Главная / Илм / ЛОЛАИ МАҲМЕЗ

ЛОЛАИ МАҲМЕЗ

lolai-mahmezЛОЛАИ МАҲМЕЗ, растаниест бисёрсола, баъзан ду ё яксола. Барги бонавбати ду-се карат сепарра, гули сафед, зард, бунафш ё қирмизӣ ва ғӯзамеваи дарозрӯяи дуқабата дорад. Қариб 280 намуди Л. м. дар Евросиё ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудааст. Дар қаламрави ИДМ тақр. 70 намудаш вомехӯрад. Дар Тоҷикистон 14 намуди Л. м. мавҷуд буда, дар байни онҳо C. ledobouriana (дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва баландкӯҳии ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ ғайр аз Помири Ғарбӣ) ва С. severtzovii (дар Тоҷикистони Шимолӣ) бештар паҳн шудаанд. Пиёзаки намудҳои мазкур алкалоидҳои протопин, сангвинарин ва аллокриптолпин дорад. Сангвинарин таъсири хуби зиддимикробӣ дошта, барои табобати захмҳои фасоддор, осеби пӯст ва луобпардаҳо, экзема, илтиҳоби фасодноки гӯш, гайморити музмин, колпити трихомонадӣ, эрозияи гарданаи бачадон ва диг. бемориҳо тавсия шудааст. Ҷӯшоби барги С. severtzovii дар тибби халқӣ барои муолиҷаи латма ва шикасти устухон истифода мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …