Главная / Илм (страница 52)

Илм

ЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗ

limfogranulematoz

ЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗ (Lymphagranulomatosis), бемории Хоҷкин, омоси саратонии бофтаи лимфавӣ. С. 1832 духтури англис Т. Хоҷкин кашф намудааст. Дар ҳама синну сол дучор меояд. Сабаби пайдоиши беморӣ номаълум аст. Л. аз чаҳор давра иборат аст: давраи I – осеб ёфтани ғуддаҳои лимфавӣ дар як ё ду мавзеи омехта; давраи II – осеб …

Муфассал »

ЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗИ ЗӯҲРАВӣ

khlamidiya

ЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗИ ЗӯҲРАВӣ, лимфогранулематози қадкашак, як навъ бемории зӯҳравӣ, ки хламидияҳо ба вуҷуд меоранд. Сироят асосан бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Давраи ниҳонии маризӣ 1 – 2 ҳафта аст. Ҳангоми маризӣ дар аъзои таносул обилачаҳо, эрозия, папулаҳо пайдо мешаванд. Онҳо баъди чанд рӯз худ аз худ аз байн мераванд. …

Муфассал »

ЛИМФОЛЕЙКОЗ

limfoleykoz

ЛИМФОЛЕЙКОЗ, калон шудани бофтаҳои лимфавӣ дар мағзи устухон, ғуддаҳои лимфавӣ, сипурз, ҷигар ва баъзан дар узвҳои дигар. Беморӣ дар пирсолӣ ба вуҷуд омада, дуру дароз давом мекунад. Харобӣ, сустию беҳолатӣ, хастагӣ, камиштиҳоӣ, ки тадриҷан рух менамоянд, аломатҳои Л. мебошанд. Ғуддаҳои лимфавии гардан, қадкашак, рон, оринҷ, болои қулфак калон мешаванд; онҳо …

Муфассал »

ЛИМФОМА

ЛИМФОМА (Lymphoma), омоси саратонии бофтаҳои лимфавӣ ва хунофар. Ба Л.-ҳо лимфосаркома (омоси саратонии бофтаи лимфавӣ), ретикулосаркома (омоси саратонии ҳуҷайраҳои ором), микози занбӯруғшакл, лимфогранулематоз, гранулемаи эозинофилӣ мансуб мебошанд. Ба тавассути подтанҳои моноклонӣ Л.-ҳои Т-ҳуҷайра ва В-ҳуҷайраро фарқ кардан мумкин аст. Дар бештарин мавридҳо Л. дар ғуддаҳои лимфавӣ, сипурз ва бофтаи лимфавии …

Муфассал »

ЛИМФОРЕЯ

limforeya

ЛИМФОРЕЯ (Lymphorrhea; аз лимфа ва юн. rhoe – шоридан), аз рагҳои лимфавӣ ҷорӣ шудани лимфа бинобар осеб ёфтан ё касалии онҳо. Ҳангоми осебҳои кушода аз захм моеъи шаффофи тоза хориҷ мешавад, ки минбаъд сироят ёфта тираранг мегардад. Дар ҷавфи шикам ҷамъ шудани лимфаро хилоперитонеум ва дар ҷавфи плевра гирд омадани …

Муфассал »

ЛИМФОСИТҲО

limfositho

ЛИМФОСИТҲО (Lymphocytus; аз лимфа ва юн. kytos – ҳуҷайра), як намуди ҳуҷайраҳои сафеди хун. Мансуби лейкоситҳои бедона мебошанд. Л. дар таркиби хуни одами калон 19 – 37%-и миқдори умумии лейкоситҳоро ташкил медиҳанд. Бузургии Л. аз 15 то 13 мкм аст. Л. аз ҷиҳати морфологӣ хурд (диаметрашон 5 – 9 мкм), …

Муфассал »

ЛИМФОСОРБСИЯ

limfosorbsiya

ЛИМФОСОРБСИЯ (аз лимфа ва лот. sorbere – фурӯ бурдан), яке аз усулҳои тоза кардани лимфа аз моддаҳои заҳрнок. Бо кумаки адсорбентҳо сурат мегирад. Ниг. низ Гемосорбсия.

Муфассал »

ЛИНЗАҲОИ ТАМОСӣ

linzai-tamosi

ЛИНЗАҲОИ ТАМОСӣ, линзаҳое, ки барои беҳтар шудани неруи босира истифода мебаранд. Л. т. бевосита ба рӯи ғӯзаи чашм гузошта мешаванд. Л. т.-ро аз масолеҳи шаффоф месозанд. Бино ба баъзе маълумот дар ҷаҳон 125 млн наф. одамон аз Л. т. истифода мекунанд. Аксари онҳо ҷавонони 18 – 25-сола мебошанд. То с-ҳои …

Муфассал »

ЛИПЕМИЯ

lipemiya

ЛИПЕМИЯ (Lipaemia; юн. lipos – чарбу ва haima – хун), дар хун мавҷуд будани равған. Л. баъди 3 – 6 соати истеъмоли ғизои равғанин ба мушоҳида мерасад (Л.-и ғизоӣ); Л.-и муқаррарӣ ҳангоми ҳомилагӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Л.-ро метавон дар мавриди баъзе бемориҳои ирсӣ ва ғайриирсии ихтилоли мубодилаи чарбу низ ошкор …

Муфассал »

ЛИПИДҲО

lipidho

ЛИПИДҲО (аз юн. lipis – чарбу), як гурӯҳи пайвастҳои органикӣ (моддаҳои равғанмонанд), ки сохт ва хосиятҳои гуногун доранд. Л. дар эфир, хлороформ, атсетон, бензин ва диг. ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешаванд. Л. дар бофтаҳо вуҷуд дошта, дар раванди оксиду барқароршавӣ организм иштирок мекунанд, сарчашмаи неруи ҷисм мебошанд. Фосфолипидҳо, холестерин ва эфирҳои …

Муфассал »