Главная / Илм / ЛОЙҚА

ЛОЙҚА

loikaЛОЙҚА, таҳнишасти мулоим, ки дар қаъри ҳавзаҳои об ҷамъ мешавад. Л. дар шароити табиӣ мулоим буда, баъди хушкидан ба ҷисми сахт табдил меёбад. Дар баъзе Л.-ҳо моддаҳои органикӣ фаровонанд. Бинобар пӯсиши моддаҳои органикӣ Л. гидрогенсулфид ҷудо мекунад. Л.-и баъзе кӯлҳо ва мурдобаҳо дар тиб барои муолиҷаи бемориҳо истифода мешавад, мас., Л.-и Оқсукон, Танобчӣ ва ғ.
Ниг. низ Лойқашифоӣ, Гилдармонӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …