Главная / Илм / ЛОЙҚАШИФОӣ

ЛОЙҚАШИФОӣ

loikashifoiЛОЙҚАШИФОӣ, пелоидотерапия, бо мақсади табобат истифода бурдани лой (пелоид)-ҳои манбаашон гуногун – торфӣ, сулфидӣ, сапропелӣ ва ғ. Лойҳои торфӣ асосан аз моддаҳои вайроншудаи органикӣ ва боқимондаи пӯсидаи растанӣ иборатанд. Таҳшинҳои лойқагие, ки асосан аз моддаҳои органикӣ таркиб ёфта, каме моддаҳои маъданӣ ҳам доранд, таҳшинҳои сапропелӣ номида мешаванд. Лойҳои сулфидӣ таҳшинҳои органикию минералии обанборҳои шӯранд, ки миқдори зиёди сулфид (аз ҷумла сулфиди оҳан) доранд. Моддаҳои лоймонанд (парафину озокерт) бо хусусиятҳои физикиашон ба лойҳо наздиканд.
Лойҳои гармкардаи табобатӣ гармиро дер нигоҳ дошта, онро тадриҷан ба бадан медиҳанд. Байни лой ва пӯсти бемор қабати тунуки ҳавою газ ба вуҷуд меояд ва ба туфайли ҳамин қабат ба гармии он тоқат кардан мумкин аст. Ҳол он ки ба чунин ҳарорат дар об тоқат кардан имконнопазир мебошад. Ғайр аз омили гармӣ (омили асосӣ) ҳамчунин ангезиши химиявии пӯст ва таъсири сулфиди гидроген, аммиак ва баъзе моддаҳои газмонанди таркиби лой, ки ба воситаи пӯст ба организм мегузаранд, аҳамияти калон доранд. Лои табобатӣ нӯги асабҳои пӯстро ангехта, ба таври рефлексӣ ба воситаи марказҳои олии асаб ба фаъолияти системаи асаб, гардиши хун, ғадудҳои тарашшӯҳи дарунӣ, мубодилаи моддаҳо ва ғ. таъсир мерасонад. Л. ба беҳтар шудани гардиши хун дар ҷои осебдидаи бадан, ҷаббиши манбаи газак, мубодилаи моддаҳо, эътидоли фаъолияти ғадудҳои тарашшӯҳи дарунӣ мусоидат мекунад.
Дар аснои Л. лойқаи табобатиро ба тамоми бадани бемор (ба ғайр аз сар ва болои дил) ё ба ҷойҳои алоҳидаи бадан мемоланд. Усули охирӣ бештар истифода мешавд.
Беморро ба болои кати махсус хобонда, пас аз гузоштани лой ӯро мепечонанд. Баъди ба охир расидани проседура лойро мегиранд, боқимондаи он аз бадан дар зери душ (36 – 37°С) шуста мешавад. Барои табобати баъзе бемориҳо ба истилоҳ Л.-и ҷавфиро истифода мебаранд: барои бемориҳои занона фатилаи лоиро ба маҳбал, барои бемориҳои урологии мардон фатилаи лоиро ба рӯдаи рост медароранд. Як навъи Л. гилдармонӣ аст. Дар ин маврид аз гилҳои равғанин ва мулоим истифода мебаранд: онро аввал хушк ва аз омехтаҳо тоза карда, бо маҳсули 10-фоизаи намаки ош то марҳаммонанд шуданаш меомезанд. Гили гармкардаро ба ҷойҳои зарардидаи бадан мемоланд.
Парафин ва озокерт (муми кӯҳӣ) дар амалияи физиотерапия фаровон истифода мешаванд. Онҳо гармиро кам гузаронда, бисёртар ба худ мегиранд ва бо мурури хунук ва ҳаҷман хурд шуданашон ба бофтаҳои зери худ фишор меоранд. Парафин ва озокеритро ҳамчун моддаи гудохта бо ҳарорати муайян ба бадан гузошта, болояшро бо кӯрпа мепӯшонанд. Баъди анҷоми проседура ба пӯст вазелин, спирт ё одеколон молида мешавад. Парафин ва озокеритро чун ваннача ва ниқоб низ истифода мебаранд.
Л.-ро дар курортҳое, ки дар наздикии конҳои лой ҷойгиранд, дар шифогоҳҳои махсус, инчунин дар шӯъбаҳои физиотерапевтии беморхонаҳо, поликлиникаҳо, санаторияҳо ва диг. муассисаҳои табобатию профилактикӣ (ба он ҷо лой оварда мешавад) мегузаронанд. Лойро барои табобати бемориҳои музмин ва осеби устухон, мушак ва буғум, системаи асабҳои канорию марказӣ, газаки музмини узвҳои ҷинсии занону мардон, барои табобати баъзе бемориҳо ва илтиҳоби ҷавфи шикам истифода мебаранд.
Л. ба организм таъсири пурзӯр мерасонад. Бинобар ин онро фақат бо таъиноти духтур ва зери назорати ӯ гузарондан лозим аст. Ҳангоми баъзе бемориҳои дил, рагҳои хун, гурда, ҷигар, омосҳо ва тамоюл ба хунравӣ Л. метавонад аҳволи беморро бад кунад. Дар аснои Л. ба қоидаҳои муқарраршуда қатъӣ риоя кардан зарур аст. Баъди проседураҳо дар катчаи хонаи истироҳат 30 – 40 дақ., фаслҳои хунуки сол бошад, аз ин ҳам зиёдтар истироҳат бояд кард. Баъди ба палата ё ба хона омадан, боз 1 – 2 соат дароз кашидан лозим аст. Дар давраи табобат бо лой аз хунукхӯрӣ (дар обанборҳои хунук оббозӣ кардан ва ғ.) ва кори ҷисмонӣ худдорӣ бояд кард. Бо шиками гурусна низ ба муолиҷа шурӯъ кардан ҷоиз нест; (баъд аз 2 – 3 соати таом хӯрдан беҳтар аст). Баъзан баъди аввалин проседура бемор хаставу заиф ва дард сахттар мешавад (ба истилоҳ тазоҳуроти балнеологӣ), вале рӯзҳои минбаъда, одатан, ин гуна эҳсоси нохуш бартараф мегардад

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …