ЛОК

lokЛОК (аз нем. lack – нахустманбаъ), маҳлули моддаҳое, ки плёнка ҳосил мекунанд. Л. барои рӯйпӯши тунук ва шаффоф, инчунин тайёр намудани рангҳои эмалӣ кор фармуда мешавад. Л. таърихи қадима дорад. Мас., дар ҳазораи дуюми то милод дар Хитой аз шираи дарахти Rhus verniciflua ва чанд аср муқаддам то милод дар Миср дар асоси каҳрабо Л. тайёр карда мешуд. Л.-ҳо вобаста ба навъи плёнкае, ки ҳосил мекунанд, битумӣ, равғанӣ, алкидӣ, полиуретанӣ, эпоксидӣ, полиэфирӣ ва ғ. мешаванд.
Л. дар атсетон, уайтспирт, метилатсетат, бутилатсетат, этилатсетат, скипидар, хлорбензол, ксилол, толуол, стирол ва ғ. ҳал мешавад. Ва маҳз ин гуна ҳалкунандаҳо ҳангоми сару кор гирифтан бо онҳо боиси заҳролудӣ шуда метавонанд. Заҳролудӣ аз чунин моддаҳо шадид ва музмин мешавад. Падидаҳои заҳролудӣ гуногун мебошанд. Мас., ҳангоми заҳролудӣ аз спирти метил ва трихлорэтилен силсилаи асаби марказӣ осеб меёбад; заҳролудӣ аз бензол ва толуол боиси зарар дидани хун ва узвҳои хунофар мешавад. Дар натиҷаи ба пӯсти бадан расидани Л. он хоришу сӯзиш мекунад, дурушт шуда мекафад.
Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ дар таркиби Л. бояд моддаҳои зиёновар кам карда шаванд. Ҷои корро ҳамеша шамол дода, аз либосҳои махсус, противогаз, респиратор, айнак ва ғ. истифода бурдан лозим аст. Дар чунин коргоҳҳо истеъмоли ғизо манъ аст. Занҳои ҳомиларо барои кор бо Л. роҳ намедиҳанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …