Главная / Илм / ЛОКШИНА Елена Гавриловна

ЛОКШИНА Елена Гавриловна

lokshinaЛОКШИНА Елена Гавриловна (тав. 11. 11. 1918, ш. Ростов), травматолог (осебшинос), доктори илми тиб (1963), проф. (1964), Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон (1967). Хатмкардаи Донишкадаи тиббии ш. Ростов (1939). Муддате дар ҳамин ҷо чун ассистент фаъолият доштааст. Иштирокчии ҶВБ. С.-ҳои 1941 – 47 духтури госпитали ҳарбӣ буд. С. 1948 ба Тоҷикистон омада, дар Донишкадаи давлатии тиббӣ ба ҳайси ассистент ба кор оғоз намуд. Аз с. 1958 то 1969 мудири кафедраи травматология ва ортопедия буд. Дар мавзӯи «Мушоҳидаҳои таҷрибавӣ ва клиникӣ оид ба тармими нуқси пайҳо» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Дар тӯли 10 соли роҳбарии ӯ ба кафедра 40 наф. духтурони осебшинос тарбия ёфтанд. Фаъолияти минбаъдааш дар Донишкадаи тиббии ш. Ростов гузаштааст. Аз мутахассисони варзидаи бемории остеомиелит ба шумор меравад. Соҳиби беш аз 80 таълифот аст.
Ос.: О врожденной гемолимфоангиосаркоме, Сталинабад, 1952; Комплексный метод лечения гематогенного остеомиелита, Сталинабад, 1953; Аллопластика сухожилей, Ленинград, 1964.

Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …