Главная / Илм / ЛОГОПЕДИЯ

ЛОГОПЕДИЯ

logopediyaЛОГОПЕДИЯ (аз юн. logos – калима ва paideia – тарбия намудан), соҳаи педагогика, ки шаклҳои гуногуни нуқсони нутқро омӯхта, усулҳои пешгирӣ ва ислоҳи онро дарёфт мекунад. Л. қисми таркибии дефектология аст.
Нуқсони нутқ, мас., лакнати забон, хирригӣ, манқагӣ дар натиҷаи тарбияи нодурусти маданияти нутқ ё иллати модарзоди узвҳои нутқ ба вуҷуд меоянд. Аз ин рӯ, логопед (омӯзгоре, ки нутқро ислоҳ мекунад) ва духтур дар рафъи нуқсони нутқ, одатан, ҳамкорӣ мекунанд. Баъзан кӯдакро аз сақавӣ танҳо бо ёрии машқҳои логопедӣ наҷот додан мумкин аст.
Ислоҳи нуқсони нутқи кӯдакро аз хурдсолӣ сар кардан лозим аст. Зеро то ба мактаб рафтани ӯ нутқ бояд саҳеҳ гардад. Дар боғчаҳои бачагон гурӯҳҳои тайёрӣ ташкил шудаанд, ки бачагонро ба мактаб омода мекунанд (дар ин гурӯҳҳо ба инкишофи нутқи онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад); барои кӯдакони нутқашон нуқсдор боғчаю мактабҳои махсус, беморхонаю пунктҳои логопедӣ мавҷуданд. Баҳри мустаҳкам кардани натиҷаҳои дар беморхона ба даст оварда нутқи кӯдакро минбаъд мунтазам машқ бояд дод. Аз ин сабаб дар машғулиятҳои кушодаи беморхона волидайнро ба машқҳои одии логопедӣ шинос мекунанд. Бояд дар хотир дошт, ки нутқи кӯдакро ҳарчи барвақт ислоҳ кунанд, натиҷааш ҳамон қадар хуб мешавад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

ВУЛҚОНҲО

ВУЛҚОН ЧИСТ?

ВУЛҚОНҲО Ҳарорати он то + 1500°С мерасад, дар сатҳи замин 900-1200°С ташкил меқунад ва оҳиста …