Главная / Илм / ЛИСТЕРИОЗ

ЛИСТЕРИОЗ

listeriozЛИСТЕРИОЗ (Listeriosis), листереллёз, як навъ бемории сироятӣ, ки асосан бо осеби силсилаи асаби марказӣ, ғуддаҳои лимфавӣ ва тағйироти хун падид меояд. Ангезандаи Л. Listeria monocytogenes аст; он қаламчамикроб буда, спора ҳосил намекунад. Дар хок, об, ҷасади ҳайвонот афзоиш меёбад. Дар натиҷаи ҷӯшондан баъди 3 дақ., ҳамчунин зери таъсири моддаҳои гандзудо маҳв мешавад.
Манбаи ангезандаи Л. ҷонварони ваҳшӣ (паррандаҳо, гургу рӯбоҳ, ҳайвоноти сумдор) ва хонагӣ (хук, моли калон, бузу гӯсфанд), сагу гурбаҳо ва ғ. мебошанд. Л. дар ҳайвонот сабук ҷараён меёбад, вале онҳо ангезандаҳои бемориро муддати зиёд хориҷ мекунанд (бо шир, пешоб, ахлот, луоби бинӣ, оби бачадон).
Одам ҳангоми истеъмоли обу ғизои олуда бо ангезандаҳо ё нафас гирифтани чанге, ки дар он микробҳо мавҷуданд, сироят меёбад. Ҳолатҳои ба Л. гирифтор шудани коргарони корхонаҳои саноати гӯшт ва шир низ ба мушоҳида мерасанд. Листерияҳо ба организми одам аз ҷойҳои осебёфтаю харошхурдаи пӯст ворид мешаванд. Л. хусусан охири баҳор ва тобистон авҷ мегирад.
Давраи ниҳонии беморӣ 3 – 45 (аксар 18 – 20) рӯз аст. Л. шаклҳои гуногун дорад (ангиозосептикӣ, ғадудӣ, асабӣ, тифӣ, омехта). Л. ба таври шадид оғоз ёфта, ҳарор. баланд (39 – 40°) мешавад, сар дард мекунад, бемор сусту беҳолат гашта, мушакҳо ва банду буғум месӯзад, дилбеҳузурӣ ва қай рух менамояд. Мумкин аст чашм ва рӯй сурх шавад. Баъди 5 – 7 рӯз дар бадан ҳасба медамад. Дар мавриди Л.-и асаб, ки бо аломатҳои сарсом падид меояд, ғуддаҳои лимфавии мавзеӣ калон мешаванд. Давраи табу тасфи Л.-и тифӣ дуру дароз буда, дар тан ҳасба медамад, ҷигар ва сипурз калон мешавад. Л. имкон дорад, ки оризаҳои гуногун – пневмония, эндокардит, уретрит ва ғ. боқӣ гузорад.
Л. дар кӯдакони навзод низ ба мушоҳида мерасад. Онҳо асосан ҳангоми дар батни модар буданашон сироят меёбанд. Дар натиҷа кӯдак пеш аз мӯҳлат ба дунё омада, бисёр вақт мефавтад.
Л.-ро бо антибиотикҳо ва сулфаниламидҳо табобат мекунанд, дар мавриди зарурат доруҳои кортикостероидӣ таъин менамояд.
Бо мақсади пешгирии Л. ҳайвоноти касалро бармаҳал ошкор ва табобат кардан лозим аст; манбаи бемориро дезинфексия мекунанд. Ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ риоя кардан лозим. Шири ҳайвони касалро бояд ҷӯшонд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …