Главная / Илм / ЛИПОМА

ЛИПОМА

lipomaЛИПОМА (Lipoma; юн. lipos – чарбу ва oma – омос), омоси ғайрисаратониест, ки аз бофтаҳои чарбу инкишоф меёбад. Бештар дар занҳо дар синни 30 – 50-солагӣ ба вуҷуд меояд. Л.-ҳо бисёр вақт саршумор буда, ба таври симметрӣ ҷой мегиранд. Диаметри Л. 5 – 10 см (баъзан бештар) мешавад. Л.-и сатҳӣ (зерипӯстӣ) мулоим буда, ҳаракат мекунад; дард надорад.
Л.-ро бо ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Фарҷоми беморӣ хуб аст, вале ҳангоми пурра гирифта напартофтани он мумкин аст ягон ориза ба вуҷуд ояд. Ниг. низ Омосҳо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …