Главная / Илм / ЛИХТСИЕР Изроил Борисович

ЛИХТСИЕР Изроил Борисович

nophoto-manЛИХТСИЕР Изроил Борисович (16. 07. 1905, ш. Москва – 1990, ш. Рязан), терапевт, доктори илми тиб (1947), проф. (1950), Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон (1955). С. 1929 факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии Москваро хатм намуда, ба сифати ординатор ва ходими илмии Донишкадаи биологии Москва кор кардааст. С-ҳои 1934 – 41 ассистент ва дотсенти Донишкадаи тиббии Москва, 1941 – 45 сартерапевти госпитали ҳарбӣ дар ш. Омск, 1946 – 48 ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи терапияи Академияи илмҳои тибби СССР буд. Аз с. 1949 то 1961 сарварии кафедраи бемориҳои дарунии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба ӯҳда дошт. Фаъолияти минбаъдааш дар Донишкадаи тиббии ш. Рязан гузаштааст.
Дар бораи паҳлӯҳои гуногуни амрози узвҳои дохилӣ зиёда аз 60 таълифоти илмӣ дорад. Тадқиқоташ махсусан бобати муолиҷаи бемории гипертония, синдроми шушу дил, амрози рефлексӣ сазовори баҳои баланди мутахассисон гардидааст.
Ос.: Гипертоническая болезнь, М., 1950; Вопросы рефлекторной патологии, Сталинабад, 1952; Субтропические анемии Таджикистана, Сталинабад, 1954.

Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …