Главная / Илм (страница 51)

Илм

ЛИБОС

libos

ЛИБОС, номи умумии чизҳое, ки инсон мепӯшад. Л. тани одамро аз таъсири муҳит муҳофизат карда, ҳарорати баданро дар як дараҷаи муайян нигоҳ медорад. Ба мафҳуми Л. каллапӯш, пойафзол, дастпӯшак ва ғ. дохил мешаванд. Асбоби зинат ба Л. танҳо чизи иловагист. Л. баробари иқоматгоҳ ҳамчун яке аз василаҳои муҳофизат аз таъсири …

Муфассал »

ЛИЗОГЕНИЯ

lizogeniya

ЛИЗОГЕНИЯ, ҳамзистии бактерияҳо ва бактериофагҳо. Дар мавриди Л. бактериофаг қисми ҳуҷайраи инкишофаш мӯътадили бактерия маҳсуб мешавад. Ҳангоми Л. кислотаи нуклеинати бактериофаг ба таркиби хромосомаи бактерияҳо гузошта, якҷоя бо он таҷдид меёбад. Дар натиҷа сафедаҳое ҳосил мешаванд, ки дар бактерияҳо – ҳомил як қатор хусусиятҳои нав ба вуҷуд меоранд (мас., дараҷаи …

Муфассал »

ЛИЗОСИМ

lizosim

ЛИЗОСИМ (аз юн. lysis – ҳалшавӣ ва zyme – туршонӣ), мурамидаза, ферментест аз гурӯҳи гидролазаҳо. Л. девораи ҳуҷайраи бактерияҳоро вайрон карда, боиси ҳал (лизис) гаштани он мешавад. Л.-ро с. 1922 А. Флеминг кашф кардааст. Л. дар ашк, балғам, луоб, зардоб, плазмаи хун, шири занҳо, луобпадраи бинӣ, сипурз, ҷигар мағзи устухон, …

Муфассал »

ЛИЗОСОМАҲО

lizosomaho

ЛИЗОСОМАҲО, яке аз унсурҳои ҳуҷайра. Қутрашон 0,2 – 2,0 мкм буда, бо парда фаро гирифта шудаанд. Дар ҳуҷайра садҳо Л. вуҷуд доранд. Вазифаи асосии Л. дегидрататсияи ферментии макромолекуллаҳо ва органеллаҳои ба ҳуҷайраҳо роҳёфта мебошад. Л.-и нахустин дар дастгоҳи Голҷи ҳосил мешаванд. Пайдоиши баъзе бемориҳо ба нуқси генетикии ферментҳои лизосомӣ вобаста …

Муфассал »

ЛИКВОРЕЯ

likvoreya

ЛИКВОРЕЯ (Liquorrhoea; аз лот. liquor – моеъ ва юн. rhoe – ҷорӣ шудан), шоридани моеъи ҳароммағз (ликвор) аз бинӣ, гӯш, сӯрохи захм ва диг. нуқсонҳои косаи сар ё сутунмӯҳра, ки сабаби он осеб ёфтани пардаи сахти майна аст. Моеъе, ки шорида меояд, одатан, ранги шаффоф дорад; баъзан он омехта бо …

Муфассал »

ЛИМУ

limu

ЛИМУ (Citrus limon), растаниест бисёрсолаи субтропикӣ. Дарахташ 3 – 7 м қад мекашад. Шохҳояш хордор (баъзан бехор), баргаш ғафс, дарозрӯя, гулаш сафеди хушбӯй, мевааш тухмшакл, баъзан мудаввар, сероб, турш. Л.-ро барои тархурӣ (махсусан бо чой), тайёр кардани мураббо, нӯшоба, ҷем, компот, мармалод, қанд ва ғ. истифода мебаранд. Дар таркиби он …

Муфассал »

ЛИМФА

limfa

ЛИМФА (аз лот. Lympha – оби тоза, намӣ), моеи беранги шаффоф, ки таркибаш ба плазмаи хун монанд буда, аз он бо камии сафедаҳо фарқ мекунад. Реаксияи Л. ишқорист (Рн 7,35 – 9,0), зичиаш 1,017 – 1,026. Л. ҳуҷайраи бофтаҳоро бо ғизо таъмин карда, маҳсули мубодилаи моддаҳоро хориҷ менамояд. Пайдоиши Л. …

Муфассал »

ЛИМФАДЕНИТ

limfadenit

ЛИМФАДЕНИТ (Lymphadenitis; аз лимфа ва юн. aden – ғадуд), газаки уқдаҳои лимфвиро гӯянд. Уқадҳои лимфавӣ қад-қади рагҳои лимфавӣ ҷой гирифта, вазифаи сад (барйер)-ро иҷро мекунанд (моддаҳои зарарнок ва микробҳои касалиовари ба лимфа дохилшударо бозмедоранд). Вобаста ба фаъолияти микробҳо ва ҳолати организм микробҳои беморизо баъди роҳ ёфтанашон ба уқдаҳои лимфавӣ нобуд …

Муфассал »

ЛИМФАНГИИТ

limfangit

ЛИМФАНГИИТ (Lymphangiitis; аз лимфа ва юн. angeion – раг), илтиҳоби рагҳои лимфа. Л.-и шадид бисёр вақт ҳамчун оризаи бемориҳои илтиҳобии римноки дасту по инкишоф меёбад (захму яраи сироятнок, пучак, хасмол, флегмона ва ғ.). Л. шабакавӣ (илтиҳоби рагҳои лимфавии хурд) ва бунёдӣ (илтиҳоби як ё чанд раги нисбатан калон) мешавад. Беморон …

Муфассал »

ЛИМФАНГИОМА

limfangioma

ЛИМФАНГИОМА (Lymphangioma), омоси ғайрисаратонӣ, ки аз рагҳои лимфавӣ ташаккул меёбад. Бисёр вақт дар кӯдакони ширмак ба мушоҳида мерасад, вале дар калонсолон низ метавонад пайдо шавад. Л. асосан дар пӯст ва насҷи зери пӯсти рӯй, гардан, чини каш ба мушоҳида мерасад. Дар баъзе мавридҳо он метавонад дар узвҳои дарун низ инкишоф …

Муфассал »