Главная / Илм (страница 54)

Илм

ЛОЛАХАСАК

lolahasak

ЛОЛАХАСАК (Roemeria refracta), лоласурхак, лолақазоқ, гиёҳест яксола. Аз 10 то 60 см қад мекашад. Пояаш сершохаи патдор. Баргаш калон, пармонанд. Гулаш калон, сурхи баланд, гулбаргҳояш бодбезакшакл. Апр. – май (дар ноҳияҳои кӯҳӣ июн – июл) гул карда, май – июл тухм мебандад. Дар нишебиҳои гилхоки доманакӯҳу теппаҳо, саҳро, боғ, заминҳои …

Муфассал »

ЛОМИСА

lomisa

ЛОМИСА, яке аз қувваҳои ҳисси панҷгона. Л. барои роҳ ёфтан дар торикӣ ёрӣ мерасонад, имкон медиҳад, ки нафақат мавҷудияти предмет, балки андоза, ҳарорат, намӣ, сатҳи он (ҳамвор, шахшӯл ва ғ.) муайян карда шавад. Ҳисси Л. аз маҷмӯи хабарҳое, ки ба мағзи сар аз торҳои асаб (ретсепторҳо) меоянд, таркиб меёбад. Ретсепторҳо …

Муфассал »

ЛОРДОЗ

lordoz

ЛОРДОЗ (Lordosis; юн. lordos – хамида), каҷии сутунмӯҳра, ки дар мавриди он барҷастагӣ ҷониби пеш менигарад. Л.-и мӯътадили қисми гарданӣ ва камарии сутунмӯҳра дар соли аввали ҳаёти кӯдак ташаккул меёбад. Дар аснои баъзе бемориҳо Л. бештар гашта, нуқси инкишофро мемонад (гиперлордоз). Ниг. низ Каҷшавии сутунмӯҳра.

Муфассал »

ЛОРЕНС Олег Габриэлевич

nophoto-man

ЛОРЕНС Олег Габриэлевич (тав. 23. 04. 1923, ш. Тошкент), терапевт, доктори илми тиб (1972). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1944). Лаборанти калон, ассистент ва иҷрокунандаи вазифаи мудир (1944 – 51), мудир (1951 – 67) ва дотсенти кафедраи физиологияи эътидолии ДДТТ (1967 – 94). Дар самти ошкорсозии …

Муфассал »

ЛУКАРӣ

nophoto-man

ЛУКАРӣ, Абӯлаббос Фазл ибни Муҳаммади Марвазии Лукарӣ, аз ҳукамои машҳур буда, чандин тан аз донишмандони қарни 6 ҳиҷриро тарбия ва таълим додааст. Л. шогирди Ибни Сино буда, аз таълифоти муҳими ӯ китоби «Баёну-л-ҳаққ» мебошад. Ад.: Муҳаммад Мӯъин, «Фарҳанги форсӣ», ҷ. 6, Теҳрон, 1379 ҳ. ш. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

ЛУКЯНОВ Николай Борисович

lukianov

ЛУКЯНОВ Николай Борисович (тав. 05. 11. 1938, ш. Душанбе), эпидемиолог, доктори илми тиб (1998), проф. (1999), Аълочии тандурустии ИҶШС. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1963). Духтури терапевт ва мудири беморхонаи деҳотии ноҳ. Москваи вил. Кӯлоб (ҳоло ноҳ. Ҳамадонии вил. Хатлон; 1965), роҳбари амбулаторияи сайёри чаррогоҳҳои ҶТ (1965 – …

Муфассал »

ЛӯБИЁ

lubiyo

ЛӯБИЁ (Phascolus vulgaris), растаниест яксола. Пояаш печони сершохча, баргаш сермӯяк, гулаш гулобӣ, бунафш, зардтоб ё сафеди сабзча, ғилофакаш дароз (2 – 10 тухм дорад). Л. зироати ғизоӣ ва шифобахш аст. Дони онро ба таом меандозанд, дар саноати консерву таббохӣ истифода мебаранд. Дар таркиби дони Л. сафеда, равған, оҳар, қанд, витаминҳо …

Муфассал »

ЛӯБИЁИ ХИРСАК

lubiyoi-khirsak

ЛӯБИЁИ ХИРСАК (Vikna erecta), гули гург, растаниест бисёрсола. Пояаш рост (15 – 20 см қад мекашад), баргаш дарозрӯя, гулаш бунафши сафедтоб, тоҷгулаш мехчашакл, тухмаш махрутшакли қиррадор. Апр. – июл гул карда, май – авг. мева мебандад. Л. х. дар мавзеъҳои арчазор, марғзорҳои субалпӣ ва даштҳо, юғану камолзор мерӯяд. Дар тибби …

Муфассал »

ЛЮМБАГО

lyumbago

ЛЮМБАГО (лот. lumbus – камар, миён), дарди сахти ногаҳонии миён, ки дар натиҷаи он мушакҳои камар таранг шуда, бемор наметавонад қоматашро рост нигоҳ дорад. Сабаби Л. асосан остеохондрози қурси байни мӯҳраҳои миён аст. Ниг. низ Камардард.

Муфассал »

ЛЯМБЛИОЗ

liamblioz

ЛЯМБЛИОЗ (Lambliasiasis), як навъ бемории узвҳои ҳозима, ки ламблияҳо (Lamblia intestinalis) ба вуҷуд меоранд. Лямблияҳо дар рӯдаи борик сукунат доранд. Ду шакли лямблияҳо мавҷуд аст: ҳаракатнок (дар шакли вегетативӣ) ва беҳаракат (дар шакли систа). Ламблияи ҳаракатнок 4 ҷуфт камчинак ва қурси ҷаббанда дорад, ки тавассути он ба луобпардаи рӯдаи борик …

Муфассал »