии гурӯҳи I ҷадвали элементҳои Менделеев; рақами ат. 3, массаи ат. 6,941; металли ишқорӣ. С. 1817 химики швед А. Арфведсон кашф кардааст. Л. металли сабук, нарм, ёзанда буда, ранги сафеди нуқрагун дорад; t гуд. 180,5°С, t ҷӯш. 1317°С, зичиаш 534 кг/м3 (20°С). Л. дар пайвастҳояш яквалента аст. Ҳангоми дар оксиген ё ҳаво сӯхтан, оксид (Li2O) ҳосил мекунад.
Л. дар таркиби наботот ва бофтаҳои гуногуни одаму ҳайвонот мавҷуд аст. Аҳамияти биологии Л. пурра омӯхта нашудааст. Ба сифати дору баъзе намакҳои он (мас., карбонати литий, оксибутирати литий ва ғ.)-ро кор мефармоянд; онҳо фаъолияти рӯҳгиро (психотропӣ) доранд. Хусусан карбонати литий (Lithii carbonas) бештар истифода мегардад. Онро барои истеъмол (баъди хӯрок) рӯзе 3 – 4 маротиба таъин мекунанд. Вояи дору ба таври фардӣ интихоб карда мешавад. Таъсири номатлуби доруҳои Л. дар шакли тремор, ҳисси хастагӣ, атаксия, хоболудӣ, ташнагӣ, исҳол, ихтилоли кори дил ба мушоҳида мерасад. Аз сабаби он ки ионҳои Л. ба воситаи шири модар хориҷ мешаванд, имкон дорад дар кӯдаки синамак заҳролудӣ ба вуҷуд ояд. Доруҳои Л.-ро фақат духтури психиатр таъин мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …